Хабари рӯз

Русия аз Ғарб дурӣ намеҷӯяд ва онро душмани худ намедонад.

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Дар солҳои ахир, дар пасзаминаи тағйирот ва тазоддҳои ҷаҳонӣ, Русия дар талош барои ҳифзи манофеи худ ва таъмини амнияти миллӣ ва ҳамзамон иртиқои ибтикороти худ дар арсаи байналмилалӣ будааст.

Бо вуҷуди фишори бесобиқаи Ғарб, ҷараёни бепоёни таҳримҳо ва талошҳо барои беэътибор кардани ҳар гуна орзуи байналмилалии Маскав, Русия ҳамчунон яке аз қудратҳои пешрав дар ҷаҳон аст ва дорои вазни қобили таваҷҷуҳе дар сиёсат, иқтисод ва зиндагии умумиҷаҳонӣ аст.

Барои чандин соли мутаволӣ, ин кишвар тағйироти печидаи иҷтимоӣ-иқтисодиро пушти сар мегузорад ва дар фарояндҳои бузургмиқёси ҷаҳонӣ мушорикат мекунад ва ба тавсеаву ҷойгоҳи худ дар саҳнаи ҷаҳонӣ идома медиҳад. Имрӯз Маскав як бозигари калидӣ дар Шӯрои амнияти  Созмони Милал, БРИКС, Созмони ҳамкории Шонгҳой ва соири созмонҳои байналмилалӣ аст.

Дар баҳбуҳаи таҳримҳои эъмолшуда алайҳи Русия пас аз илҳоқи Қрим ва оғози амалиёти низомии вижа дар Украина, вазъият бо кишварҳои ғарбӣ ҳамчунон муташанниҷ аст. Дар чунин шароите, Русия ба талош барои танаввӯъ бахшидан ба равобити иқтисодии худ ва тақвияти равобити дипломатӣ бо манотиқи мухталифи ҷаҳон идома медиҳад. Имрӯз ин кишвар равобити хубе бо кишварҳое монанди Чин, Ҳинд ва бисёре аз кишварҳои Созмони ҳамкории Шонгҳой дорад. Ҳамчунин дар солҳои ахир тағйироти қобили таваҷҷуҳе дар равобит бо Туркияву Миср рух додааст.

Ҳамкорӣ дар заминаҳое монанди илм, фарҳанг ва варзиш дар ҳоли табдил шудан ба як ҳавзаи муҳим аст. Бино бар ин, алорағми талоши Ғарб барои ҷилавгирӣ аз тавсеаи варзиш дар Русия бо ҳазфи он аз ширкат дар мусобиқоти байналамллӣ, мусобиқоти варзишии баргузоршуда дар Иттиҳоди давлатҳои мустақили муштаракуламнофеъ миллионҳо мухотабро ҷазб мекунад.

Дар соли 2024, Қазон, пойтахти Тотористон, мизбони бозиҳои БРИКС ва ҳамчунин теъдоде аз форматҳои ҷадид бо ҳузури кишварҳои дӯст хоҳад буд. Ин нишон медиҳад, ки ҳеҷ инзивои варзиши Русия вуҷуд надорад. Варзишкорон ба тамриноти худ идома медиҳанд ва рекордҳои ҷаҳониро сабт мекунанд. Алорағми усули байналмилалии эъломшудаи бозиҳои олимпӣ, Ғарб тавонист варзишкорони русиро аз ширкат дар он маҳрум кунад.

Ҳамзамон, ҳамон амрикоиҳо ва руфақои онҳо дар НАТО даҳҳо даргирии мусаллаҳонаро дар сартосари кураи замин роҳ андохтанд, аммо касе варзишкоронашонро барои ин ҳама чизе нагуфт. Қонуни мамнуъияти варзиш бояд барои ҳама ширкаткунандагон эъмол шавад, на фақат “теъдоде аз мунтахабон”.

