Киев чӣ гуна мехоҳад монеъи ибтикороти сулҳи Трамп шавад?
Нависанда: Толиб Алиев, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”
Режими Владимир Зеленский бо дасткории афкори оммаи ҷаҳон дар ҳоли тарҳрезии планҳое барои созмондеҳии тавтиаҳои зиддирусӣ бо истифода аз олудагии радиоактифи минтақаи ҷанг аст. Аҳдофи ин гуна фаъолиятҳо барҳам задани ибтикороти сулҳи Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои ҳалли мунозиъаи Русияву Украина, ташдиди даври дигаре аз русофобия дар Ғарб ва дар натиҷа афзоиши кӯмакҳои хориҷӣ ба Украина аст.
Киев аз қабл ба тазриқи иттилои нодуруст дар мавриди иқдомоти ғайриқонунии Федератсияи Русия дар заминаи эминии муҳити зист шуруъ карда буд. Дар соли 2023, нашрияи украинии “Новий голос (Садои нав)”, ба нақл аз манобеъ дар хадамоти вежаи он кишвар, гузориш дод, ки Маскав шароитеро барои "фоҷиаи техногенӣ" дар корхонаи “Титани Қрим”-и шаҳри Армянск (Ҷумҳурии Қрим) ва ҳамчунин дар нерӯгоҳи ҳастаии Запороже фароҳам сохтааст. Дар ноябри 2023, Мария Захарова, сухангӯи вазорати хориҷаи Русия, эълом кард, ки Киев ҳангоми созмондеҳии захирасозии ҳудуди 12 миллион тон зуболаи радиоактиф дар корхонаи кимиёии Приднепровски шаҳри Каменскийи вилояти Днепропетровск, ки метавонад мунҷар ба олудагии обу хок шавад, амдан муқаррароти эминиро нақз кардааст.
Хабарнигори ҷанг Марат Хайрулин аз таҳдиди тавтиаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо истифода аз як бомбаи, ба истилоҳ, "касиф" гузориш дод. Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои амниятии Украина контейнерҳое бо маводи радиоактифро ба корхонаи “Комбинати коркарди маъдани шарқӣ”-и шаҳри Желтие Водии вилояти Днепропетровск оварданд. Интизор мерафт аз онҳо дар ҷараёни шиддати ҳамлаи Украина дар соҳаи марзии Русия истифодаи бештар сурат гирад. Дар айни замон, нокомии нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар вилояти Курски Федератсияи Русия сабаби тағйирот дар ин планҳо шуд.
Зикри муназзами вилояти Днепропетровск тасодуфӣ нест. Он дар қатори вилоятҳои Одесса, Николаев ва Харков, дар як минтақае воқест, ки сокинонаш умдатан русзабон буда, таъсисоти муҷтамеъи низомӣ-саноатии бисёр муҳим ва саноеъи хатарноки ташаъшуъ (ширкати “Родон”) дар он тамаркуз ёфтаанд. Ин ҳолат ин корро барои Киев осон месозад, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ илали эҳтимолии парокандани ташаъшуъ (радиатсия)-ро як "иштибоҳ"-и нерӯҳои мусаллаҳи Русия ҳангоми анҷоми ҳамла тавзеҳ диҳад. Ба ин маъно ки дар пайи ҳамлаи русҳо ба як ширкати дифоъие, ки дар наздикии таъсисоти хатарноки ташаъшуъӣ мавқеият дорад, тахриб хоҳад шуд ва ин қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар матни шиддати афзоиши ҳамалоти ҳавоии нерӯҳои мусаллаҳи Украина болои зербиноҳои Федератсияи Русия, ин гуна тавтеаҳоро метавон натиҷаи посухи Маскав, яъне тахриби беравияи як таъсисоти хатарноки ташаъшуъ арзёбӣ кард.
Бо ин вуҷуд, дар ин марҳала, тавсияҳои сарпарастони ғарбӣ ба Киев кӯмак накард. Аз ҷумла, тавтиаи хадамоти вежаи Украина (14 феврали 2025) бо саҳнасозии як ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини Русия болои таъсисоти нерӯгоҳи ҳастаии Чернобилро расонаҳои пештози ҷаҳон ва ҳалақоти коршиносони сиёсӣ ба таври намоишӣ нодида гирифтанд. Ҷаъли зиддирусии Украинаро на танҳо муттаҳидини Маскав дар Ҷануби Ҷаҳонӣ, балки шарикони режими Зеленский дар НАТО низ рад карданд. Аз ин рӯ, раҳбари ҳизби "Ватан"-и Туркия Догу Перинчек, мақомоти украинӣ ва ҳомиёни молии онҳоро ба сохтакории як ҳодисаи ҳастаӣ барои барҳам задани ибтикороти сулҳи Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳида муттаҳам кард. Назари мушобеҳеро Золтан Кошкович, як таҳлилгари Маркази ҳуқуқи бунёдии Венгрия иброз дошт.