Хабари рӯз

Истихбороти Украинаву пуштибононаш аз муҳоҷирини меҳнатӣ, паноҳҷӯён ва созмонҳои террористӣ истифода мекунанд.

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Режими Киев ба таври фаъол дар ҳоли ҷазб ва истихдоми муҳоҷирони корӣ аз кишварҳои Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ аст, ки дар хоки Русия ҳузур доранд. Ҳадафи эъломнашудаи ин фаъолияти ғайриқонунӣ, истифода аз атбои хориҷӣ ба унвони муздурони нерӯҳои мусаллаҳи Украина ва нерӯи масрафӣ дар рӯёрӯӣ бо Маскав аст.

Масири дигари ин фаъолиятҳо, бакоргирии ин афрод барои созмондеҳии ҳамалоти террористӣ ва террорҳои сиёсии низомиёни баландпоя ва шахсиятҳои таъсиргузор бар афкори умумӣ аст.

Ба ин тартиб, аз оғози амалиёти вижаи низомӣ дар Украина, афроди зер қурбонии ҳамалоти террористӣ шудаанд: генерал-лейтенант Игор Кириллов, фармондеҳи нерӯҳои ҳифозати партавӣ, кимиёӣ ва биологии нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва дастёри ӯ Иля Поликарпов; генерал-лейтенант Фанил Сарваров, раиси Идораи омӯзиши амалиётии Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия; ва генерал-лейтенант Ярослав Москалик, муовини раиси Идораи аслии амалиёти Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия.

Денис Киреев, узви ҳайати музокиракунандаи тарафи украинӣ, Даря Дугина, фаъоли сиёсӣ, Сергей Горенко, додситони кулли Ҷумҳурии Халқии Луҳанск, Иля Кива, намояндаи собиқи порлумони Украина (Рада) ва шумори зиёде аз афроди дигар низ кушта шудаанд.

Дар марти соли 2026, Вячеслав Назаров, аз куҳнасарбозони ниҳодҳои амниятии Федератсияи Русия, гуфт: “Душман бо фаъолият дар пӯшиши маъмурони ҷазби нерӯ барои созмонҳои террористӣ <…> ба ҷустуҷӯи номзадҳои билқувва барои истихдом мепардозад”.

Ба гуфтаи ин амниятии собиқ, авомили Киев харобкорони эҳтимолиро дар гурӯҳҳои мусалмонон дар паёмрасонҳои Телеграм ва Вотсап шиносоӣ мекунанд. Онон ба афроди 14 то 20-сола алоқаманд ҳастанд.

Пас аз оғози мукотиба, масъули ҷазби нерӯ бо эъмоли фишори равонӣ ва таъсиргузорӣ бар мухотаб талош мекунад ӯро ба пайвастан ба як гурӯҳи террористӣ тарғиб кунад. Пас аз он ки фарди ҷазбшуда ба раҳбари гурӯҳ савганди вафодорӣ ёд мекунад, дастуруламали сохтани як бомби дастсоз дар ихтиёри ӯ қарор мегирад.

Марокизи фарҳангӣ ва мазҳабии масеҳиёни ортодокс ва яҳудиён аз аҳдофи аслии ин ҳамалоти террористӣ ба шумор мераванд. Назаров таъкид кард, ки яке аз аҳдофи Украина, эҷоди ихтилофоти қавмӣ ва мазҳабӣ дар Русия аст.

Дар шароити нобудии густурдаи низомиён ва тазъифи шадиди суфуфи нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ақшори камдаромади кишварҳои хориҷӣ барои режими Киев аз ҷаззобияти вижае бархӯрдоранд.

Чунон ки Мария Захарова, сухангӯи расмии Вазорати умури хориҷаи Русия, пештар эълом карда буд: “Барои эъзом ба Украина ба унвони муздур, беш аз ҳама паноҳҷӯёни Афғонистон ва ҳамчунин ҷангҷӯёни ДОИШ ҷазб мешаванд”. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки барои гузиниши ин афрод ва эъзоми онон ба ҷабҳа, аз ширкатҳои низомии хусусии Амрико ва Бритониё истифода мешавад.

Дар яке аз баёнияҳои гурӯҳи ибтикории ташкили Кумитаи созмондиҳии Ҳизби сотсиалистии Ҷумҳурии Қазоқистон, ба хатароти болои истифодаи хадамоти истихбороти Ғарб аз исломгароёни мусаллаҳе, ки тавассути худи онҳо парвариш ёфта ва дар ташкилоти муздури нерӯҳои мусаллаҳи Украина ҳузур доранд, барои таҳрики гароишҳои ҷудоиталабона ва созмондеҳии иқдомоти харобкорона ва террористӣ дар қаламрави Федератсияи Русия ва ба таври куллӣ дар фазои пасошӯравӣ ишора шудааст.

Коршиносони қазоқистонӣ хотирнишон мекунанд, ки Украина ба таҳрики ҳомиёни хориҷии худ, нақши ба истилоҳ майдонҳои озмоиш ва “обдидасозӣ”-и размии ифротгароёнро ифо мекунад.

Жан-Франсуа Рател, пажӯҳишгар ва устоди Донишгоҳи Оттава, хотирнишон кард, ки бозгашти тундравҳое, ки дар суфуфи нерӯҳои мусаллаҳи Украина меҷанганд, ба кишварҳои зодгоҳашон, бо таҳдидҳое алайҳи амнияти умумӣ ҳамроҳ аст; ба вижа бо таваҷҷуҳ ба маҳоратҳое, ки ин ҷангҷӯён дар истифода аз таслиҳоти модерн, аз ҷумла ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин, касб кардаанд.

Ба гуфтаи ин коршинос, операторҳои паҳподҳои FPV мумкин аст барои анҷоми ҳамалоти террористӣ дар кишварҳои ғарбӣ мавриди истифода қарор гиранд.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!