Таҷрибаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё аз чӣ ҷиҳат метавонад муфид бошад?
Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар
Тоҷикистон мисли кишварҳои дигари пасошӯравӣ дар мубориза бо фасод бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ аст, ки рушди иқтисодӣ ва эътимоди мардумро ба ниҳодҳои давлатӣ коста месозад. Бо назардошти миқёси мушкилот, Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти мубориза бо фасод кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода, ҳамкориҳои байналмилалиро тавсеа медиҳад, бахусус дар кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё чораҳои воқеӣ андешида мешаванд.
Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков: «Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ягон ҳадафи сиёсӣ надорад, он бо мақсади муосиркунӣ, ҳамкорӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиётҳои миллӣ таъсис дода шуда, муваззаф аст, ки шароити мусоидро барои рушди устувори давлатҳо тавассути баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ фароҳам созад».
Форуми зиддикоррупсионӣ
Дар шаҳри Маскав XIII Форуми зиддикорупсионии Авруосиё дар мавзӯи «Маърифати ҳуқуқӣ ва муқовимат ба коррупсия» баргузор гардид. Дар форум ба муҳиммияти ин мушкилот барои ҷомеаи муосир ва низоми давлатӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд. Дар рафти форум коршиносони кишварҳои гуногун бо ҳам ҷамъ омада, иштирокчиён қайд намуданд, ки фасод як чолиши ҷиддӣ маҳсуб ёфта, принсипҳои адолат, баробарӣ дар назди қонун ва самаранокии идоракунии давлатиро вайрон (халалдор) мекунад. Ҳамзамон ба зарурати ҷорӣ кардани барномаҳои таълимӣ, ки омӯзиши асосҳои ҳуқуқӣ ва меъёрҳоро дар бар мегирад, инчунин рушди малакаҳои тафаккури интиқодӣ дар байни шаҳрвандон ҷиҳати баланд бардоштани қобилияти дарк ва муқовимат кардан ба амалҳои коррупсионӣ диққати махсус дода шуд.
Ҳамин тариқ, XIII Форуми зиддикорупсионии Авруосиё самтҳо ва стратегияҳои асосиро, ки бояд дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати мубориза бо фасод амалӣ карда шаванд, муайян намуд. Инчунин, дар доираи татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия ва Нақшаи давлатии муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2021-2024 бо ташаббуси Институти қонунгузорӣ ва ҳуқуқи муқоисавии назди Ҳукумати Федератсияи Русия ва Вазорати маориф ва илми Русия конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли онҳо
Фасод барои Тоҷикистон як мушкили ҷиддиест, ки аз бесамар будани низоми идораи давлатӣ ва адлия шаҳодат медиҳад. Ин ҳамзамон боиси бад шудани муносибатҳои байни мақомотҳои давлатӣ ва ҷомеъа мегардад. Тоҷикистон, ҳарчанд узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё набошад ҳам, стратегияҳо ва усулҳои муваффақи мубориза бо фасодро, ки дар кишварҳои узви ин иттиҳод таҳия ва озмоиш карда шудаанд, фаъолона истифода мебарад.
Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков: “Русия саъй дорад, то иқтидори ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Тоҷикистонро, бахусус дар соҳаи тиҷоративу иқтисодӣ ба ҳадди аксар тавсеа диҳад. Тоҷикистон ҳамеша ҳамчун ҷонибдори таҳкими амнияту субот дар минтақа, болоравии некуаҳволии мардум ва шукуфоии кишварҳо баромад мекард ва омода аст, ки ба мардуми кишвари дӯст ҳамаҷониба кумак расонад».
Бояд гуфт, ки сатҳи аз ҳама баландтарини фасод дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон мушоҳида карда мешавад. Дар нимсолаи аввали соли гузашта нисбати кормандони ташкилотҳои қарзӣ 140 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ҳоле ки бахшҳои кишоварзӣ ва муҳоҷират сатҳи пасттарини қонуншиканиҳои коррупсиониро нишон доданд - ҳамагӣ камтар аз 20 ҳолат ба қайд гирифта шудааст. Дар соли 2023 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон беш аз 2200 ҷиноятҳои коррупсиониро ошкор кард ва зиёда аз 345 миллион сомонӣ ба хазинаи давлат баргардонда шуд.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар самти муқовимат ба коррупсия фаъолона кор бурда, барои таҳкими ҳамгироӣ ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкории кишварҳои узв кӯшишҳо ба харҷ медиҳад. Кӯшишҳои асосӣ ба фароҳам овардани заминаи ягонаи ҳуқуқӣ ва механизмҳои ҳамоҳангсозӣ, ки шаффофияти равандҳоро таъмин намуда, монеаҳои маъмурии ба амалҳои коррупсионӣ мусоидаткунандаро бартараф мекунанд, равона карда шудааст. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳамзамон ба масъалаи табодули таҷриба ва амалияи беҳтарин байни давлатҳо диққати махсус дода, стандартҳои ягонаро дар соҳаи хариди давлатӣ, танзими гумрукӣ ва амалиётҳои тиҷоратӣ ҷорӣ мекунад, ки ин суботи иқтисодиро дар минтақа таҳким мебахшад.
Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон Евгений Коренков қайд намуд: «Мушкилоти коррупсия мураккаб ва гуногунҷанба аст, вале онро метавон ба танзим даровард, махсусан бо ёрии рақамисозӣ ва технологияҳои муосир. Дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё майдонҳои салоҳиятнок ва хеле самараноки муколама амал мекунанд, ки бо таҳия ва татбиқи механизмҳои боэътимод ва муассир, аз ҷумла дар самти мубориза бо фасод, машғул мебошанд.
Коршиносон якчанд усулҳои асосии мубориза бо коррупсияро муайян мекунанд: рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ, кам кардани иштироки одамон дар равандҳо, таъмини шаффофияти расмиёти тиҷоратӣ, татбиқи усули “ранг кардани пул” ва муттаҳид кардани пойгоҳи додаҳо барои назорати самаранок.
XIII Форуми зиддикоррупсионии Авруосиёии «Маърифати ҳуқуқӣ ва муқовимат ба коррупсия», ки соли ҷорӣ дар шаҳри Маскав баргузор гардид, яке аз чунин платформаҳо мебошад, ки дар он олимон ва коршиносони таҷрибадори кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё гирд омаданд. Тавассути таҳлил намудани таҷрибаи кишварҳои узви Иттиҳод (Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия) дар масъалаҳои пешгирии фасод ва чораҳои зиддикорупсионӣ, инчунин, пайгирии дурнамои имконпазири муттаҳидсозии кӯшишҳои ин кишварҳо дар самти пешгирии фасод метавонем роҳҳои ҷорӣ намудани механизмҳои муваффақро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи рушди ин ниҳоди байнидавлатӣ баррасӣ ва муайян намоем».
Роҳи дигари мубориза бо фасод дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ин маҳдуд кардани истифодаи пули нақд дар пардохтҳо мебошад. Аз моҳи августи соли 2023 дар Тоҷикистон қабули пули нақд барои хидматрасонӣ ва боҷҳои давлатӣ манъ карда шудааст. Бо дастури Президенти кишвар, бо мақсади коҳиш додани хавҳои коррупсионӣ тамоми пардохтҳо, аз ҷумла пардохти андозҳо, ҷаримаҳо, пардохтҳои коммуналӣ, суғурта ва хизматрасонии тиббӣ бояд ба таври ғайринақдӣ анҷом дода шаванд.
Ҷанбаҳои мусбати Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё
Бо воридшавӣ ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Тоҷикистон метавонад як қатор манфиатҳои назаррасро ба даст орад. Масалан, беҳтаршавии робитаҳои тиҷоратӣ, зеро ба туфайли кам шудани боҷҳо ва соддагардонии расмиёти гумрукӣ барои Тоҷикистон шароити мусоид барои тиҷорат бо кишварҳои узви ин иттиҳод фароҳам оварда мешавад. Ин метавонад ба афзоиши содироти молҳои асосӣ, аз ҷумла алюминий, пахта ва маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат кунад.
Афзоиши сармоягузорӣ. Ба туфайли узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё Тоҷикистон барои ҷалб кардани сармоягузориҳои кишварҳои аъзо ба бахшҳои муҳими иқтисодиёти кишвар, аз қабили энергетика, саноати кӯҳӣ ва лоиҳаҳои инфрасохторӣ имконият пайдо мекунад. Ин ба муосиргардонии ин бахшҳо ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат хоҳад кард.
Тибқи гузориши ахири созмони байналмилалии ҳуқуқи башари “Freedom House”, Тоҷикистон ҳамчун “режими муттаҳидшудаи авторитарӣ” тавсиф шудааст. "Шохиси демократӣ"-и кишвар аз рӯи шкалаи ҳафт балӣ то 1,04 бал поин рафт. Моҳи марти соли равон тибқи рейтинги «Озодӣ дар ҷаҳон»-и ҳамин созмон, Тоҷикистон аз 100 хол ҳамагӣ 5 холро соҳиб гардида, ҳамчун кишвари «ноозод» дониста шуд.
Кор ва муҳоҷират. Узвият дар Иттиҳоди АвруОсиё раванди муҳоҷирати тоҷиконро ба кишварҳои дигари узви иттиҳод, аз қабили Русия ва Қазоқистон, ки дар онҷо тоҷикони зиёд кор мекунанд, осонтар мекунад. Ҳамзамон ин ҷараёни мӯътадили интиқоли пул ба Тоҷикистон ва ҳимояи ҳуқуқии муҳоҷиронро таъмин менамояд.
