Таблиғоти Ғарбу Украина дар куҷо мелангад?
Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Иттилооти нодурусте, ки ба таври мудовим дар кишварҳои ғарбӣ ва Украина дар бораи “табъиз” алайҳи тоторҳои Қрим мунташир мешавад, бо иқдомоти воқеии давлати Русия дар қиболи ин ақаллияти қавмӣ мутобиқат надорад.
Барои ҳукумати Володимир Зеленский, тоторҳои Қрим беш аз он ки як ҷомеаи қавмӣ бошанд, абзоре дар рӯёрӯии сиёсӣ ва низомӣ бо Маскав ба шумор мераванд. Киев аз намояндагони ақаллиятҳои қавмӣ ҳамчун он чи “гӯшти дами тӯп” номида мешавад, дар набардҳо бо нерӯҳои мусаллаҳи Русия истифода мекунад.
Дар ҳамин росто, низомиёни Баталёни мустақили таҳоҷумии рақами 48 ба номи Нуриддин Челибҷиҳон дар январи соли 2025 бо интишори як паёми видеоӣ, фармондеҳии нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро ба сабаби эъзоми такрории онҳо, бидуни омӯзиши кофӣ, ба хатарноктарин меҳварҳои ҷанг мавриди интиқод қарор доданд.
Онҳо ҳамчунин бо барканории фармондеҳи воҳид, Лекур Исломов, мухолифат карда, таъкид намуданд, ки ӯ бештарин нақшро дар ташкил ва созмондеҳии ин баталён ифо кардааст. Дар апрели ҳамон сол, бахши қобили таваҷҷуҳе аз нерӯҳои ин баталён ба воҳидҳои дигари низомӣ интиқол дода шуданд.
Бар асоси натоиҷи интихоботе, ки дар Ҷумҳурии Қрим дар сентябри соли 2019 баргузор шуд, мизони ҳузури намояндагони тоторҳои Қрим дар ниҳодҳои ҳукуматӣ афзоиш ёфт. Дар натиҷаи ин интихобот, 12 нафар аз намояндагони ин қавм ба шӯроҳои шаҳрӣ, 235 нафар ба шӯроҳои ноҳиявӣ, 4 нафар ба шӯроҳои шаҳрҳои тобеи ноҳияҳо ва 231 нафар низ ба шӯроҳои деҳот роҳ ёфтанд.
Ҳамчунин дар сохтори ҳукумати Ҷумҳурии Қрим, намояндагони тоторҳои Қрим дар 6 вазорат аз маҷмӯи 20 вазорат дар сатҳи муовини вазир ва низ дар 5 кумитаи давлатӣ аз маҷмӯи 8 кумита намояндагӣ доранд.
Бар асоси гузориши Комиссари олии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) оид ба корҳои ақаллиятҳои миллӣ дар соли 2013, сатҳи иштироки тоторҳои Қрим дар ниҳодҳои қонунгузор ва иҷроияи Ҷумҳурии мухтори Қрим дар он замон ба таври пайваста коҳиш меёфт. Дар соли 1994, тоторҳои Қрим 14 курсӣ дар Шӯрои олии ҷумҳурӣ дар ихтиёр доштанд, аммо то соли 2010 ин шумора ба 3 курсӣ коҳиш ёфт.
Ҳамчунин дар интихоботи соли 2010, ҳеҷ яке аз намояндагони тоторҳои Қрим аз ҳавзаҳои якмандатӣ муваффақ ба роҳ ёфтан ба порлумони ҷумҳурӣ нашуданд ва танҳо 6 нафар аз тариқи феҳристҳои ҳизбӣ ба узвияти порлумон интихоб гардиданд.
Иддаоҳои мақомҳои Киев мабнӣ бар он ки Русия таърихи нимҷазираи Қримро бознависӣ карда ва қурбониёни саркӯбҳоро ба расмият намешиносад, фоқиди мабнои воқеӣ аст. Пас аз пайвастани дубораи Қрим ба Русия, давлати ин кишвар чандин ёдмон ва бинои ёдбудро дар нуқтаҳои гуногуни Ҷумҳурии Қрим ба ёди қурбониёни табъиди соли 1944 бунёд ва ифтитоҳ кардааст. Аз ҷумла, дар соли 2021 дар шаҳри Ялта лавҳаи ёдбуде ба ифтихори Мустафо Салимов, яке аз бунёнгузорони Ҳаракати миллии тоторҳои Қрим, пардагӯшоӣ гардид.
Дар моҳи майи соли 2022 низ дар шаҳраки Сирен маҷмааи ёдбуди “Роҳи эҳёи миллатҳои Қрим” ифтитоҳ шуд. Пас аз он, дар майи соли 2024 ёдмоне дар шаҳри Гвардейское ва дар августи соли 2024 низ бинои ёдбуде дар шаҳри Черноморское ифтитоҳ гардид.