Хабари рӯз

Истихбороти Бритониё ва Покистон бозии муштараки ҷадидеро дар Афғонистон оғоз кардаанд.

Нависанда: Андрей Серенко, раиси Маркази мутолиоти сиёсати Афғонистон (Русия)

Ҳудуди се-чаҳор рӯз пеш, ҳайате аз намояндагони Созмони истихбороти Покистон (ISI) аз Истамбул ва Анқара дидан карданд. Ба гуфтаи манобеъи афғонии ман, ки ба хубӣ бо авзоъ ошно ҳастанд, афсарони иттилоотии Покистон бо панҷ сиёсатмадори машҳури Афғонистон дар табъид, ки тақрибан намояндаи тамоми гурӯҳҳои аслии қавмӣ-сиёсии Афғонистон буданд, ҷаласоти фардӣ баргузор карданд.

Атомуҳаммади Нур, Салоҳуддин Раббонӣ, Муҳаммад Муҳаққиқ, Абдурашид Дӯстум ва Абураб Расули Сайёф аз ҷумлаи мусоҳибони фиристодагони Ай Эс Ай буданд.

Манобеъ гуфтанд, ки дар ҷараёни дидорҳои гарм дар Анқараву Истамбул, ҷосусони покистонӣ ва сиёсатмадорони афғон дар мавриди фурсатҳои ҳамкории мутақобили судманд гуфтугӯ карданд. Бавежа, покистониҳо ба таври шаффоф ба муҳоҷирони сиёсии Афғонистон дар мавриди омодагии онҳо барои кӯмак ба музокироти онҳо бо Толибони "муътадил" дар мавриди мавзӯъи ташкили як давлати эътилофӣ (ҳамашумул) дар Афғонистон ишора карданд.

Манобеъ мегӯянд: “Покистониҳо ба сароҳат эълом карданд, ки системи давлатӣ-сиёсии ҷадиди эҷодшуда тавассути Толибон ба таври куллӣ бояд ҳифз шавад, аммо метавон танзимоти қобили таваҷҷуҳе дар он эъмол кард. Ва аслитарини ин таъдилҳо як давлати эътилофӣ бо мушорикати ҳамин панҷ сиёсатмадори афғон аст, ки дар табъид ба сар мебаранд”.

Манзури покистониҳо аз Толибони “мӯътадил” он даста аз раҳбарони Толибон буд, ки натанҳо омодаи эҷоди як давлати эътилофӣ бо мушорикати бархе аз намояндагони мухолиф буданд, балки тамоюли худро ба “шунидан ва қабул кардани ҳарфи Покистон” нишон доданд. Яъне ҳамон тавр, ки Исломобод аз Кобул тақозо дорад, ки аз Толибони Покистони даст бардоред ва дар ниҳоят хати Дюрандро ба унвони марзи расмии Афғонистон ва Покистон ба расмият бишносед.

Бар асоси шоеъот, дидорҳои Туркия байни фиристодагони Покистон ва муҳоҷирони сиёсии Афғонистон ба тавофуқоти созанда мунҷар шуд. Он тур, ки забонҳои шайтонӣ мегӯянд, бо ҳадоёи молии ночиз аз ҷониби Покистон ҳимоят шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, зоҳиран тақрибан билофосила пас аз итмоми мулоқот бо дӯстони покистонӣ, Атомуҳаммади Нур маблағи болиғ бар 600 ҳазор долларро ба ҳаводорони худ дар Эрон ва теъдоде аз кишварҳои дигар интиқол додааст. Баид аст, ки ин охирин хӯрдаҳое бошад, ки собиқ “Подшоҳи Балх” пас аз гуфтугӯҳои дилпазир бо фиристодагони АйЭсАй аз худ пора кард.

Аммо ҷолибтарин нукта дар ин моҷаро ин аст, ки пеш аз гуфтугӯи ҷосусони покистонӣ бо сиёсатмадорони Афғонистон, ду афсари иттилоотии Инглис бо ҳамин оқоён Нур, Раббонӣ, Дӯстум, Муҳаққиқ ва Сайёф низ мулоқот карда буданд...

Ҳамон тур, ки манобеъи афғонии ман ишора мекунанд, чанд рӯз қабл аз ин ки фиристодагони иттилоотии Покистон дар Истамбул ва Анқара зоҳир шаванд, ду шаҳрванди бритониёӣ аз он ҷо дидан карданд. Яке аз онҳо комилан ба унвони коршиноси Афғонистон, дипломат, шарқшинос, муфассири мутахассис ва албатта, афсари истихборотӣ шинохта мешавад - ин Майкл Семпл аст. Дувумӣ шахсе ба номи Морвин - камтар шинохта шудааст, аммо дар ҳамон сифат.

Агар Семпл ба забони пашту ва форсӣ оли сӯҳбат мекунад, Морвини ирландиёӣ ба форсӣ ва ӯзбекӣ сӯҳбат мекунад. Семпл яке аз мутахассисони барҷастаи бритониёӣ дар Афғонистону Покистон ва Морвин дар умури Афғонистон, Ӯзбекистон ва Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.