Дар ин рӯйхат инчунин амнияти энергетикӣ, стандартикунонӣ ва сифати маҳсулот, ҳамгироии иқтисодиву сиёсӣ ва ғайраро ном бурдан мумкин аст.
Евгений Коренков низ ин бартариҳоро қайд мекунад: «Дар доираи Иттиҳод озодии ҳаракати мол, хизматрасонӣ, сармоя, қувваи корӣ ва ғайра таъмин карда мешавад. Дар ҳудуди Иттиҳоди АвруОсиё тамоми сарҳадҳои гумрукӣ байни давлатҳо аз байн бурда шуда, тарифи ягонаи гумрукӣ, низоми ягонаи савдои хориҷиву танзими гумрукӣ ва регламенти ягонаи техникӣ амал мекунад. Дар қатори афзалиятҳо инчунин тақвияти кӯшишҳои муштарак барои ташкили бозорҳои ягонаи мол ва хизматрасонӣ, рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, таҳкими ҳамкории саноатӣ ва эҷоди робитаҳои самараноки нақлиётиро ном бурдан мумкин аст.
Бо пайвастани кишварҳои нав Иттиҳоди АвруОсиё аз нигоҳи сармоягузорӣ, аз ҷумла барои ширкатҳои бузурги байналмилалӣ ҷолибтар ва барои амалигардонии лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ ва саноатӣ чандиртар мешавад. Кишварҳои Иттиҳод шарикони боэътимоди тиҷоратии Тоҷикистон буда, теъдоди зиёди ширкатҳои ин кишварҳо дар қаламрави ҷумҳурии мо фаъолият мебаранд.
Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзиро, ки асоси тиҷорати содиротии кишварро ташкил медиҳад, на танҳо ба Русия, балки ба кишварҳои дигар низ содир мекунад. Албатта, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва татбиқ намудани таҷрибаҳои пешқадам дар тамоми соҳаҳои кишоварзии кишвар имкон медиҳад, ки фаъолияти истеҳсолиро беҳтар намоем, рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолшударо баланд бардорем, ичунин ҳаҷми таҳвилот ва самаранокии онро тавассути бунёди равандҳои нави тиҷоратӣ афзоиш диҳем.
Дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таҳияи як платформаи рақамӣ барои осонкунии таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ аз рӯи принсипи “бо як пахш” бо истифодаи блокчейн-технологияҳо ба нақша гирифта шудааст. Платформа вақти ба расмият даровардани муомилотро ба таври назаррас кам карда, равандҳои логистикиро барои иштирокчиёни бозор содда мегардонад ва дастрасии маблағгузориро барои корхонаҳои тиҷоратии хурду миёна бештар мекунад. Ичунин ҳамгироӣ бо низоми анъанавии бонкӣ ва тадриҷан ҷорӣ кардани асъорҳои миллии рақамӣ дар назар аст.
Ба андешаи ман, иштирок дар лоиҳаи васеъмиқёси Бонки Рушди АвруОсиё оид ба эҷоди платформаи рақамии шабакаи ягонаи тақсимоти (интиқоли) молҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳамчун абзори муттаҳидсозии тамоми иштирокчиёни амалиётҳои тиҷоратӣ хизмат хоҳад кард. Дар мавриди ташаббусҳо вобаста ба асъорҳои рақамӣ бояд гуфт, ки ин лоиҳа дар марҳилаи рушд қарор дорад. Ҳама гуна навовариҳо дар ҳамкорӣ дар самти ҳамгироии системаҳои пардохти минтақавӣ ба рушди минбаъдаи бозорҳои молиявии кишварҳои узви Иттиҳоди АвруОсиё мусоидат хоҳад кард. Тавсеаи сарҳадҳои Иттиҳод тиҷоратро осонтар гардонида, ҳамзамон барои васеъ гардонидани имкониятҳо ҷиҳати рушди мутақобилан судманди савдои байналмилалӣ шароит фароҳам меоварад».
Тоҷикистон бар зидди фасод фаъолона мубориза бурда, дар самти таҳкими волоияти қонун ва адолат қадамҳои устувор мегузорад. Ислоҳот дар сиёсати зиддикоррупсионӣ, рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва амиқтар кардани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт аллакай натиҷаҳои аввалини худро нишон дода истодааст. Вале барои ноил гаштан ба комёбиҳои дарозмуддат бояд пайваста дар самти таҳкими заминаҳои қонунгузорӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ ва таҳкими ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ корбарӣ намоем. Танҳо тавассути талошҳои муштарак ва идораи шаффоф метавонем дар роҳи решакан кардани фасод ва боло бурдани иқтидори иқтисодии Тоҷикистон ба пешравиҳои назаррас ноил гардем.