Хабари рӯз

Толибон ҳамкории худро бо як ёри қадимӣ - Иёлоти Муттаҳидаи Амрико - таҷдид мекунад

Нависанда: Маҳфуз

Иттилооти ба даст омада нишон медиҳад, ки мақомоти амрикоӣ, бахусус мудирони аршади СиАйЭй (CIA), чандин навбат бо сарони Толибон дар Кобул, Исломобод ва Қатар дидор карда ва тавофуқҳое миёни ҷонибайн ба мизбонии АйЭсАй (ISI) сурат гирифтааст.

Мавзӯъоти Шимол, ҳузури нерӯҳои вежаи СиАйЭй, эҷоди ҷабаҳоти террористон дар шимоли Афғонистон, омӯзиши гурӯҳакҳои террористӣ барои барномаҳои оянда ва эҷоди музоҳиматҳои амниятӣ барои Чин ва Русия, дар меҳвари ин дидорҳо қарор доштааст.

Қарори маълум, Толибон ба унвони муздбигирон, монанди ҳуталдороне, ки мусофирхона доранд, дар хидмати меҳмонони амрикоии худ будаанд. Давраҳои ин дидорҳо, аз қабл ва аз замони сафари Мулло Яъқуб, вазири дифоъи Толибон ба Қатар, шурӯъ шуда ва дар моҳи октябр, тавофуқоти хеле муҳимме миёни амрикоиҳо ва Толибон сурат гирифтааст. Ин дидорҳо на танҳо заминасози тавофуқот ва ҳамкориҳо миёни Толибон ва амрикоиҳо будааст, балки заминаро барои ҳузури гарм ва истихборотии Амрико низ мусоид сохтааст.

Қарори иттилооти дарзкарда, ки сиҳат ва сақми он қисман ва расман таъйид шудааст, ба таърихи шашуми моҳи октябр, дидори Кэт Елизабет, муовини оперативии СиАйЭй, Томас Вест, намояндаи Амрико барои Афғонистон ва Абдулҳақ Васиқ, раиси идораи истихборотӣ ва муовини оперативии истихбороти Толибон, ба номи Ҳафиз Маҷид, дар Кобул, дар меҳмонхонаи Серена, сурат мегирад. Қабл аз он, Елизабет Кэт бо Надим Анҷум, раиси АйЭсАй дар Ровалпинди мулоқот мекунад ва заминаи дидор бо Толибон фароҳам мешавад. Бино ба фарзияи дигар, ин мулоқот ба таърихи ҳафтуми моҳ октябр аст ва ҳанӯз амрикоиҳо ба Кобул наомадаанд. Баъдан, мулоқот миёни Вилям Бернс, раиси СиАйЭй бо генерал Қамар Баҷво дар Вирҷинияи Амрико, дар мақарри созмони СиАйЭй, сурат мегирад ва тартиботи мулоқотҳои баъдӣ бо Толибон, чида мешавад.

Дар ин мулоқотҳо рӯи маворид асосӣ, миёни ҷавониби покистониҳо ва амрикоиҳо ва мутаоқиби он, миёни Толибон ва амрикоиҳо сурат мегирад, тавофуқ мешавад то заминаҳои ҳамкории иттилоотӣ ва мизбонии нерӯҳои вежаи СиАйЭй дар шимоли Афғонистон тавассути Толибон, мусоид шавад ва пешбиниҳо ҳокӣ аз он аст, ки нерӯҳои бахши вежаи СиАйЭй, ки мухаффафи он SAD аст, низ дар шимоли Афғонистон мустақар шаванд ва контейнерҳои “конекс” (хонаҳои сайёр), ки имконот ва тасҳилоти раҳоишӣ дорад, тавассути Мулло Яъқуб, вазири дифоъи Толибон, дар охирин сафари вай ба шимол интиқол дода мешавад.

Мавзӯъе, ки чанд рӯз пеш матраҳ шуда, гӯё ин ки Толибон, васоил ва таҷҳизоти нерӯҳои амрикоиро аз фурудгоҳи низомии Багром берун мекашанд, ҳақиқат дорад, аммо на ба тарафи ҷануб бал ба шимоли Афғонистон онро фиристодаанд ва он ҳам таҷҳизот ҳассосеро, ки қаблан ба фурудгоҳи низомии Багром интиқол дода шуда ва Толибон чанде пеш онро таҳвил гирифтаанд. Маъмурияти Толибон ин буда то ин таҷҳизотро амонат дар манотиқе, ки амрикоиҳо дар шимол аҳдоферо мехоҳанд пиёда кунанд ва иҷроӣ бисозанд, бирасонанд.

