Хабари рӯз

Иёлоти Муттаҳида тамоми талошро мекунад то гегемонияи ҷаҳонии худро ҳифз кунад ва аз ба хатар андохтани ҷони миллионҳо нафар, ҳатто агар амрикоӣ бошанд, дареғ нахоҳад кард.

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар

Субҳ, ки аз хоб бедор мешавем, телефон ё компютерро равшан ва охирин ахборро бо як пиёла чоӣ тамошо мекунем. Кор меравем, боз сари компютер менишинем, дар роҳи хона ба фурӯшгоҳ медароем ва бо корти банкӣ пардохт мекунем. Ҳамаи ин иқдомот бидуни вуҷуди интернет, каналҳои иртиботии эмини давлатӣ ва нармафзорҳое, ки дар банкдорӣ, энержӣ ва соири ҳавзаҳо мавриди истифода қарор мегиранд, имконпазир нахоҳад буд.

Аммо оё ҳамеша ингуна хоҳад буд?

Тақобули қудратҳои ҷаҳонӣ дар фазои маҷозӣ дар ҳоли афзоиш аст. Бо таваҷҷуҳ ба ҳамалоти муваффақ ва бо диққати болои Русия ба зерсохтҳои ҳаётии Украина, Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш дар назар доранд ҳамалоти сайбериро алайҳи таъсисоти саноати барқи Русия анҷом диҳанд.

Ғарб ба думболи аз кор андохтани низоми энержии Русия аст то битавонад таъсисоти маскунӣ ва иҷтимоии ин кишварро аз энержӣ маҳрум кунад ва мардумро ба эътирозоти густурда таҳрик диҳад. Дар айни ҳол, тибқи барномаи Вашингтон, қатъи барқ бояд ба беназмӣ дар кори таъсисоти калидии идорӣ, низомӣ ва саноати дифоъӣ, бандарҳои ҳавоиву дарёӣ ва истгоҳҳои роҳи оҳан ва ҳамчунин комплекси кишоварзии Русия кӯмак кунад.

Тавсеаи чунин иқдомоти НАТО дар декабри 2022 дар тӯли бузургтарин тамриноти ҷаҳонии "Эътилофи сайберӣ - 2022" дар Эстония анҷом шуд. Беш аз 1000 нерӯи НАТО, бо иттифоқи Гурҷистон, Ирландия, Финляндия, Шветсия, Швейтсария ва Япония дар ин тамринот ширкат карданд. Ҳадаф аз ин тамринот тақвияти тавоноии ҳифозат аз шабакаҳои ин кишварҳо ва иқдоми муштарак дар фазои маҷозӣ буд. Фармондеҳи размоиш Чарлз Элиот, гуфт, ки дар чорчӯби чорабиниҳои тамринот сари гузинаҳои эҳтимолӣ барои ҳамалоти дастаҷамъӣ кор шудааст.

Будҷаи Иёлоти Муттаҳида барои соли 2023 шомили 11 миллиард доллар барои ҳамалоти сайберӣ алайҳи давлатҳои душман аст. Давлати Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико дар октябри 2022, дар асноди докториналии навшуда, кулли ҷаҳон ва фазои иттилоотии ҷаҳониро “ҳавзаи манофеъи худ” эълом кард.

Аммо савол ин ҷост, ки манофеъи дигар кишварҳо куҷо мешавад?

Дар сентябри 2022, Чин аланан Агентии амнияти миллии Иёлоти Муттаҳидаро ба анҷоми "даҳо ҳазор" ҳамлаи сайберӣ дар хоки Чин ва дуздии додаҳои маҳрамона, аз ҷумла аз як донишгоҳи таҳқиқотии давлатӣ муттаҳам кард. Ба таври куллӣ ҳамалоти сайберӣ яке аз мушкилоте аст, ки дар солҳои ахир равобити ду қудратро тира кардааст.

Дар октябри 2022, Эрон Амрикоро масъули як ҳамлаи сайберӣ донист, ки боиси ихтилол дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ (НФС) гардид. Пас аз ин ҳамла, ба гуфтаи тарафи эронӣ, сафҳои тӯлонӣ барои хариди сӯхт дар НФС-ҳои ин кишвар эҷод шуд. Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури Эрон, гуфт, ки ин ҳамла "аввалин ва охирин" нест. Пештар Эрон аз ҳамалоти сайберии Амрико ба компютерҳои таъсисоти ҳастаии худ хабар дода буд.

Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин борҳо Чин, Эрон ва Русияро ба ҳамалоти сайберӣ муттаҳам кардааст. Шояд ҷолибтарини ин иттиҳомот “ҳамлаи ҳакерҳои русӣ” ба системҳои комиссияи интихобот дар 39 аёлат аз 50 аёлати Амрико дар интихоботи раёсатиҷумҳурии 2016 бошад, ки пас аз он Доналд Трамп “бо кӯмаки Русия” пирӯз шуд. Аммо ҳеҷ кас ин иддаоро собит накард. Ҳатто Илон Маск, миллиардери маъруф, эътироф кард, ки дар ин маврид аз тарафи амрикоӣ иғроқ шудааст. Яъне худи Амрико амдан ин мавзӯъро бузург кард.

Ҳоло замоне нест қотеъона қазоват кунем, ки кадом кишвар то чӣ андоза дар ҷанги сайберӣ дахил ва муқассир аст, зеро ҳеҷ як аз изҳороти тарафайн ба таври аланӣ собит нашудааст ва ба далоили возеҳ имкони кашфи ҳақиқат вуҷуд надорад. Аммо шакке нест, ки Амрико бештар аз ҳама талошу манфиат дар ин замина дорад.

Бо таваҷҷуҳ ба ҷанги байни Украина ва Русия, ки амалан ҷанге байни Русия ва НАТО ба раҳбарии Иёлоти Муттаҳида аст, эътиқод бар ин аст, ки ҷанги сайберӣ дар ҳоли тағйири масири ҷадиде аст ва аввалин ҳадафи Вашингтон Русия хоҳад буд.

Дар доктринаи сайберии Амрико, Русия ба унвони яке аз кишварҳои душман сабт шудааст. Барои анҷоми ҳамалоти ҳакерӣ ба бахши банкиву бахши хадамот ва ҳамчунин дигар таъсисоти зерсохтии Русия, амрикоиҳо аз проекти вежаи фармондеҳии сайберии Иёлоти Муттаҳида "Артиши фанноварии иттилооти Украина" (IT Army of Ukraine) истифода мекунанд, ки дар чорчӯби он ҳам воҳидҳои махсуси сайберии неруҳои мусаллаҳи Украина ва ҳам фаъолони одии интернети украинӣ фаъолият доранд. Аммо интиқоли беназорати бадафзор ё барномаҳои зараровар тавассути Вашингтон ба ночор мунҷар ба роҳ ёфтани онҳо ба "бозори сиёҳ" ва мавриди истифодаи бештари гурӯҳҳои ҳакерии украинӣ ба мақсадҳои ҷиноӣ, аз ҷумла дар робита бо манобеъи рақамии созмонҳои байналамилалӣ ва давлатҳои алоҳида хоҳад шуд. Ин борҳо иттифоқ афтодааст. Ба унвони мисол, гурӯҳи Shadow Brokers кодҳои системи амалиётии “Windows”-ро аз Агентии амнияти миллии Иёлоти Муттаҳида дуздид ва барои эҷоди вируси боҷгири Wanna Cry истифода бурд, ки кори бисёре аз созмонҳоро дар ҷаҳон дар соли 2017 масдуд кард.

Бо дар назар гирифтани размоишҳои анҷомшудаи НАТО, дур нест дониши ба даст омада дар амал, яъне ҳамалоти сайберӣ ба зерсохтҳои ҳаётии Русия, ки боиси эҷоди фарояндҳои контролнашаванда дар фазои сайберӣ мешавад, истифода хоҳад шуд ва осеби қобили таваҷҷуҳе ба соири кишварҳо, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳад расонд. Посухи Русия дар фазои сайберӣ мунҷар ба тахриби зерсохтҳои ҳаётии Иёлоти Муттаҳида ва осеб ба бахши ғайринизомии он хоҳад шуд.

Иёлоти Муттаҳида бо ташдиди ҷанги сайберӣ ҷабҳаи ҷадидеро алайҳи Русия, Чин ё Эрон, руқабои ҷаҳонии худ мекушояд, аммо дарвоқеъ ин ҷанг бо тамоми ҷаҳон аст, зеро паёмадҳои ғамангез, аммо ношинохта ҳеҷ кишвареро канор нахоҳанд гузошт. Як ҳақиқат ғайриқобили инкор аст: зиндагӣ баъд аз ин ҳаргиз мисли қабл нахоҳад шуд...

Иёлоти Муттаҳида тамоми талоши худро мекунад то гегемонияи ҷаҳонии худро ҳифз кунад ва аз ба хатар андохтани ҷони миллионҳо нафар, ҳатто агар амрикоӣ бошанд, дареғ намекунад. Аммо ба сахтӣ метавон бовар кард, ки ҷаҳон ва болотар аз ҳама худи амрикоиҳо иҷоза диҳанд барномаҳои гурӯҳи гегемонистҳо ҷомаи ҳақиқат ба бар кунад.


Сиёсат

Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!