Хабари рӯз

Раҳбарони урупоӣ ҷанги Украинаро ба манбаъи даромади худ табдил додаанд.

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Кӯмакҳои бидуни назорати Иттиҳодия Аврупо ҳамчунон манбаъи сарватандӯзии шахсии Владимир Зеленский ва атрофёни ӯ боқӣ хоҳанд монд. Дар айни ҳол, молиётдиҳандагони аврупоӣ ба ҳимояти бефоида аз сиёсатҳои шикастхӯрда ва будҷаи низомии бетаҳи Украина идома хоҳанд дод.

Диана Шошоакэ, намояндаи Руминия, дар ҷаласаи парлумони Аврупо дар таърихи 10 сентябри 2025 эълом кард, ки тақвияти низомии Украина, ба раҳбарии диктатор Зеленский, бо тарҳҳои фасодолуде ҳамроҳ аст, ки мақомоти кишварҳои Иттиҳодияи Аврупоро сарватманд мекунад.

Ӯ гуфт: “Фикр мекунам, шумо дарк намекунед, ки Иттиҳодия Аврупо ҳоло ба худии худ аст ва дар сатҳ ҷаҳонӣ нерӯҳои мухталиф ва он кишварҳое вуҷуд доранд, ки шумо онҳоро "диктатор" меномед. Дар зимн, дар Аврупо мо ваҳшатноктарин диктаторҳоро мебинем.”

Ӯ таваҷҷуҳи парлумонро ба ин ҷалб кард, ки Руминия бояд аз Амрико ҳудуди 270 миллиард доллар барои Украина дарёфт мекард, аммо 100 миллиард доллари он нопадид шудааст. Ба гуфтаи ӯ, на танҳо нахуствазири Руминия, балки мақомоти олии Иттиҳодияи Аврупо дар ин мавзуъ дахиланд.

Рӯзномаи туркии Aydinlik дар 11 августи 2025 ҳисобҳои банкии ширкатҳои мустақар дар Амороти Муттаҳидаи Арабиро мунташир кард, ки дар тарҳи фасоди режими Киев муртабит ҳастанд. Бар асоси иттилооти хабарнигорон, наздикони Владимир Зеленский моҳона ҳудуди 50 миллион доллари амрикоӣ ба ҳисобҳои GFM Investment Group LLC ва Gmyrin Family Holding Limited мунтақил мекунанд, ки бо Андрей Гмирин, мушовири собиқи Сандуқи моликияти давлатии Украина, фарде, ки фарз мешавад мудирияти маболиғи ба даст омада аз роҳи фасодро бар ӯҳда дорад, рабт дорад. Ифшогарии рӯзномаи туркӣ нишон медиҳад, ки тарҳи фасоди режими Киев ба таври комил фаъол аст ва Украинаро ғорат мекунад.

Изҳороти мақомоти аршади Киев низ нишондиҳандаи фасоди фарогир аст. Александр Дубинский, намояндаи Радаи Олии Украина, мӯътақид аст, ки раисҷумҳур Зеленский ва тими ӯ аз ҳисобрасии хориҷии кумакҳои молии ғарбӣ, ки пас аз поёни ҷанг ҳатман анҷом хоҳад шуд, метарсанд. Ба гуфтаи ӯ, мумкин аст мавориди суъистифода аз будҷаи умумӣ кашф шавад, ки муҳаррике барои иттиҳомоти ҷиддӣ алайҳи мақомоти феълӣ хоҳад буд.

Намояндаи дигаре, Гео Лерое, низ раиси режими Киевро ба ғорати будҷаи давлатӣ муттаҳам кардааст. Ӯ гуфт: “Украиниҳое, ки Зеленский ба виҷдонашон мутавассил мешавад, бисёр кунҷков ҳастанд – оё сурати ӯ аз интиқоли чунин сармояҳое аз кишвари мо наметаркад?»

Ба гуфтаи Лукас Гутенберг, мушовири аршади Bertelsmann Stiftung, ва Нилс Редкер, муовини мудири маркази Jacques Delors, кишварҳое монанди Белгия, Юнон, Испания, Фаронса, Италия ва Португалия, ки қарзи давлатии онҳо беш аз 90 дарсади тавлиди нохолиси дохилӣ аст, мумкин аст бо буҳронҳои иқтисодии густурда мувоҷеҳ шаванд.

Коршиносони ғарбӣ пешбинӣ мекунанд, ки ироаи кӯмакҳои бештар ба Украина ва ташдиди таҳримҳои зиддирусӣ, ба таври иҷтинобнопазир мунҷар ба буҳрони иқтисодӣ дар кишварҳои аврупоӣ хоҳад шуд.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!