 Амрикоиҳо бо ин кор мехоҳанд як проекти иттилоотӣ ва махуфро, ки абзори он терроризми байналмилалӣ аст, зери ниқоби Толибон, анҷом диҳанд ва онро иҷроӣ созанд. Ҷузиёт ва таҳлилҳо аз наҳва ва гунаи аҳдофи Амрико аз ин кор дар Афғонистон, ба таври хулоса, шомили мавзӯъоти зайл мешавад:

АВВАЛ: ҷобаҷоии бахши амалиётҳои вежаи СиАйЭй ба шимоли Афғонистон, ки байни ду то се ҳазор нафар тахмин мешавад, як тактикаи ҷадиди амрикоиҳо дар табонии наздик бо АйЭсАй ва Толибон аст. Ин воҳиди вежаи СиАйЭй, вазифаи омӯзиши нерӯҳои ҷангии гурӯҳҳои террористии хориҷиро, ки дар шимоли Афғонистон ҳузур доранд ва дорои қувваҳои муназзам ҳастанд, ба ӯҳда хоҳанд дошт. СиАйЭй талош мекунад то истиқрори ин нерӯҳо дар шимоли Афғонистон аз анзори омма пинҳон бимонад ва аз ҳамин рӯ талош мешавад то зоҳиру чеҳраҳои афроди СиАйЭй тавре айёр шаванд, то гумони ҳузури хориҷиҳо, он ҳам амрикоиҳо дар мавриди он ҷиддӣ набошад ва ҷалби таваҷҷуҳ накунад. Ин нерӯҳо бар иловаи омӯзиши гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва он ҳам дар шимоли ин кишвар, ки наздикӣ бо марзҳои Осиёи Миёна ва Чин дорад, проекти машварадиҳӣ ва роҳандозии амалиётҳои харобкоронаро дар қаламрави Чину Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, мудирият хоҳанд кард.

ДУВУМ: ороиши нерӯҳои террористие, ки дорои сунуфи мухталиф буда ва имкон медиҳад то ин нерӯҳо ҳар кадом бо қобилияти муҷаззо ва тавонмандии зарба ворид кардан ба душманони Амрико дар минтақаро дошта бошанд. Истифода аз корти гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа, таҷаммӯъи фикрӣ ва инсиҷоми физикии онҳо ва эҷоди равобити шабакавор аз аҳдофи асосии ин нерӯҳо, маҳсуб мешаванд. СиАйЭй мехоҳад бо ҳузури мустақим дар майдон, ин проектро мудирият ва назорат кунад;

СЕВУМ: кор рӯи зарба ворид кардан ба аҳдофи проекти “Як камарбанд - як ҷода” аст, ки тавассути Чин рӯи даст гирифта шудааст, то ин проект бо таҳдидҳои ҷиддии амниятӣ мувоҷеҳ шавад ва Чин натавонад қадамҳои баъдиро дар тасхири бозорҳои иқтисодӣ дар масири роҳи ин проект бардорад. Ин кор умдатан тавассути нерӯҳои террористие, ки ба номҳои мухталиф ёд мешаванд ва таҳти пӯшиши истихбороти Амрико ва чатри ҳимоятии он қарор доранд, сурат хоҳад гирифт;

ЧАҲОРУМ: эҷоди ҷабҳаи дувум ва севуми ҷанг дар варои Осиёи Марказӣ ва марзҳои шимоли Афғонистон, марҳалаи баъдии кори ин нерӯҳо хоҳад буд. Таҷаммӯъи бесобиқаи нерӯҳои террористии хориҷӣ дар шимоли Афғонистон, аз қадим гумоназаниҳои зиёдеро дар хусуси обистани таҳаввулоти муҳим дар ин минтақа, нишон медод. Масъалаи Украина барои Амрико, бисёр ҷиддӣ аст ва Русия камокон ба фишори низомӣ таъкид дорад. Ҷанг марҳалаи фарсоишӣ ба худ гирифта ва бунбаст ба вуҷуд омадааст. Барои шикастондани бунбаст, як ҷониб бояд шикастро қабул кунад. Қабули шикасти Украина ба нафъи Амрико нест. Пас бояд Русия шикаст бихӯрад то Амрико барандаи майдон шавад. Ин шикаст бо фишор аз ҷануби Русия ва аз ҳавзаи Афғонистон, муяссар аст;

