Хабари рӯз

Ин кишвар чӣ гуна бо СААД ҳамкорӣ ва бо таҳдидҳо мубориза мекунад?

Нависанда: Ҳабибуллоҳ Аминӣ, таҳлилгар

Дар соли 2024 Тоҷикистон дар низоми минтақавии амният мавқеъҳои калидӣ ишғол карда, нақши худро ҳамчун муҳимтарин посбони марзҳои ҷанубии Осиёи Марказӣ тасдиқ кард. Тоҷикистон кӯшишҳои худро ба мубориза бо таҳдидҳои асосӣ, аз қабили терроризм, ифротгароӣ ва тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир, ки ба суботи минтақа хатари ҷиддӣ доранд, равона мекунад.

 

Ташаббусҳо барои таъмини суботи минтақа

Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар таъмини амнияти Тоҷикистон нақши калидӣ мебозад. СААД якҷоя бо Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ сарҳадҳои беруниро аз ҳуҷумҳои ғайриқонунии ифротгароён ва террористон, бахусус аз Афғонистони ҳамсоя ҳифз намуда, бо қочоқи маводи мухаддир мубориза мебаранд. Илова бар ин, Тоҷикистону Русия барои пешгирии кӯшишҳои ноором кардани вазъ дар дохили кишвар, аз ҷумла пешгирии ба истилоҳ «инқилобҳои ранга» фаъолона ҳамкорӣ мекунанд. Ба туфайли ҳузури низомии Русия, бахусус пойгоҳи низомии 201, ва узвияти Тоҷикистон дар СААД аз чунин ҳолатҳо пешгирӣ карда мешавад.

Тавре доктори илмҳои таърих, профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ниёз Мирзоев мегӯяд: «Дар шароити воқеияти имрӯза,  бахусус дар пасманзари бесуботӣ дар Афғонистон, СААД ба як абзори ивазнашавандаи таъмини амнияти Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст”. Ӯ таъкид мекунад, ки пас аз ба сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон таҳдидҳои ҷиддӣ, аз қабили терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, ки барои тамоми минтақа хатар доранд, афзоиш ёфтаанд”.

Охири моҳи ноябри соли 2024 дар нишасти сарони кишварҳои узви СААД дар шаҳри Остона Барномаи мақсадноки байнидавлатӣ оид ба таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон ба тасвиб расид. Барнома, ки таҳияи он соли 2013 оғоз гардида буд, ба таҳкими амнияти марзҳои ҷанубии Созмон равона карда шуда, татбиқи он дар давраи аз соли 2025 то 2030 пешбинӣ шудааст. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба аъзоёни СААД барои дастгирии ин ташаббус изҳори сипос намуда, аҳамияти онро барои таҳкими амният дар минтақа таъкид кард. Дабири кулли Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ Иманғали Тасмағамбетов қайд намуд, ки барнома тадбирҳои мушаххасеро дар бар мегирад, ки ба таъмини амнияти қисми ҷанубии минтақаи масъулияти ин Созмон нигаронида шудаанд. Татбиқи ин барнома имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба захираҳои моддӣ, инчунин, механизмҳои дипломатӣ ва ҳарбии муҳофизат дастрасӣ пайдо кунад, ки ин амнияти на танҳо ҷумҳурии мо, балки тамоми минтақаи Осиёи Марказиро мустаҳкам мекунад.

Моҳи июни соли 2024 вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ташаббуси таъсис додани Маркази вокуниши башардӯстонаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар вилояти Хатлон баромад кард.

Ташаббуси Тоҷикистон дастгирӣ ёфт ва СААД ба омӯзиши коршиносии ин пешниҳод шурӯъ кард. Таъсиси Маркази вокуниши башардӯстона дар вилояти Хатлон имкониятҳои СААД-ро барои муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои муосир бештар гардонида, ба таҳкими амнияту субот дар минтақа мусоидат хоҳад кард.

 

Машқҳои низомӣ ва дигар тадбирҳо

Тоҷикистон неруҳои мусаллаҳи худро фаъолона мустаҳкам карда, мунтазам дар машқҳои муштараки СААД иштирок мекунад. Ин чорабиниҳо дар таҳкими қобилияти мудофиавии кишварамон нақши муҳим мебозанд. Профессор Ниёз Мирзоев аҳамияти чунин чорабиниҳоро дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва берун аз он таъкид менамояд: “Ин машқҳо ба қувваҳои мусаллаҳи мо дар коркарди амалиётҳои муштарак якҷоя бо иттифоқчиён, баланд бардоштани омодагии ҷангӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои наву ҳаллҳои тактикӣ кумак мекунанд”.

