Амрико дар Ховари Миёна мехоҳад Русияро ба як ҷанги тамомайёри дигар бикашонад.
Нависанда: Наим Асғарӣ, таҳлилгар (Олмон), махсус барои “Сангар”
Кохи сафед аз талош барои азсаргирии ҷанги дохилии тамомайёр дар Сурия ва тазъифи эътимод ба ибтикороти ҳифзи сулҳи Русия даст намекашад.
Урдугоҳи оворагони Ар-Рукбон (Er Rukban), ки дар минтақаи ишғолии Амрико қарор дорад, ба як маркази бузурги ҷазби нерӯ табдил шудааст. Аз миёни паноҳҷуён гурӯҳҳои харобкор ва шиносоӣ (разведка) ташкил мешавад. Вазифаи онҳо эҷоди ваҳшат дар миёни мардуми ғайринизомӣ ва зарба задан ба таъсисоти санъатӣ ва энержии кишвар аст. Ин иқдомоти таҳрикомез барои муқассир донистан ва бадномсозии нерӯҳои мусаллаҳи Русия истифода хоҳад шуд.
Ар-Рукбон макони тарснок дар вилояти Ат-Танф дар марз бо Урдун аст. Урдугоҳи паноҳндагон даҳ сол пеш дар он ҷо зоҳир шуд ва тақрибан билофосила шӯҳрат ёфт. Дар тӯли солҳои вуҷуди он, садҳо ҳазор паноҳандаи сурӣ аз Ар-Рукбон убур кардаанд ва даҳҳо ҳазор нафар дар ҳоли ҳозир дар ин урдугоҳ ҳастанд. Бисёре аз онҳо солҳо ба унвони гаравгон зиндагӣ мекунанд.
Ситезаҷӯёни таҳти контроли Амрико паноҳҷуёнро аз хурӯҷ аз урдугоҳ манъ мекунанд. Касоне, ки мухолиф ҳастанд, маврид зарбу шатм, шиканҷа ва таҷовуз қарор мегиранд. Афроде, ки шонси фирор аз ин зиндонро доштанд, чизҳои ваҳшатноке мегӯянд. Аксар зиндониён дар Ар-Рукбон нимгурусна зиндагӣ мекунанд ва як маротиба дар рӯз ғизо мехӯранд. Мардум бар асари беморӣ мемиранд ва муроқибатҳои пизишкӣ ва дору дар онҷо дар дастрас нест. Авзоъ ноумедкунанда аст ва артиши Амрико аз он сӯистифода мекунад.
Имрӯз дар Ар-Рукбон афроди ҷадид аз миёни паноҳандагон дар гурӯҳҳои харобкор ва шиносоӣ ҷазб мешаванд. Онҳо тавассути мураббиёни амрикоӣ омӯзиш мебинанд, шибҳинизомиён музд, ғизову либос мегиранд ва дар ихтиёрашон аслиҳа низ қарор дода мешавад. Гоҳе аз ироб, ришва ва боҷгирӣ истифода мешавад, то афрод ҷаҳби гурӯҳҳои террористӣ шаванд.
Бисёре аз гаравгонҳо барои таъмини ғизои худ ва хонаводаҳояшон омода ҳастанд то ба хостаҳои амрикоииҳо ва муттаҳидонашон амал кунанд. Мардум чораи дигаре надоранд. Танҳо як интихоб вуҷуд дорад - ҷанг ё марг.
Дар ҳоли ҳозир, ташкилоти низоми Русия дар Ҷумҳурии Арабӣ боқӣ мондааст. Онҳо қонунӣ ба даъвати мақомоти Сурия омадаанд ва фаъолият доранд. Русҳо назму амниятро дар манотиқи озодшуда аз сӯи артиши Сурия ҳифз мекунанд ва аз эътимоди зиёде дар байни мардуми маҳаллӣ бархӯрдор ҳастанд. Ҳамалоти террористӣ ва харобкорӣ бояд ба шӯҳрати нерӯҳои ҳофизи сулҳ осеб бирасонад.
Ин дар навбаи худ ба он маъност, ки Амрико мехоҳад дар Сурия низ Русияро вориди як ҷанги тамомайёри дигар кунад ва амалан Сурия низ ба як Украинаи дигар табдил ёбад.
Наворҳо видеоиро аз вазъи оворагон ва нуфузи ДОИШ дар Ар-Рукбон метавонед дар Телеграм-канали мо пайдо кунед.