Хабари рӯз

Дар лобалои садои лағзиш санг, садои хафифе ба гӯшам расид, ки мегуфт “Аллоҳ, мурдам, Аллоҳ, мурдам...”

Нависанда: Тоҳо Панҷшерӣ, фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, махсус барои “Сангар”

Хабар шудем, ки душман барнома дорад зарфи се рӯз  тамоми нуқоти баландкӯҳро ишғол кунад. Мо ҳам, ки теъдоди мо бо шумули бачаҳои команду тақрибан ба бист нафар мерасид. Як рӯз пеш аз ҳамлаи душман мехостем як ошпазхонаи сангӣ бисозем, то аз боронҳо дар амон бошем. Кори сохти ошпазхона ниматамом буд, ки афроди душман ба бистараҳои чирикӣ ва тушароҳ, ки тавассути қотир ва асп интиқол медоданд, ба мо наздик шуданд. Мо пешдастӣ карда, аз душман болотар дар нуқоти муртафеъи кӯҳ боло шудем ва ҳатто тӯшаи роҳ барои як рӯз  ҳам нагирифтем. Чизе надоштем, ки бигирем. Фақат баъзе аз бачаҳо андаке талхон ва як зарф об бо худ гирифтанд.

Шаби аввал, дувум ва севум ба ҳамин гуна дар иртифооти баландкӯҳ сипарӣ шуд. Ҳар лаҳза душманро тарассуд мекардем. Фикр намекардем душман, то минтақае, ки мо ҳастем, биёяд. Аммо онҳо омодагии комил гирифта буданд, то ба баландтарин нуқтаи кӯҳ боло шаванд. Дар нуқтае, ки мо дар як шаб боло шуда будем, душман дар се рӯз боло шуд. Онҳо ҳар ҷо хаста мешуданд, таваққуф карда ва баъд аз рафъи хастагӣ дубора аз ҳамон нуқта ба самти мо ҳаракаташонро идома медоданд.

 Ногуфта намонад, ки душман аз чанд истиқомат ба сӯи нуқтаҳои баланд дар ҳаракат буд. Аз кӯҳҳои Шоба шурӯъ то кӯҳҳои Хору ва аз он тараф ҳам аз тариқи кӯталҳои Андароб низ дар ҳаракат буданд. Мо дар васат гир монда будем. На роҳи ба боло рафтан доштем ва на ҳам ба поин омадан. Ин вазъият панҷ шабонарӯз идома дошт. Мо дар нуқтае расидем, ки душман аз он тараф аз кӯтали Андароб ба кӯтали Ҳарза наздики мо шуд. Ҳар лаҳза, ки мегузашт, душман наздиктар мешуд.

Соати 9 пеш аз чошт буд, ки душман ба қуллаи Мулло Нав дар фосилаи 100-метрии мо расид. Қуллаи Мулло Нав бар нуқтае, ки мо қарор доштем, ҳоким буд. Мо ҳамагӣ, ҳар касе ҳар ҷо буд, бидуни ҳаракат санг шудем. Душман шилликҳои парогандаро оғоз кард. Мо фикр мекардем, ки шилликҳои душман ба сӯйи ҳамсангарони мо аст ва дар ҳар шиллике мо як ҳамсангари худро аз даст медиҳем. Чун мо имкони таҳаррук ва бохабарӣ аз якдигарро надоштем, ҳама гӯш шуда будем, ки чӣ вақт садои бачаҳое, ки аз чашми мо нопадид ҳастанд, баланд мешавад.

Хулоса, то соати ҳашти шаб ҳамин гуна моту мабҳут ҳар кас ба ҷойи худ будем. Душманро Худованд кӯр сохта буд, ки моро ҳаргиз надид. Теъдоде тарафи рости теппа ва теъдоде тарафи чапи теппа гир монда будем. То ин ки торикии шаб фаро расид. Мо панҷ нафар, ки дар тарафи рости теппа мавқеият доштем, бо истифода аз торикии шаб ба сӯи ягона роҳе, ки мунтаҳӣ ба чуқурии ҳавз дар қисмати поини теппаи «Боми Танов» мешуд, ҳаракат кардем ва ба самти поин рафтем.

Масире, ки мо дар он шаби торик паймудем, чунон саъбулубур буд, ки дар рӯзи равшан намешуд аз он ба саломат убур кард. Душвории лаҳзаҳои поин шуданро наметавон бо калимот баён кард. Вақте он ҷо расидем, ки фикр мекардем мушкилот тамом шуда ва ба нуқта амну роҳи ҳамвор расидаем, тоза мутаваҷҷеҳ шудем, ки ҳанӯз роҳи дароз ва сахти дигареро пешорӯ дорем ва ба истилоҳ, ҳанӯз аввали роҳ аст. Аммо бояд мерафтем. То ин ҷо ғайр аз аслиҳа ҳар чиз дигаре, ки бо худ доштем, дар афтухези он сахраҳои саршикан, афтода буд.