Ҳадаф аз ин машқҳо - коркарди сенарияҳои рафъи таҳдидҳои эҳтимолӣ аз ҷониби гурӯҳҳои террористии дар вилоятҳои шимолии Афғонистон мустақаршуда аст. Яке аз чунин чорабиниҳои охирин,  ки моҳи октябри соли гузашта дар тамрингоҳи “Ҳарбмайдон”  баргузор гардид, машқҳои “Марз-2024» буд. Дар рафти ин машқҳо ҳудуди 1500 нафар низомиён, 250 адад техникаи низомӣ ва махсус, аз ҷумла ҳавопаймоҳо, чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ҷалб карда шуданд.

Ҳадаф аз баргузории ин машқҳо - коркарди амалиётҳо оид ба безараргардонии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, ки шартан ба қаламрави ягон кишвари узви СААД ворид шудаанд, мебошад. Мувофиқи сенария, душмани шартӣ сарҳади давлатиро дар якчанд самт убур карда, маҳалҳои аҳолинишинро ишғол намуда, сокинонро гаравгон гирифта буд. Дар рафти машқҳо артиллерия ва авиатсияи ҳарбӣ фаъолона истифода бурда шуда, дар натиҷа ҳаракати душман боздошта шуд ва барои ҳуҷуми ҷавобӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Қисмҳои Қувваҳои дастаҷамъии зудамали минтақаи Осиёи Марказӣ вазифаҳои гузошташударо бомуваффақият иҷро намуда, назоратро аз болои сарҳади давлатӣ барқарор намуданд.

Илова бар ин, таи чанд соли охир бо кӯмаки Русия иқтидори низомии  Тоҷикистон таҳким ёфт, Русия беш аз 70 адад техникаи муосири низомиро ба Тоҷикистон дастрас намуд. Дар соли 2021 ба пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон 30 адад танки Т-72Б3М дорои хусусиятҳои мукаммалшудаи ҷангӣ дастрас карда шуд, ки ин ба баланд бардоштани иқтидори ҷангии низомиён мусоидат намуд. Дар доираи таъсис додани низоми ягонаи дифои ҳавоии кишварҳои СААД, соли 2023 Русия ба Тоҷикистон ду дивизияи маҷмааҳои зенитию мушакии С-300, аз ҷумла ҳашт дастгоҳи бакорандозӣ дастрас намуд.

“СААД қудрати на танҳо бо таҳдидҳои маъмулӣ, аз қабили терроризм, мубориза бурдан, балки вокуниш нишон додан ба чолишҳои нав, аз ҷумла таҳдидҳои гибридӣ ва ҳамлаҳои иттилоотиро дорад. СААД аллакай самаранокии худро дар ҳолатҳои вазнин собит кардааст”, - мегӯяд профессор. Коршинос мутмаин аст, ки рушди минбаъдаи Созмон ва таҳкими мавқеъҳои он барои нигоҳ доштани субот дар тамоми фазои пасошӯравӣ зарур аст: “Танҳо тавассути кӯшишҳои дастаҷамъона мо метавонем ба таҳдидҳои пешомада муқобилат кунем. СААД гарави амният ва оромии наслҳои ояндаи мо мебошад”.

Таъмини киберамният ва ҳифзи фазои иттилоотӣ дар сиёсати кишвар мавқеи махсусро ишғол мекунад. Мақомоти Тоҷикистон ба паҳншавии ғояҳои тахрибкор ва таблиғоти радикалӣ дар муҳити (фазои) рақамӣ фаъолона муқобилат карда, вуруди онҳоро тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ пешгирӣ мекунанд. Чунин рафтори комплексӣ кӯшиши Тоҷикистонро барои таҳкими амният на танҳо дар сатҳи ҷисмонӣ, балки дар муҳити виртуалӣ тасдиқ карда, аҳамияти чолишҳои навро дар ҷаҳони муосир инъикос мекунад.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!