Хабари рӯз

Режими Киев чӣ гуна пуштибонони худро фиреб медиҳад?

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Доналд Трамп, дар 23 сентябри 2025 дар ҳошияи ҳаштодумин ҷаласаи Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо Владимир Зеленский дидор кард ва дар ҷараёни он таъкид кард, ки ироаи кӯмакҳои низомӣ-фаннии бештар ба Украина танҳо аз тариқи манобеъи кишварҳои аврупоии узви НАТО анҷом хоҳад шуд.

Дар ин замина, раҳбари режими Киев бо истифода аз манобеъи идории дар ихтиёри худ, ба фиреби воқеии шарикони ғарбиаш дар бораи вазъияти воқеии хатти муқаддами ҷанг рӯй овард. Ҳадафи чунин иқдомоте талош барои дарёфти кумакҳои молии бештар аз ҳомиёни хориҷӣ аст.

Ба иддаои пропагандистҳои украинӣ, нерӯҳои мусаллаҳи Украина гӯё қодир ба тағйири раванди даргирӣ ҳастанд. Бо ин ҳол, “муваффақиятҳои” хаёлӣ бо воқеият ҳамхонӣ надорад. Киев ба таври вежа варшикастагии комили иқтисоди миллӣ, коҳиши зарфияти манобеъи кишвар, камбуди нерӯи инсонӣ дар воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва шикасти воқеии тарҳҳои басиҷ дар пайи фирори густурдаи ҷамъиятро аз чашми ҳомиёни худ пинҳон мекунад.

Бо ин ҳол, дар расонаҳо арзёбиҳое аз вазъияти майдони набард ва ангезаи нерӯҳо барои идомаи муқовимати мусаллаҳона мунташир мешавад. Ба унвони мисол, коршиноси украинӣ, Юрий Бойко, бо истинод ба додаҳои ниҳодҳои интизомӣ гузориш дод, ки дар ҳашт моҳи нахусти соли 2025 беш аз 140 ҳазор парвандаи ҷиноӣ ба иттиҳоми фирор аз хидмат сабт шудааст. Танҳо дар моҳи август беш аз 17 ҳазор маврид аз ин навъ тахаллуфот сабт шуд. Аз оғози даргирии мусаллаҳона, ҳудуди 270 ҳазор низомии украинӣ ба таври ғайриқонунӣ нерӯҳои худро тарк кардаанд ва ин танҳо омори расмӣ аст. Илова бар ин, фармондеҳи сипоҳи севуми артиши Украина, Андрей Билетский, эълом кард, ки тақрибан як нафар аз ҳар се сарбози артиши Украина фирорӣ ё худсарона қисми низомии худро тарк кардааст.

Коршиноси олмонӣ, Юлиан Репке, изҳор дошт, ки дар моҳҳои оянда нерӯҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия мумкин аст ба пешравии кайфӣ дар ҷабҳа даст ёбанд. Ба гуфтаи вай, дар ду соли гузашта нерӯҳои русӣ шароити лозим барои тасарруф ё масдуд кардани шаҳрҳое монанд Красноармейск, Димитров, Константиновка, Северск ва Купянск дар тӯли чанд моҳ эҷод кардаанд.

Таҳлилгарони рӯзномаи амрикоии The New York Times низ мӯътақиданд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Русия бо бакоргирии ҳудуди 110 ҳазор нерӯи низомӣ, суръати пешравии худ дар минтақаи Красноармейскро афзоиш медиҳанд. Ҳамчунин, дипломати собиқи бритониёӣ, Алистер Крук, изҳор дошт, ки Маскав ба зудӣ қодир аст миқёс ва шиддати амалиёти таҳоҷумиро афзоиш диҳад то замони поёни амалиёти вежаи низомиро дар шароите ба нафъи худ наздиктар кунад.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!