16 раҳбари гурӯҳҳои террористии хориҷӣ дар шимолу шарқи Афғонистон тавассути Толибон эъзом шуданд.
КУНДУЗ, 26 сентябр – Сангар, дафтари матбуоти Ҷабҳаи муқовимати миллӣ.
16 узви раҳбарии гурӯҳҳои ҳаросафгани хориҷӣ тавассути Толибон, аз манотиқи гуногун ба Кобул ва сипас ба вилоятҳои Бағлон, Кундуз ва Бадахшон мунтақил шудаанд.
Бар бунёди маълумот, Ҳоҷӣ Фурқон, раҳбари Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, Мавлавӣ Иброҳим, масъули Ҷамоати Ансоруллоҳи Тоҷикистон, Шайх Зокир, масъули Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ва Абдулҳақ Ӯйғурӣ, масъули шохаи Алқоида дар шимоли Афғонистон рӯзи сешанбе, 20 августи 2022, ба Кобул омаданд ва дар хиёбон (роҳ)-и 11 – и Вазир Акбархон дар ҳавлии Ҳоҷӣ Афзал, ки дар ихтиёри Шабакаи Ҳаққонӣ қарор дорад, се рӯзро сипарӣ карданд.
Як манбаъи мӯътабар ба гурӯҳи таҳқиқии иртибототи стратегии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мегӯяд, "онон Сироҷуддин Ҳаққонӣ, раҳбари Шабакаи Ҳаққониро мулоқот намуда ва дар мавриди пешбурди барномаҳои ояндаашон ва ин ки шабакае аз ҷангҷуёни хориҷиро дар шаш моҳи оянда ба шиддат дар шимоли кишвар қавӣ бисозанд ва 50 дар сад аз тамоми ҷангҷуёни хориҷӣ бояд дохили прусаи эъзом ба Осиёи Миёна гарданд, ба гунаи муфассал сӯҳбат карданд."
Дар ин нишастҳо Абдулҳақ аз шабакаи Ҳоҷӣ Фурқон ва Шайх Зокир аз Ҳаракати исломии Ӯзбекистон масъулияти тақвияти Алқоида ва таъмини иртиботот бо соири шохаҳои ин гурӯҳро бар ӯҳда гирифтанд.
Бар бунёди тасомим ва файсалаҳое, ки дар хонаи Ҳаққонӣ анҷом шуд, қарор аст шумори зиёде аз ҷангҷуёни хориҷӣ аз кишварҳои арабӣ ва кишварҳои минтақа вориди хоки Афғонистон шаванд.
Бояд гуфт, ки Мавлавӣ Иброҳими тоҷик минҳайси масъули умумии шабакае аз ҷангҷуёни хориҷӣ дар шимоли кишвар аз сӯи Шабакаи Ҳаққонӣ таъйин шудааст, ки бештарин иртиботро бо ДОИШ дорад.
Бар бунёди иттилооти дақиқ, Мавлавӣ Иброҳим рӯзи душанбе, 22 августи 2022, тавассути як мошини “Королла”-и шахсӣ, ки ронандаи он мавриди эътимоди Шабакаи Ҳаққонӣ буда, Кобулро ба мақсади вилояти Кундуз тарк намудааст.
Аз сӯе ҳам Мавлавӣ Иброҳим, раҳбари Ҷамоати Ансоруллоҳи Тоҷикистон ва масъули шохаи ДОИШ дар шимоли Афғонистон дар охири моҳи август дар шаҳристони Имом Соҳиб дида шудааст.
Бар бунёди мадорик ва иттилооти ба даст омада, Ҳоҷӣ Фурқон ва Абдулҳақ Ӯйғурӣ рӯзи якшанбе, 21 августи 2022, Кобулро ба мақсади шаҳристони Пулихумрии вилояти Бағлон тарк намуда ва дар қароргоҳи раёсати истихбороти Толибон дар Бағлон ба сар мебарад.
Иттилоот меофзояд, ки Шайх Зокир, масъули умумии Ҳаракати исломии Ӯзбекистон сешанбе, 23 августи 2022, тавассути ду нафар аз аъзои қитъаи хоси Бадахшон дар мошини “Королла”, марбут ба халифа Маҳбуб, раиси аркони фирқаи “Умари солис” Кобулро ба қасди Баҳораки вилояти Бадахшон тарк намудааст.
Ҳамакнун Шайх Зокир дар сохтмони дафтари пешини ҳамбастагии миллӣ ва акнун яке аз қароргоҳҳои низомии Толибон дар шаҳристони Баҳораки Бадахшон ба сар мебарад.
Мадорик ва иттилооти ба даст омадаи мӯътабар нишон медиҳад, ки қарор аст Мавлавӣ Иброҳим ба гунаи махфӣ ва аз қабл ҳамоҳангшуда бо Шабакаи Ҳаққонӣ, ба нафъи ДОИШ дар шимоли Афғонистон фаъолият кунад ва оҳиста-оҳиста аз тариқи вилояти Кундуз ва аз тариқи шаҳристонҳои марзии Тахор ва Бадахшон, заминаи нуфузи ДОИШ-ро ба кишварҳои Осиёи Миёна фароҳам намояд.
Ба ҳамин гуна қарор аст Ҳоҷӣ Фурқон ва Шайх Зокир ва Абдулҳақ Ӯйғурӣ як бахши калони Алқоидаро низ дар шимоли Афғонистон раҳбарӣ намуда ва аз ин тариқ бузургтарин таҳдид бар зидди кишварҳои ҳамсоя, минтақа ва ҷаҳонро фароҳам намоянд.
Пас аз ишғоли Афғонистон тавассути гурӯҳи Толибон, ин кишвар ба бузургтарин паноҳгоҳи амни террористони ҷаҳонӣ бадал шудааст.
Ин дар ҳолест, ки афзоиши ҳузури раҳбарон ва ҷангҷӯёни гурӯҳҳои ҳаросафган, нигаронии шадиди кишварҳои ҳамсоя, минтақа ва ҷаҳонро дар пай доштааст.