Ба гуфтаи раисҷумҳури Беларус, дар Осиёи Марказӣ мумкин аст ҷанг барои тасаллут миёни ду маркази қудрат вуҷуд дошта бошад: Амрико-Иттиҳодияи Аврупо ва Чин.
Манбаъ: Asia Plus, Тоҷикистон
БелТА, хабаргузории беларусӣ аз қавли Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус, дар мавриди вазъияти Қароқалпоқистон, менависад: "Ҷунбондани Ӯзбекистонро шурӯъ карданд. Ва имрӯз аллакай гуфтанд, ки хориҷиҳо дар ин кор даст доранд."
“Бубинед, чӣ қадар равшан аст, имрӯз на танҳо барои қаламрави пасошӯравии мо дар қисмати аврупоӣ, мубориза вуҷуд дорад. Имрӯз, мубориза барои Осиёи Марказӣ, ҷое, ки ҷумҳуриҳои шӯравии мо ҷойгиранд, оғоз шудааст. Ёдатон ҳаст, баъд аз ҳаводиси Қазоқистон гуфта будам: "Бачаҳо, Ӯзбекистон баъдӣ хоҳад буд, бубинед, дар ғафлат намонед." Мо далоили зиёдеро барои ӯзбекҳо пешкаш карда будем. Вақте инро дар яке аз иҷлосҳо гуфтам, онҳо (ӯзбекҳо) ба навъе аз ман нороҳат шуданд. Ва чӣ шуд? Ҷумҳурии Қароқалпоқ, тақрибан ниме аз Ӯзбекистон, зоҳиран ба ин баҳона ки дар Қонуни Асосӣ чизеро нодуруст мунъакис карданд ва раъйгирии Қонуни Асосӣ ҳам доранд. Бинобарин, қиём кард. На, Ӯзбекистон шурӯъ ба ҷунбидан кардааст”, гуфт раисҷумҳур Беларус гуфт.
Ба гуфтаи вай, нерӯҳои мухарриб низ аз Қазоқистон даст нахоҳанд бардошт, авзоъ дар онҷо бисёр мураккаб аст.
Лукашенко мӯътақид аст, ки дар ояндаи наздик дар Осиёи Марказӣ мумкин аст мубориза барои тасаллут миёни ду марказ қудрат ба вуҷуд ояд: Амрико-Иттиҳодияи Аврупо аз як сӯ ва Чин аз сӯи дигар.
"Осиёи Марказӣ монанди мо байни ду оташ монд. Аз як сӯ, аврупоиҳо, амрикоиҳо ва аз сӯи дигар Чин, ки кӯмаки зиёде барои бақову пойдории Осиёи Марказӣ мекунад. Ва ин ҷанг барои Осиёи Марказӣ хоҳад буд. Дар ояндаи наздик хоҳед дид. Аломатҳои ин аз қабл зоҳир шудааст,” - гуфт Лукашенко.
Пеш аз ин, Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Ӯзбекистон, дар нооромиҳое, ки 1 ва 2 июл дар Нуқус, маркази маъмурии ҷумҳурии Қароқалпоқистон рух дод, "неруҳои мутахосим" нақш доштанд.
Дафтари матбуоти раёсатиҷумҳурии Ӯзбекистон дар канали телеграми худ эълом кард, ки вай рӯзи 3 июл дар ҷамъи намояндагони Жокарги Кенес (парлумон) –и Қароқалпоқистон ин баёнияро ироа кард.
“Алорағми шароити эҷодшуда барои баёни озодонаи ақида ва иродаи шаҳрвандон бар асоси усули демократӣ ва меъёрҳои қонунӣ, бархе аз нерӯҳои мутахосим ба баҳонаи норизоитӣ аз ислоҳоти Қонуни Асосӣ, роҳи таҷовуз ва хушунатро интихоб карда ва дар садади барҳам задани субот ҳастанд ва мехоҳад вазъияти Ӯзбекистонро ноором кунанд”, - гуфт Мирзиёев.
Ба гуфтаи вай, "бо истифода аз фанновариҳои исботшуда барои интишори иттилооти ҷаълӣ, имконоти шабакаҳои иҷтимоӣ, нерӯҳои мухарриб ҳадафи мушаххасеро думбол мекунанд ва шаҳрвандонро ба фаъолиятҳои хилофи Қонуни Асосӣ ҷазб мекунанд."
Эътирозоти густурда дар Қароқалпоқистон дар авохири июн пас аз аланӣ шудани пешнависи ислоҳоти Қонуни асосии Ӯзбекистон оғоз шуд. Нусхаи ҷадиди Қонуни Асосӣ ҳазфи калимаи "мустақил" аз тавсифи мақоми ҷумҳурии Қароқалпоқ ва ҳамчунин ҳазфи ишора ба ҳаққи ҷумҳурӣ барои ҷудоӣ аз Ӯзбекистонро пешниҳод мекунад.
1 июл, ҳазорон мӯътариз ба хиёбонҳои Нуқус, пойтахти Қароқалпоқистон ва дигар шаҳрҳо омаданд. Мирзиёев ду бор ба Нуқус парвоз кард. Ӯ 2 июл дар Қароқалпоқистон вазъияти фавқулода эълом кард. Нерӯҳои изофии Горди миллии Ӯзбекистон ба ҷумҳурӣ ворид шуданд, иртибототи мобилӣ ва интернет маҳдуд шуд.
САНГАР: Прокуратураи генералии Ӯзбекистон гузориш дод, ки дар нооромиҳои шаҳри Нуқус, пойтахти ҷумҳурии худмухтори Қароқалпоқистон, 18 кушта ва 243 нафар, аз ҷумла 38 корманди пулис захмӣ шуданд.
Қароқалпоқистон 38 дарсад аз хоки Ӯзбекистонро ташкил дода, ҳудуди 2 миллион нафар ҷамъият дорад.