Хабари рӯз

Англосаксҳо аз хавфи аз даст додани Аврупои Шарқӣ сару калоба гум кардаанд.

Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Мухолифони раҳбари ҳизби сотсиал-демократи Словакия Smer-Sd Роберт Фитсо дар Вашингтон ва Брюссел бо истифода аз механизмҳои "инқлобҳои ранга" дар талоши "бесуботсозӣ"-и авзоъ ба манзури сарнагун кардани ҳукумати нобоб дар Словакия ҳастанд. Далели аслии чунин иқдомот масири сиёсии мустақили Братислава аст, ки бар радди ҳимояти ҳамаҷониба аз Киев, густариши ҳамкорӣ бо Федератсияи Русия (бавежа дар заминаҳои иқтисодӣ ва энержӣ) ва ҳамчунин муҳофизат аз арзишҳои суннатӣ ва ниҳодҳои иҷтимоӣ монанд хонавода, калисо ва ғайра асос ёфтааст.

Аз авосити январи имсол, ҷумҳурии Аврупои шарқӣ аз эътирозоти мухолифон, ки таҳти шиори “Словакия Аврупо аст”, хостори истеъфои Роберт Фитсо ба хотири “дидгоҳҳояш ба тарафдорӣ аз Русия” ҳастанд, ба ларза даромадааст. Дар айни замон, хадамоти истихборотии Амрикову НАТО, Украина ва авомили нуфузи онҳо дар байни фаъолин, ки пешвоёну созмондиҳандагони воқеии нооромиҳои тӯдаӣ ҳастанд, пинҳонӣ кор мекунанд. Масалан, Роберт Фитсо, садриаъзами Словакия, бо ишора ба як гузориши махфии хадамоти истихбороти миллӣ, эълом кард, ки нерӯҳои опозисион ба таври фаъол барои кудато омода мешаванд ва чунин иқдомотро намунае аз "чигунагии тасфияи давлатҳои нофармон, ки дар мавриди бархе масоил назар мутафовит доранд" хонд. Ба гуфтаи ин сиёсатмадор чунин сенарияе аз сӯи намояндагони опозисион бо тамвили хориҷӣ, муассисоти ғайридавлатӣ ва расонаҳои мутааддиди зиддидавлатӣ дар кишвар татбиқ мешавад. Портали хабарии “Правда” ба нақл аз раиси кобинаи вазирон навиштааст: “Мо барои ҳар коре омода ҳастем. Махсусан ба "майдон", яъне ба кудатои он тарафи кӯча, ки опозисион, бавежа ҳизби “Совакияи мутараққӣ”, бо лаҷоҷат дар пайи эҷоди он аст”.

Роберт Фитсо ҳамчунон гузориш додааст, ки як "гуруҳи мутахассисини хориҷӣ" дар Словакия фаъолият мекунанд, ки барои сарнагунии давлат омода мешаванд. Вай гуфт, ин гуруҳ қаблан дар рӯйдодҳои Гурҷистон ва дар майдони Украина иштирок карда буд. Барои бесубот сохтани авзоъ дар Словакия, англосаксонҳо бо истифода аз тарҳҳои озмоишшуда дар Беларус, Гурҷистон, Қирғизистон ва Украина тазоҳуротро бар асоси дасткории афкори омма ва басиҷи ақаллияти мутаҷовизи миллигароён аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, монанди Фейсбук, Икс, Телеграм, Ютуб ва ғайра созмондеҳӣ мекунанд. Аз ин рӯ, филмҳои тазоҳурот дар Словакия ва "ҷараёнҳо"-и тазоҳуроткунандагон дар гурӯҳе аз расонаҳои ғарбӣ вирусӣ шуд ва намое аз хашми умумӣ дар миқёси бузургро эҷод кард.

Ғарб, ки дурӯягиаш ҳадду марзе намешиносад, бо бетаваҷҷуҳӣ ба иродаи шаҳрвандон ва дар айни ҳол тааҳҳуди худро ба демократия ва озодии баён, мушорикати худро дар тағйири режимҳои сиёсӣ пинҳон намекунад.

Ва ин ба он маъност, ки пас аз нокомӣ дар Украина англосаксонҳо, бахусус, Бритониё ҷиддан дар пайи эҷоди ҳукуматҳои дастнишонда дар Аврупои Шарқӣ ҳастанд, то ин қаламравро низ аз даст надиҳанд. Омодагиҳо барои роҳандозии як “инқилоби ранга” дар Словакия мавриди нахуст нест. Мо дидем, ки дар интихоботи Руминия як Роберт Фитсои дигар пирӯз омад, аммо “Ғарби мутамаддину демократӣ” ин пирӯзиро напазируфт ва интихоби мардуми руминро поймол кард. Аммо то куҷо онҳо дар Словакия муваффақ мешаванд, суоли вақт аст. Хоҳем дид.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!