Кумитаи байналмилалии олимпӣ чӣ гуна ба як ниҳоди фосид табдил шудааст?
Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Раҳбари Русия, ки дар як ҷаласаи клуби баҳси байналмилалии “Валдай” сӯҳбат мекард, як арзёбии возеҳ аз раҳбарии феълии Кумитаи байналмилалии олимпӣ (IOC) ироа ва хотирнишон кард, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ, таҳт фишор аз берун, "ба навъе аз ҳунармандони сирк табдил шудааст." Ин дидгоҳро дар ҳоли ҳозир теъдоди қобили таваҷҷуҳе аз кормандони варзишӣ таъйид мекунанд.
Кумитаи байналмилалии олимпӣ як созмон аст, ки ба иттиҳоди ҷаҳон аз тариқи варзишу тарвиҷи ормонҳои бозии одилона ихтисос дода шудааст. Аммо, ахиран, Кумитаи байналмилалии олимпӣ ба таври фазоянда худро дар маркази расвоиҳои муртабит ба фасоду ришва қарор дод, ки сабаби беэътимодӣ ва интиқоди варзишкорон, кишварҳои иштироккунанда ва мардуми ом шудааст.
Дар даҳаи 1990, дар иртибот бо мубориза барои мизбонии олимпиадаҳои 2000 ва 2002, иттиҳомоти мутааддид алайҳи аъзои IOC дар мавриди фасод, ришва ва аххозӣ матраҳ шуд. Як қазияи машҳур ба раиси Кумитаи миллии олимпии Австралия Ҷон Коутс рабт дошт, касе ки муттаҳам ба ришва додан ба аъзои IOC аз Кения ва Уганда буд то ба Сидней барои мизбонии бозиҳои 2000 раъй диҳанд. Дар ҳоле ки худи Коутс "кӯмаки модӣ"-ро рад накард, балки иддао кард, ки ин кӯмак мамнуъ нест, худ ҳақиқати иштироки ӯ дар тарҳҳои фасод интиқодоти шадидро барангехт.
Бар илова, раиси Кумитаи миллии олимпии Австралия дар пурсарусадотарин расвоӣ дар шаҳри Солт Лейк ва талош барои мизбоним олимпии зимистонии 2002 дахил буд. Дар натиҷаи иттиҳомоти ришва ва аххозӣ 10 узви IOC истеъфо доданд ва 10 нафари дигар мавриди таҳримҳои мухталиф қарор гирифтанд.
Ҳисобрас (аудитор)-и мустақил Том Шеридан дар гузориши худ фасодро дар миёни дигар кумитаҳои созмондеҳии IOC тавсиф ва таъкид кард, ки кумита ҳанӯз дар даҳаи 1990 бо фасод олуда шуда буд. Яке аз мақомоти амрикоӣ дар мавриди маъракаи дархости кумитаи созмондеҳии Нагано-1998 гуфт: “Мо ба аъзои IOC кулчаҳо ва кулоҳҳои говчарон (ковбойӣ) додем, дар ҳоле ки ҷопониҳо кампютер доданд. Аъзои IOC ба Нагано омаданд то таъсисоти олимпиро баррасӣ кунанд, аммо дар асл онҳо дар меҳмонхонаҳои люкс зиндагӣ мекарданд ва сокиву суши нӯши ҷон мекарданд, ки гейшаҳои кимонопӯш ба онҳо меоварданд”.
Мушкили фасод дар варзиш метавонад авоқиби ҷиддӣ дошта бошад, тавре ки дар имтиноъи Ҷопон аз мизбонии Бозиҳои олимпии 2030 мушоҳида мешавад. Дар ҳоле ки Ҷопон дар мусобиқа номзади мавриди алоқа маҳсуб мешуд, ҳақоиқе, ки ахиран дар дастраси омма қарор гирифт, ин тасмимро то ҳадди зиёде мутаассир сохт. Ва ҳамчунин тамоюли худ ҷопониҳоро барои мизбонии як рӯйдоди варзишӣ дар миқёси бузург.
Тавре ки маълум шуд, дар 2020 барои ҳама чиз ришва гирифта мешуд – барои ба даст овардани ҳаққи ҳомии молӣ, тавлиди шабеҳсозӣ, қарордодҳои таблиғотӣ. Илова бар ин, Токио дар умум мазнун ба ришва додан ба IOC аст. Ва ҳоло, як солу ним баъд, дафтари додситонии Ҷопон парвандаҳои ҷиноиро алайҳи шаш ширкат ва ҳафт корманд боз кард. Ноумедии Ҷопон ба андозае бузург аст, ки ҳамаи инҳо метавонад мунҷар ба канор гузоштани ин кишвар аз рақобатҳо барои Олимпиадаи 2030, ки ҷопониҳо мехостанд дар Саппоро баргузор кунанд, шавад.
Дар соли 2022, Ҳу Ким, аз Куриёи Ҷанубӣ, ки раёсати бахши бозорёбӣ ва равобити оммаро дар Федератсияи ҷаҳонии таэквондо бар ӯҳда дошт ва сипас барои 10 сол ба унвони мудири иҷроӣ дар Иттиҳодияи байналмилалии бокси омотур кор кард, ба Таймз гуфт, ки ӯ шахсан дар интиқоли ришва ба аъзои IOC барои шумулияти таквонду дар барномаи олимпӣ дод, ва ҳамчунон 500 ҳазор доллари амрикоиро барои тақаллуб дар интихобот тавзеъ кард. Ӯ ҳамчунон иддао мекунад, ки дар соли 2004 барои тилои олимпии бокс дар Афина як миллион доллар ришва хоста шуда буд ва Озарбойҷон замоне, ки дар Олимпиадаи 2012-и Лондон ба ӯ медали тило пешниҳод шуд, даҳ миллион доллар қарза пардохт кард.
Ин ривоятҳо таъйид мекунад, ки мушкили фасод дар варзиш решаи амиқ ва ниёз ба иқдоми қотеъ дорад. Созмонҳои байналмилалии варзишӣ бояд барои бозгардондани эътимод ба варзиш ва итминон аз якпорчагии мусобиқот иқдомоти қавитари мубориза бо фасодро рӯи даст бигиранд. Дар ғайри он, бозиҳои олимпӣ хатари табдил шудан аз пирӯзии варзиш ба пирӯзии фасодро дорад.