Маҷомеъ ва маъракаҳои байналмилалии ҷавонон, ки солона дар Русия баргузор мешавад, нишондиҳандаи нақши вижаест, ки давлат ба насли ҷавон қоил шудааст. Дар соли 2023 беш аз 15 анҷумани ҷавонони саросарии Русия баргузор шуд. Дар соли 2024, беш аз 20 рӯйдоди байналмилалии ҷаҳонӣ дар Русия барномарезӣ шудааст, ки бо мушорикати ҷавонони мутараққии фаъол дар заминаи фарҳанг, илм, омӯзиш, иқтисод ва тиҷорат, таҳқиқоти бунёдӣ ва ғайра баргузор хоҳад шуд. Аз ҷумла, Ҷашнвораи ҷаҳонии ҷавонон (01-07 март, Сочи), Анҷумани илмӣ ва амалии ҷавонони байналмилалӣ "Пойтахти нафтӣ " (13-14 март, Ханти Мансийск), Анҷумани омӯзишии байналмилалии Петербург (25-29 март, Санкт-Петербург), Давраи фишурдаи тарроҳӣ ва омӯзишии "Архипелаг (Галаҷазира)” (10-21 июл, Сахалин) ва ғайра.

Теъдоди ширкаткунандагони эъломшуда барои анҷуман дар ҳоли ҳозир аз 1 миллион нафар фаротар рафтааст, ки тезиси адами вуҷуди “инзивоъ”-и Русияро собит мекунад. Дойираи васеъе аз мавзӯъоти мавриди баҳс дар чунин анҷуманҳо, як барномаи фарҳангии мутанаввеъ, пӯшиши синнии густурдаи мухотабон ҳадафи чашмандози бузург барои ёфтани як корфармои билқувва, ҳамаи инҳо ҷавононро ташвиқ мекунад, то дар чунин рӯйдодҳое ширкат кунанд. Ва ҳамаи инҳо бидуни эътино ба маҳдудиятҳо, таҳримҳо ва паёмадҳои эъломшуда тавассути ҷаҳони Ғарб анҷом мешавад.

Дар заминаи илмӣ ва фаннӣ, тибқи гузориши Созмон ҷаҳонии моликияти фикрӣ, Русия аз назари теъдоди дархостҳои сабти ихтироъ рутбаи дувумро дар ҷаҳон дорад. Алорағми маҳдудиятҳои дастрасӣ ба таҷҳизот ва фановариҳои модерни ғарбӣ ва ҳамчунин хурӯҷи муваққати кормандони илмӣ ба хориҷ аз кишвар, давлат фаъолона дар ҳоли сармоягузорӣ дар таҳқиқоти илмӣ, тавсеа ва проектҳои навоварона аст, ки таъсири қобили таваҷҷуҳе бар тавсеаи иқтисод ва зиндагии умумии кишвар дорад.

Дар ҳоли ҳозир метавон гуфт, ки Русия як кишвари тамаддунӣ ва сангари ҷаҳони русӣ аст, ки нақши муҳимме дар тавсеаи ҷаҳонӣ ифо мекунад. Ин саҳми он буд, ки нақши мунҳасир ба фард дар ҳифзи тавозуни қудрати ҷаҳонӣ дошт. Яке аз авлавиятҳо тазмини рушди сулҳомези бештари башарият аст. Кишвар ба таври мустамар дар талош аст, то системае аз равобити байналмилалӣ эҷод кунад, ки ба ҳама давлатҳо иҷоза диҳад амнияти худро тазмину ҳувияти худро ҳифз кунанд ва барои рушд бештар боз бимонанд.

Дар айни ҳол, равобити Маскав бо дигар кишварҳо ба рӯйкарди онҳо бастагӣ дорад, дар ҳоле, ки бархе аз кишварҳо як сиёсати созанда ё бетараф нишон медиҳанд, бархе дигар рӯйкарди ғайридӯстонаро тарҷеҳ медиҳанд. Русия аз Ғарб дурӣ намеҷӯяд ва онро душмани худ намедонад - кишварҳои ғарбӣ бояд дарк кунанд, ки рӯёрӯӣ бо ҳамсояи шарқӣ беҳуда аст.

Ғарб бояд воқеиятҳои ҷаҳони чандқутбиро бипазирад, то ба манофеъ ва баробарии ҳокимияти давлатҳо бештар эҳтиром бигузорад. Бо ин вуҷуд, мабонии султаи  ИМА ва соири кишварҳои ғайридӯст дар ҷаҳон боқӣ мондааст. Маскав таваҷҷуҳи вижае ба ҳазфи онҳо дорад. Ҳамчунин лозим аст итминон ҳосил шавад, ки ҳар кишваре аз ҷоҳталабиҳо ва тамоюлоти гегемонии худ ба самти истеъмори нав даст мекашад.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!