 Дубора роҳ афтодем. Ман пеш шудам ва ба бачаҳо гуфтам, ки думболи ман биёед ва мутаваҷҷеҳ бошед, ки душман дар атрофи мо қарор дорад, садои баланд накашед ва қадмҳоятонро бо эҳтиёт бигузоред, ки лағзиши сангрезаҳо аз зери поятон душманро хабар насозад.

Расидем ба нуқтае, ки хеле торик буд. Чунон торикӣ буд, ки ҳар чӣ талош кардем, қодир ба ташхиси роҳу чоҳ нашудем. Ногаҳон поям лағзид ва натавонистам худро идора кунам ва суқут кардам ба тарафи поин ва аз ҳуш рафтам. Вақте ба ҳуш омадам, чанд дақиқа гузашта буд ва дидам, ки танҳо ҳастам ва бачаҳо ҳамроҳам нестанд. Ёдам омад, ки ба онон гуфта будам, ки мунтазир бошанд ибтидо ман поин меравам ва баъд шумо биёед.

Мехостам, ки бачаҳоро садо бизанам, ки садои лағзиши санги бузурге дар фосилаи бистметрӣ ба гӯшам расид. Дар лобалои садои лағзиш санг, садои хафифе ба гӯшам расид, ки мегуфт “Аллоҳ, мурдам, Аллоҳ, мурдам”. Садои лағзиши санг ором шуд, садои хафифе баланд шуд, ки маро садо мезад. Садо мезад, ки “Назир куҷостӣ? Биё, мурдам. Назир зуд биё”. Мутаваҷҷеҳ шудам, ки қумандон Дастгир, муовини қароргоҳи Пешғур аст. Худро ба тарафи садо кашондам ва гуфтам, ки садоятро баланд накун, ки душман мешунавад.

Худро ба ӯ расондам, дидам, ки қумандон Дастгир сахт зарба дидааст. Бо он ки худам низ ҳолам хуб набуд, аммо қумандон Дастгирро кӯмак кардам, ки ҳаракат кунад. Чанд қадам ба ӯ шона додам ва сипас худаш тавонист сари по шавад ва роҳ биравад.

Соати 2 – и шаб буд. Дубора ба кӯтал расидем. Ман аз фарти гуруснагӣ ва ташнагӣ аз пой афтидам ва дигар тавони роҳ рафтан надоштам. Ба қумандон Дастгир ва дигар ҳамроҳонам гуфтам: “Шумо биравед, маро ҳамин ҷо бигузоред, агар омадам фардо шаб, ки торик шуд, меёям ва агар наомадам, бидонед, ки ҳамин ҷо мурдаам ва шумо ба хотири ман худро зоеъ насозед. Биравед Худо ҳофизатон!” Онон ҳар чӣ исрор карданд, ман натавонистам ва нахостам, ки бо онон ҳаракат кунам. Билохира онон маҷбур шуданд, бираванд.

Ҳамроҳонам рафтанд ва ман мондам. Мондам то, ки боз шаб шуд. Бо истифода аз торикии шаб ҳаракат кардам ба тарафи Хушканав. Дар масири роҳ яке дигар аз ҳамроҳони мо ба номи Мулло Воҷид бо ман ҳамроҳ шуд, ки низ мисл ман натавониста буд, шаби қабл худро аз соҳа берун кунад. Дохили қӯлчаҳо, ки ба болои сари рустои Манҷадор хотима меёбад, поин шудем. Дар он торикии шаб поям ба як бутаи нарм тасодум кард. Бо худ гуфтам, ки ҳамин бута «равош» аст. Баъд аз панҷ шабонарӯз гуруснагӣ равош барои мо лаззизтар аз мурғи бирён буд. Онро хӯрдем ва дубора роҳ афтодем.

Қарор буд, ки ҳамагӣ дар Кар бо ҳам якҷо шавем. Шаб севум ман онҷо расидам, аммо дидам, ки ҳеҷ кас онҷо нест. Мулло Воҷид низ хонаи ақориби худ рафт. Ҳоло аз ҳеҷ кас аҳвол надорам. Худо кунад, ки ҳамагӣ зинда бошанд ва асири душман нашуда бошанд. Ман то соат 12 – и шаб дар Кар мунтазир мондам,  то магар ҳамроҳони мо биёянд,  аммо хабаре аз онон нашуд. Билохира, ман ҳам тасмим гирифтам, ки бояд худро ба ҷое бирасонам, ки битавонам ғизое барои хӯрдан пайдо кунам...

Ман ин достонро мегӯям то ҳама бидонанд: Муқовимат идома дорад. Қомати Ҳиндукуш хам нашудааст. Ман бо ҷоҳилтарин, ваҳшитарин ва сиёҳтарин лашкари замони мо, душманони тамаддун - террористҳо - дар ҷанг ҳастам. Ман намедонам куҷо биравам ва куҷо мутаваққиф шавам, аммо медонам ва мӯътақидам, ки ба самти як ҳадафи равшан ҳаракат мекунам - озодии меҳанам. Ман ин ҳама азобро таҳаммул мекунам то фарзандонам дар оромиш зиндагӣ кунанд ва муҳиммтар аз ҳама дар як кишвари озод.

Зинда бод муқовамат!

Ҳиндукуш, пойгоҳи Пешғур, 15 сентябри 2022


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!