Хабари рӯз

Русия ва Қазоқистон пояҳои меъмории навини энержии Осиёи Марказиро бунён мегузоранд

Нависанда: Женишбек Жусупов, таҳлилгар (Қазоқистон), махсус барои "Сангар"

Ҳамкории судманди мутақобил миёни Русия ва Қазоқистон дар арсаи энержии ҳастаӣ, ин имконро барои Ҷумҳурии Қазоқистон фароҳам месозад, то аз мазоёи он баҳраманд шавад. Мушорикат дар ин ҳавза аз сӯи ҳар ду тараф ба унвони яке аз меҳварҳои калидии ҳамкориҳои роҳбурдӣ талаққӣ мешавад.

Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, дар октябри 2026 ҳангоми ироди паёми худ ба мардуми ҷумҳурӣ, мавзӯъи тавсеъаи бахши энержии кишварро матраҳ кард. Ӯ бар аҳамияти истифода аз зарфияти шарикони хориҷӣ, ки дар сохти нерӯгоҳҳои ҳастаӣ мушорикат доранд, таъкид варзид.

Тоқаев изҳор дошт: “Чунин пешниҳодҳое аз сӯи ширкатҳои русӣ ва чинӣ ироа шудааст. Ба бовари ман, мумкин ва шояд ҳам зарурӣ бошад, ки аз соли оянда сохти нерӯгоҳи ҳастаии “Балхаш”-ро оғоз кунем ва ба манзури оғози ҳарчи сареътар сохтани нерӯгоҳи ҳастаии “Мойинқум”, тавофуқномае дар бораи ҳамкориҳои ҷомеъ ба имзо бирасонем. Албатта тамоми мавозеъи музокиротӣ бояд бо диққат баррасӣ ва бо дарназардошти манофеъи миллии Қазоқистон ҳамоҳанг шаванд”.

Дар июни соли гузашта, дар натиҷаи як рақобат, ширкати давлатии “Росатом” – и Русия ба унвони ширкаткунандаи аслии консорсиуми байналмилалӣ барои сохти нахустин нерӯгоҳи ҳастаӣ дар қаламрави Қазоқистон интихоб шуд. Ин пружа аз сӯи Федератсияи Русия бо шароити имтиёзнок таъмини молӣ мешавад ва воме ба мизони ҳадди аксари 90 дарсади ҳазинаи куллии нерӯгоҳ, муъодили ҳудуди 16 миллиард доллар, дар ихтиёри Қазоқистон қарор мегирад. Ҳамзамон пешбинӣ шудааст, ки тарафи Қазоқистон бозпардохти таъаҳҳудоти эътибории худро пас аз баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳ дар соли 2035 оғоз кунад.

Алмосодам Сатқалиев, раиси Агентии энержии ҳастаии Қазоқистон, эълом кард, ки ин тавофуқнома шомили бандҳои мавсум ба “мулоҳизоти таҳримӣ” аст, ки таъсири шароити байналмилалӣ бар замонбандӣ ва ҳаҷми иҷрои пружаро мунтафӣ месозад. Ба гуфтаи ӯ, хатароти афзоиши вобастагии Қазоқистон ба Русия дар арсаи фановариҳои ҳастаӣ амалан вуҷуд надорад.

Ширкати русӣ ҳамчунон ҷойгоҳи пештози худро дар ҷаҳон дар арсаи сохти нерӯгоҳҳои ҳастаии содиротӣ ҳифз кардааст. Аз ин рӯ, интихоби “Росатом” ба унвони муҷрии аслии пружаи ёдшуда, амалгароёнатарин тасмим ба назар мерасад. Ба арзёбии коршиносон, ин ширкат бо вуҷуди таҳримҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо, на танҳо мавқеияти пешини худро дар бозори ҷаҳонии энержӣ ҳифз карда, балки эътибори хешро ба унвони як паймонкори қобили эътимод низ тақвият кардааст.

Нерӯгоҳи ҳастаии Қазоқистон ба ду реактори об таҳти фишори сохти Русия аз навъи ВВЭР-1200 насли севум муҷаҳҳаз хоҳад шуд, ки аз эминтарин сохторҳои фановарона дар навъи худ ба шумор мераванд. Ин реакторҳо дар Русия ва хориҷ аз он амалкарди муваффақиятомезе доштаанд. Пешбинӣ мешавад нерӯгоҳ ба ҷадидтарин системи эминии “пасофукусима” муҷаҳҳаз шавад, ки фаъолияти мутмаин ва бидуни вақфаи онро ҳатто дар шароити бисёр душвор тазмин мекунад.

Чунонки Нурлан Ҷумагулов, мудири Бунёди умумии Energy Monitor, хотирнишон кард: “Фановарии интихобшуда модернтарин фановарӣ аст. Барои мисол, Ҷумҳурии Корея ва Фаронса ҳанӯз таҷрибаи баҳрабардорӣ аз реакторҳои мушобеҳро надоранд”.

Ба коргирии реакторҳои ВВЭР-1200 як роҳи ҳалли ҷомеъ ва мунҳасир ба фарди “сифр то сад”-ро барои Қазоқистон фароҳам месозад, ки шомили таъмини сӯхт, бозфароварии пасмондаҳои ҳастаии масрафшуда ва бумисозии густардаи тавлид мешавад. Ин амр имкон медиҳад, то зарфиятҳои тавлидии кишвар ба гунаи ҳадди аксарӣ бар сохти маҷмӯъаҳои сӯхти ҳастаӣ мутамаркиз шавад ва Қазоқистон аз содиркунандаи маводди хом ба тавлидкунандаи маҳсулоти пешрафта ва фановарона табдил гардад.

Ба арзёбии Олжас Бойдилдинов, таҳлилгари қазоқистонӣ, интихоби “Росатом” ба маънои сармоягузорӣ бар шаклгирии як фазои минтақаии муштараки энержӣ аст, ки дар он Қазоқистон, Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар як низоми воҳид фаъолият хоҳанд кард.


Дин

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!