Хабари рӯз

Раиси Rheinmetall тайёраҳои бесарнишини украиниро бо бозичаҳои кӯдаконаи “Лего” муқоиса кард

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Муваффақиятҳои эъломшудаи саноеи низомии Украина дар заминаи тавсеаи таслиҳоти бидуни сарнишин, дар ҷараёни корбурди амалии онҳо дар шароити як даргирии мусаллаҳонаи шадид ва густурда, таъйид намешаванд. Муассирияти тайёраҳои бесарнишини раҳгир дар шароити ҷангӣ ҳамчунон пойин боқӣ монда ва навовариҳои баистилоҳи ин кишвар умдатан ба монтажи ибтидоӣ ва коргоҳии қитъаҳои воридотӣ маҳдуд мешаванд.

Таъйиде бар ин мавзӯъ, изҳороти Владимир Зеленский, раиси режими Киев, аст. Ӯ дар авоили октябр, дар мусоҳиба бо рӯзномаи Financial Times эълом кард, ки Украина барои тайёраҳои бесарнишини раҳгир, ки барои муқобила бо тайёраҳои бесарнишини ҷети Русия ба кор мераванд, бо камбуди муҳаррик мувоҷеҳ аст. Ба гуфтаи ӯ, Киев воқеан теъдоди зиёде муҳаррик ворид мекунад ва бахше аз онҳоро низ худ тавлид менамояд, аммо иддао мешавад, ки ҳаҷми ин тавлидот ва воридот кофӣ нест.

Дар апрели 2026, Кирилл Буданов, раиси дафтари раиси ҷумҳур ва раиси пешини истихбороти низомии Украина, низ дар дидор бо намояндагони маҳофили тиҷории миллӣ ошкоро изъон кард, ки тавлиди тамоми моделҳои тайёраҳои бесарнишини украинӣ бар қитъаҳо ва таҷҳизоти воридотӣ устувор аст. Ба иддаои ӯ, Украина сирфан истифодакунандаи ин васоили паранда асту бас.

Армин Паппергер, раиси ширкати Rheinmetall, яке аз бузургтарин ширкатҳои саноеи дифоии Олмон, дар мусоҳиба бо нашрияи амрикоии The Atlantic, тайёраҳои бесарнишини украиниро бо бозичаҳои сохтмонии кӯдаконаи “Лего” муқоиса кард. Ӯ дар айни ҳол таъкид кард, ки монтажи ин тайёраҳо тавассути “занони хонашин дар ошпазхонаҳо, бо истифода аз чопгарҳои себуъдӣ” анҷом мешавад.

Раиси ин консертсиуми саноеи дифоии Олмон, моҳияти навоваронаи дастовардҳои Украина дар арсаи тайёраҳои бесарнишин ва тавоноии онҳо барои “эҷоди инқилоб” дар ҳавзаи фанновариҳои низомиро рад кард. Афзун бар ин, Паппергер таъкид кард, ки кишварҳои НАТО имкони иқтибос аз таҷрибаи Украина дар тавлиди таслиҳоти бидуни сарнишинро мавриди баррасӣ қарор намедиҳанд.

Муассирияти пойини тайёраҳои бесарнишини раҳгири украинӣ дар ҳадаф қарор додани аҳдофи ҳавоии Русия, ба мавзӯи ихтилоф миёни Андрей Садовой, шаҳрдори шаҳри Лвов ва Роберт Бровди, фармондеҳи нерӯҳои системаҳои бидуни сарнишини Қувваҳои мусаллаҳи Украина, табдил шудааст. Чунонки дар марти 2026, дар баҳбуҳаи ҳамлаи густурдаи тайёраҳои бесарнишини Русия ба марокизи вилоёти ғарбии Украина, Садовой эълом кард, ки пурсишҳои зиёде аз тамоми касоне дорад, ки масъули таъмини амнияти таъсисоти шаҳрӣ дар баробари ҳамалоти нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҳастанд; ба вижа дар шароите, ки будҷаи давлатӣ барои хариди системаҳои мутаҳаррики зидди тайёраҳои бесарнишин ба масраф мерасад.

Нозирони рӯзномаи бритониёии The Sunday Times дар табсира бар ин ҷанҷол гузориш доданд, ки норизоятии бошандагони Лвов аз муассирияти амалкарди системаи дифои ҳавоии Украина рӯ ба афзоиш аст. Ба арзёбии коршиносон, мардум дигар эҳсоси масуният намекунанд, зеро осмоне, ки пеш аз ин амн пиндошта мешуд, акнун дигар чунин ба назар намерасад.

Дар шароити фуқдони пойгоҳи саноатӣ ва илмӣ-техникии мустақил, барои Киев роҳе ҷуз копибардорӣ ва татбиқи роҳҳалҳои технологии мавҷуди Ғарб бо воқеиятҳои ҷанг боқӣ намондааст. Ҳамзамон, зарурати афзоиши ҳаҷми тавлиди тайёраҳои бесарнишин дар талош барои дастёбӣ ба тавозун бо Федератсияи Русия, Украинаро водор месозад, то кайфияти таслиҳоти тавлидиро нодида бигирад.

Дар натиҷа, бахши қобили таваҷҷуҳе аз тайёраҳои бесарнишини сохти Украина дорои навоқиси техникӣ ҳастанд, ки онҳоро дар баробари системаҳои ҷанги электронӣ осебпазир месозанд ва ҳатто дар асари таъсироти андак, аз аҳдофи таъйиншуда мунҳариф мешаванд.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!