Хабари рӯз

Иёлоти Муттаҳида ба тахриби шахсиятҳои "ғайриамрикоӣ" дар Афғонистон идома медиҳад.

Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои "Сангар"

Рӯзи гузашта аз тариқи расонаҳо рӯйхати ашхосу афроде ба хониш гирифта шуд, ки гӯё онҳо дар Дубай хонаву ҷойдод харидорӣ кардаанд.

Дар ин миён тақрибан дар ҳудуди 10 нафари он аз ҷумлаи аъзои кобина ва мақомоти олирутбаи давлати ҷумҳурият буданд. Ва бароям дилчасп буд, ки номи оқои Камол Набизода, тоҷири миллии Афғонистон низ гирифта шуда буд.

Дар ҳоле ки ҳама мардуми Афғонистон хабар доранд, ки оқои Камол Набизода дар даврони ҷумҳурият ҳеҷ навъ қарордоде ва ҳеҷ навъ тамосе дар Кобул надошта ва дафотири тиҷоратии ӯ зиёдатар дар Тошканд, Маскав ва дар Дубай буда. Ҷолиб ин ҷост, ки гуфта мишавад, ки Камол Набизода 250 ҳазор долларро дар Дубай хона харидааст. Оқои Набизода натанҳо дар Дубай, дар Тошканд, дар Москва ва дар як теъдод шаҳрҳои дигар низ хона дорад. Ҳатто даҳҳо хонаи Камол Набизода назди кормандонаш аст, ки бо ӯ кор мекунанд.

Оқои Набизода тоҷирест, ки 250 ҳазор долларро солона дар моҳи Рамазон барои мустаҳиқин хайрот мекунад. 250 ҳазор доллар барои Камол Набизода хеле пули ночизест.

Дар зимн ҳама медонанд, ки дар давраи ҷумҳурияти Ашраф Ғанӣ муносиботи Камол Набизода бо Ашраф Ғанӣ хуб набуд. Ҳатто Ашраф Ғанӣ Камол Набизодаро аз омадан ба Кобул мамониат мекард.

Ба ҳар сурат, аммо агар ҳадаф аъзои кобинаи давлати қаблӣ бошад, бале теъдоде мақомоти олирутбаи аъзои кобина, парлумон ва теъдоде аз генералҳои собиқ дар Туркия, дар Амрико ва Лондон хонаҳои муҷаллале харидори кардаанд, ки аз ҷумла метавон аз оқои Иклил Ҳакимӣ, собиқ вазири молия, оқои Зохилвол ва як теъдод ашхоси дигар ном бурд.

Аммо чаро аз садҳо тоҷири дигар, ки дар Дубай, Иморот, Қатар, Туркия, Амрико ва Эрон хонаҳои муфашшан харидаанд, ном бурда намешавад?

Аммо, ба ақидаи ман, танҳо аз касоне ном бурда мешавад, ки бо Амрико ҳамсӯӣ надоранд ва дар сояи миқнотиси Амрико нестанд, яъне инҳо касоне ҳастанд, ки Амрико ба онҳо хушбинӣ надорад, варна агар ҳақиқат бошад бояд аз ашхоси зайл, ки ҳамаашон монанди оқои Камол Набизода тиҷорат доранд ва дар Дубай низ хона харидаанд, ном бурда мешуд:

1 - Ҳоҷӣ Атиқ Аллоҳ

2 - Ҳоҷӣ Муҳаммад

3 - Ҳоҷӣ Муҳаммад Юнус Муҳманд

4 - Ҳоҷӣ Насруллоҳ Заҳир

5 - Ҳоҷӣ Халилуллоҳ

6 - Ҳоҷӣ Халил Задрон

7 - Ҳоҷӣ Абдуллоҳ

8 - Ҳоҷӣ Комрон

9 - Ҳоҷӣ Баҳоууддин

10 - Мирзохон

11 - Замрёлайхон

12 - Ҳоҷӣ Шераҳмад

13 – Ҳоҷӣ Чарак

14 - Ҳоҷӣ Хӯстӣ

15 - Алиакбар Жванди

16 - Ҳоҷӣ Салом Ғилҷӣ

17- Ҳоҷӣ Аҳмад

18 - Ҳоҷӣ Ҳомид Кокар

19 - Ҳоҷӣ Нурмуҳаммад Боракзай

20 - Ҳоҷӣ Ҳалим Таракӣ

21 - Мирвайс Азизӣ

22 - Ҳоҷӣ Ҳабиб

23 - Абдураҳмон Аликузай

24 - Баширӣ

25 - ширкатҳои “Бедил”

26 - Ҳабиб Гулзор

Ба ҳамин тартиб даҳҳо ашхосу афроди дигар...


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!