ПАНҶУМ: СиАйЭй талош мекунад то бар иловаи музоҳимат ба проекти “Як камарбанд - як ҷода”-и Чин, минтақаи Вахонро аз контроли Чин берун кунад. Вахон дар шимолу шарқи Афғонистон ва муттасили минтақаи Кошғар аст, ки марзи аслӣ ва ягона роҳи убур миёни Чину Афғонистон маҳсуб мешавад ва барои ин кор қаблан бо Толибон ва Покистон кор сурат гирифта ва тавофуқ шудааст. Чунончи Кохи Сафед эълон кард, ки моҳи гузашта ҳамкории Толибон дар мубориза бар зидди терроризм пешрафтҳое доштааст. Толибон, ки ҳанӯз дар баробари нерӯҳои террористии хориҷӣ, иқдоме накардаанд. Танҳо коре, ки Толибон анҷом додаанд, интиқол террористон аз як вилоят ба вилояти дигари Афғонистон будааст. Масалан, барои феълан ба асоси фишори Чин, ки хостори иқдоми қотеъи Толибон дар баробари ӯйғурҳои террорист ва Ҷунбиши исломии Туркистони Шарқӣ шудааст, Толибон Ҳоҷӣ Абдолҳақ Ӯйғурӣ ва Ҳоҷӣ Фурқонро, ки аз сарони ҷангҷуёни ӯйғурӣ ҳастанд, аз вилояти Бадахшон ва Тахор ба вилояти Бағлон интиқол дода ва ҳардуи онҳо феълан дар меҳмонхонаи раёсати амнияти миллии Бағлон, ҳузур доранд.

Ба ҳамин тартиб, соири гурӯҳҳои террористие, ки абзори муносибе барои ин бозӣ бошанд, таҳти ҳимояти лужистикии Толибон ва манобеъи молии Покистон ба ишораи Амрико, бахусус СиАйЭй, ба майдон оварда шуда ва истифода мешаванд. Барои феълан иҷроӣ сохтани ин проект тавассути мушовирини АйЭсАй дар истихбороти Толибон, сурат мегирад.

 Тахминҳо ҳокӣ аз ҳузури ду то сесад мушовири покистонӣ дар идороти муҳими Толибон аст, ки умдатан дар вазоратҳои молия, дифоъ, дохила ва истихборот, ҳузур доранд ва ҳамакора ҳисоб мешаванд. Ин проект дар воқеъ, фазаи иҷроӣ ва амалии татбиқи барномаҳое аст, ки қаблан дар мавриди он ҳушдор дода шуда буд ва ҳадафи ниҳоии он, ноамнсозӣ ва эҷоди музоҳиматҳои амниятӣ барои Чин ва Федератифи Русия, унвон мешуд. Ҳол дида шавад, ки иқдоми баъдӣ ва ҳузури мустақими ду то се ҳазор афроди СиАйЭй дар шимоли Афғонистон, он ҳам дар таҳти ҳокимияти Иморати исломии Толибон, чӣ гуна тавҷеҳ мешавад ва чӣ тавр Толибон, ҷуръат хоҳанд кард то дубора ҳаёҳуи шикасти Амрико ва истиқлоли Афғонистонро аз он, ҷашн бигирад? Фақат гузашти замон ва равшан шудани бӯъдҳои ин бозии махуфи истихборотӣ метавонад посухи муносиб ба он бидиҳад ва бас.

Бо ин ҳол, вақте ки Амрико тамоми мутолабот ва ҳамкориҳои худро дар марҳалаи амалӣ ва иҷроӣ қарор медиҳад, Чину Русия бетафовут нахоҳад монд, яъне агар Амрико Толибонро ҳимоят ва ба расмият бишносад, бидуни тардид Чину Русия аз мухолифини Толибон ҳимоят хоҳад кард ва билъакс агар Чину Русия аз Толибон ҳимоят кунанд, Амрико аз мухолифини Толибон ҳимоят мекунад.

Бо ин бозиҳо Афғонистон бори дигар майдони рақобатҳои кишварҳо қарор мегирад ва доманаи ҷанг рӯз ба рӯз густурда шуда ва мардуми мо қурбонӣ ва кишвари мо вайронтар хоҳад гардид.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!