Ба гуфтаи манобеъ, Семпл ва Морвин акнун тақрибан доиман дар Покистон зиндагӣ мекунанд ва аз он ҷо фақат ба Туркия, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Қатар барои баргузории ҷаласот бо сиёсатмадорони мухталифи Афғонистон ва ҳамчунин ба Лондон барои гузориш ба мофавқи худ сафар мекунанд.

Ин ду афсари боҳуши иттилоотии Бритониё як ҳафта пеш аз Туркия дидан карданд ва дар он ҷо нишасти ояндаи фиристодагони покистонии ISI бо Нур, Раббонӣ, Дӯстум, Муҳаққиқ ва Сайёфро омода карданд.

Манобеъ мегӯянд: “Инглисҳо ва покистониҳо дар Анқараву Истамбул ба таври ҳамзамон ва ба унвони як тим кор карданд. Ибтидо Семпл ва Морвин рӯи сиёсатмадорони афғон кор карданд ва онҳоро мутақоид карданд, ки дар гуфтугӯи оянда бо руфақои худ аз Исломобод эҳтиёт ва созанда нишон диҳанд. Ва сипас покистониҳо муваффақияти муқаддамотии музокиротиро, ки Бритониё ба даст оварда буд, тасбит карданд.

Ҷолиб аст, ки ба гуфтаи манобеъ, фиристодагони Бритониёву Покистон, аз ҷумла, ба ҳамкорҳои афғони худ пешниҳод карданд, ки “дафтари сиёсии опозисиони муттаҳид”-ро дар Покистон боз кунанд. Ва гӯё оқоён Нур, Раббонӣ, Дӯстум, Муҳаққиқ ва Сайёф бо камоли майл ба ин пешниҳод посух доданд.

Ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки пас аз конфронси байналмилалии Созмони Милал дар моҳи феврал дар мавриди Афғонистон, ки ба зудӣ дар Доҳа ифтитоҳ мешавад, чунин дафтари сиёсӣ дар Покистон зоҳир шавад.

Аз ин рӯ, аз дидорҳои февралӣ байни афсарони иттилоотии Бритониёву Покистон ва сиёсатмадорони афғон дар Анқараву Истамбул чӣ натоиҷе метавон гирифт?

1 – “Бозии бузург” идома дорад ва дар он тарафҳои бритониёӣ ва покистонӣ бо ҳам ва бар асоси як барномаи муштарак, ҳамзамон амал мекунанд. Дар марҳалаи кунунӣ, ин тарҳ шомили эҷоди як эътилофи ҷадид аз сиёсатмадорони саршиноси афғони таҳти контроли Лондон ва Исломобод бо чашмандози идғоми он дар давлати Толибони “муътадил” аст.

2 - Умеди романтикҳо дар Маскав, Пекин, Теҳрон ва минтақа Осиёи Марказӣ барои эҷоди навъе “иҷмоъи минтақаӣ” дар мавриди Афғонистон ба таври комил ва ниҳоӣ шикаст хӯрдааст. Покистон на танҳо барои манофеъи ин иҷмоъ кор намекунад, балки алайҳи он кор мекунад. Ва ҳамон тур, ки мебинед, комилан муваффақ аст.

3 - Туркия дар канори бритониёиҳо ва покистониҳо дар "Бозии бузург" бозӣ мекунад ва ба проекти онҳо барои "созаши бузург" байни Толибони "муътадил" ва гурӯҳҳои турки муҳоҷири сиёсии Афғонистон кӯмак мекунад.

4 - Дар паси роҳбурди зарифи инглисҳо ва покистониҳо, бешак сояи Вашингтон, ки одатан бо дасти дигарон амал мекунад ва аз тааҳҳудоти сиёсии худ туфра меравад ва дастони худро то ҳадди имкон озод нигаҳ медорад.

5 - Русия, агарчи дар ҳафтаҳои ахир сарусдоҳоеро дар масири Афғонистон ба намоиш гузоштааст, аммо ҳанӯз наметавонад ба ҳеҷ муваффақияти воқеӣ мубоҳот кунад. Мавқеияти Маскав дар Афғонистон тақвият нашудааст, замон бар рӯи саҳнаҳои тақлидии касалкунанда талаф мешавад. Аз ҷумла боздид аз Кобул тавассути бархе аз фиристодагони Русия, ки ҳеҷ мӯҳтаво ё паёмади воқеӣ надорад, ташрифоти аҳмақона дар атрофи “Формати Маскав”, ки муддатҳо пеш мурда аст (дар қолаби феълии он), "протоколҳои қасд"-и бепоён дар муносибатҳои мухталиф, ки бо Толибон имзо мешавад, нодир аст. Ҳавопаймоҳое бо кӯмакҳои башардӯстона ба Кобул ва меодгоҳи бепоён бо намояндагони опозисиони Афғонистон, ки танҳо бар пучии стратегии Кремл таъкид дорад.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!