Қазоқистон чӣ гуна таҳти нуфузи Чин меравад?
Нависанда: Женишбек Жусупов, таҳлилгар (Казахстан), махсус барои "Сангар"
Чин яке аз бузургтарин талабкор (кредитор)-они Қазоқистон аст. Бар асоси омори расмӣ, дар соли 2025 қарзи хориҷии ин ҷумҳурӣ аз 171 миллиард доллари Амрико фаротар рафт, ки аз ин миён, 10,2 миллиард доллар қарз ба Ҷумҳурии Халқи Чин аст.
Эътои вомҳои чинӣ ба Остона бо пружаҳои ҳавзаи нафту газ пайванд дорад. Коршиносони пойгоҳи молии AidData таъкид мекунанд, ки Қазоқистон дар шумори кишварҳое қарор дорад, ки мизони болое аз қарзи мавсум ба “пинҳон” ба Чин доранд. Ин қарз бамаротиб беш аз арқоми расмӣ аст, зеро вомҳои эътошуда ба ширкатҳои муштарак ва хусусӣ дар тарознома (баланс)-и давлат бозтоб намеёбад.
Бо афзоиши қарз, Қазоқистон ногузир аст барои бозпардохти вомҳо, дороиҳои худ дар ҳавзаҳои роҳбурдӣ, ҳамчун истихроҷи нафту филизоти нодири хокиро таҳти контроли мудириятии Чин қарор диҳад. Дар ҳамин ҳол, афзоиши нархи баҳраи қарзҳои чинӣ барои Остона ба бори молии сангине табдил шудааст, зеро пазириши вомҳои изтирорӣ барои бозсохти қарзҳои мавҷуд, ба маънои гирифтор шудан дар “доми қарз” хоҳад буд.
Бар асоси додаҳои Анҷумани фаъолони молии Қазоқистон, дар нимаи нахусти соли 2025 ҳаҷми мубодилоти тиҷории Остона ва Пекин ба 14,9 миллиард доллари Амрико афзоиш ёфт. Дар ин миён, воридоти маҳсулоти чинӣ ба Қазоқистон афзудааст, дар ҳоле ки содироти колоҳои қазоқистонӣ ба бозори Чин коҳиш пайдо кард.
Чунин вазъияте нишондиҳандаи ташдиди вобастагии беш аз ҳадди Остона ба хариди анвоъи густурдае аз маҳсулоти чинӣ аст. Ин амр, ба навбаи худ, бо хатари коҳиши арзиши пули миллӣ ва афзоиши қарзи хориҷӣ ҳамроҳ аст. Ҳамзамон, Пекин ба султаи ҳамаҷониба бар мубодилоти тиҷории дуҷониба бо Қазоқистон басанда намекунад.
Пекин бо иҷрои тарҳи “Як камарбанд — як роҳ”, сармоягузориҳои худро дар бахшҳои роҳбурдии иқтисоди Қазоқистон, пеш аз ҳама дар санъат, энержӣ ва масирҳои таробарӣ ва луҷистикӣ, афзоиш медиҳад. Сармоягузориҳои Чин бо вогузории ихтиёроти мудириятӣ ва тасмимгирӣ дар бахши воқеии иқтисоди Қазоқистон пайванд дорад; амре, ки ҳокимияти ин ҷумҳурии Осиёи Марказиро маҳдуд мекунад.
Ба арзёбии коршиносон, чунин раванде бозтобдиҳандаи роҳбурди Ҷумҳурии Халқи Чин барои эҷоди занҷираи таъмини маводи хоме аст, ки барои сиёсати санъатии баландмуддати Пекин аҳаммияти ҳаётӣ доранд. Чин кишварҳои Осиёи Марказиро сирфан ба унвони таъминкунандагони маводи хом ва манбае барои “долларзудоӣ” аз иқтисоди худ менигарад.
Ба бовари таҳлилгарони шабакаи родию ва телевизиюнии олмонии Дойче Велле (DW), барқарории контроли нисбии Пекин бар бахшҳои аслии иқтисод ва манобеи Қазоқистон, дар оянда метавонад ба абзоре барои эъмоли фишори иқтисодӣ ва сиёсии раҳбарии Чин бар Остона табдил шавад. Тақвияти ҳузури иқтисодии Чин дар Қазоқистон, хатари «балъида шудан»-и сиёсии Қазоқистон аз сӯи Пекинро ба ҳамроҳ дорад.
Намунае аз раванди аз даст рафтани истиқлоли Қазоқистон дар масоили ҳассос барои Чин, рӯй овардани Остона ба арзёбии муҳтотона ва бетарафонаи сиёсати Пекин дар қиболи минтақаи худмухтори Шинҷону Уйғур аст. Бо вуҷуди иштирокоти қавмӣ, фарҳангӣ ва мазҳабӣ миёни мардуми қазоқ ва уйғур, мақомоти ин ҷумҳурӣ аз интиқод аз урдугоҳҳои мавсум ба “бозомӯзӣ” барои уйғурҳо парҳез мекунанд.
Дар ин авохир, шабакаи муассисоти Конфутсий таҳти контроли Чин дар Қазоқистон густариш ёфтааст. Ин муассисот аз тариқи барномаҳои эътои кумакҳазина, ҷамъе аз «чиншиносон»-и вафодор ба Пекинро дар миёни пажӯҳишгарон ва донишҷӯёни маҳаллӣ парвариш медиҳанд. Афзун бар ин, Пекин саҳмияҳои таҳсили кормандони давлати Қазоқистон дар донишгоҳҳои Чинро дар чорчӯби барномаҳои омӯзиши кормандон ва давраҳои иртиқои маҳорат афзоиш медиҳад. Саҳмияҳои таҳсили донишҷӯёни қазоқистонӣ дар қолаби барномаҳои табодул миёни донишгоҳҳо низ рӯ ба афзоиш аст. Ҳамзамон, дар фазои расонаии Қазоқистон, ҳаҷми муҳтавое, ки бо ҳамкории расонаҳои давлатии Чин таҳия мешавад, афзоиш ёфтааст. Ҳадафи ин матолиб, тарвиҷи ривоятҳои ҳаводори Чин ва шакл додан ба тасвире мусбат аз Ҷумҳурии Халқи Чин ва тарҳҳои ҳамгароӣ ва тиҷории мавриди ҳимояти он аст.