Як ҷузъиёти ҷолиб дар бораи аввалин вазири маорифи Тоҷикистон
Нависанда: Ориф Ҳасанхон Охундзода, муҳаққиқ ва таҳлилгари масоили минтақаӣ ва Покистон, узви Шӯрои машваратии ”Сангар”
Нисор Авалович Магомедов шакли пурраи русишудаи номи “Нисор Муҳаммад” аз қарияи Зайда, вулусволии Савобӣ — вилояти Хайбар Пахтунхоҳ (он замон Вилояти Сарҳади Шимолу Ғарбӣ ё NWFP) аст.
Нисор Муҳаммад, бино ба гуфтаи худаш, дар соли 1897 таваллуд шуда буд. Ӯ ҷавони боҳуш, жарфандеш ва моҷароҷӯ буд, ки аз Инқилоби Октябр, ленинизм ва нуфузи раҳбарони нахустини коммунисти Ҳинд, монанди Манабендра Рой таъсир пазируфта буд.
Дар даҳаи 1920 ӯ хонаи худро барои ҳамеша тарк кард ва ба Русияи Шӯравӣ рафт; ҷое ки ба Ҳизби Болшевик пайваст ва сипас ба Ҷумҳурии Сотсиалистии Шӯравии Туркистон фиристода шуд. Бо таъсиси Ҷумҳурии Сотсиалистии Шӯравии Тоҷикистон дар 5 декабри 1929, ӯ ба ҳайси нахустин комиссари халқ (вазир)-и маорифи он интихоб гардид.
Ӯ барои чандин сол ин мақомро нигоҳ дошт то замоне ки мавриди ғазаби Сталин қарор гирифт ва дар поксозиҳои бузурги Шӯравӣ дар охири даҳаи 1930 кушта шуд. Ду тани дигар аз раҳбарони аввали Шӯравии Тоҷикистон - Нусратулло Махдум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, ҳамчунин шумори зиёде аз русҳо ва дигарон - низ шаби 20 октябри 1937 ҳамроҳи ӯ тирборон шуданд.
Ин ҳақиқат, ки мақомоти Шӯравӣ салоҳ дониста буданд Нисор Муҳаммадро маҳз ба Тоҷикистон бифиристанд, дар он марҳалаи муҳими таърихӣ як нуктаи бисёр қобили таваҷҷуҳи ҳам рӯзгори ӯ ва ҳам пешинааш ба назар мерасад.
Гарчи Нисор Муҳаммад ба далелҳои зоҳирӣ ва равшан, худро як афғони “манданр” муаррифӣ мекард, аммо дар ҳақиқат ҳеҷ чизро наметавон бо итминон дар бораи решаҳои қавмии воқеии ӯ гуфт. Ӯ аз қарияи Зайда дар вулусволии Савобии дараи Пешовар буд. Минтақаи сарсабзи Савобӣ, ки имрӯз маркази қабилаи манданр аз афғонҳои юсуфзай аст, пеш аз тасаллути юсуфзайҳо ва Темуриён дар 500 соли пеш, сарзамини тоҷикон буд ва бахше аз вилояти Бунер дар подшоҳии Савотии Паҳли Саркор ба шумор мерафт.
Қарияи Зайда низ ба навбаи худ маркази аслии шохаи Абохел аз манданрҳои юсуфзай ба шумор меравад. Ин қабила ва қабилаҳои дигар ҳамагӣ шинохта шудаанд, ки пас аз юриш ба ин манотиқ дар 500 соли пеш, ҷамъияти бузурге аз тоҷикони бумиро дар худ ҳазм кардаанд.
Гарчи ҳувияти расмии Нисор Муҳаммад як пуштун аз тоифаи айюбхели шохаи абохели манданр дониста мешавад, аммо ҷолиби таваҷҷӯҳ аст, ки “кандӣ” (маҳалла)-и Айюбхел дар Зайда, ҳамзамон ба таври густарда тавассути сокинони бумии он сарзамин маскун аст — аз ҷумла гуҷурҳо, танулиҳо, авонҳо, дилозакҳо/хаттакҳо ва тоҷикони пуштуншудаи шохаи митравӣ аз свотиҳо, ки ҳоло ба номи ғолихел шинохта мешаванд.
Ғолихелҳо на танҳо дар дигар бахшҳои Савобӣ ёфт мешаванд, балки дар Кунар-Боҷавур ва ҳамчунин дар Мансеҳра низ ҳузур доранд. Ва барои таъкиди дубора, шумори зиёде аз тоҷикони митравӣ дар саросари подшоҳии пешини Савот мушаххас шудаанд, ки дар миёни юсуфзайҳо ва дигар қабилаҳои пуштун, ки бар манотиқи онҳо чира шуданд, ҳазм шудаанд — монанди муҳмандҳо, салорзайҳо ва усмонхелҳо ва ғайра. Онҳо ҳоло, мутаассифона, гароиш доранд, ки худро пуштун-афғон муаррифӣ кунанд (худи нависанда ин сатрҳо низ як Охундзодаи митравӣ аст, ки ҳоло бо ҳувияти зоҳирии “мӯҳманд” шинохта мешавад).
Нисор Муҳаммад фарзанди Аввалхон буд ва падарбузургаш Муҳаммадалӣ ном дошт. Ду ниёи дигари ӯ дар хати падарӣ ба номҳои Каримхон ва Карамхон буданд. Гуфта мешавад, ҳангоме, ки ӯ аз роҳи Кобул ба Иттиҳоди Шӯравӣ рафт, ҳамсари ҷавонаш ҳамроҳ бо кӯдаки якмоҳааш дар Покистон боқӣ монданд. Аз дигар аъзои хонавода ёдоварие нашудааст.
Ҳамсараш андаке баъд даргузашт ва он кӯдакро падарбузурги модариаш, Сиддиқ Аҳмад, бузург кард. Ӯ то соли 1996 зинда буд ва дар ҳамон сол дар синни пирӣ даргузашт. Ӯ як писар ба номи Мақбул Аҳмад дошт, ки ҳанӯз зинда аст ва ҳоло дар охири даҳаи шастуми умри худ қарор дорад. Ӯ дар бозори Савобӣ як дорухонаро идора мекунад.
Нисор Муҳаммад пас аз расидан ба Иттиҳоди Шӯравӣ, мутобиқи қонун, номи худро русӣ кард ва ба “Нисор Авалович Магомедов/Махмадов” тағйир дод. Ӯ ҳамчунин бо зане рус издивоҷ кард, ки аз ӯ чанд духтар дошт.
Манбаъи банда ривоят мегӯяд, ки тақрибан 27 сол пеш (ин матлаб соли 2020 навишта шудааст – “Сангар”), ду тан аз ин хоҳарон дар қолаби як ҳайат ба Пешовар сафар карда буданд. Набераи ӯ, Мақбул Аҳмад, дертар аз сафари аммаҳояш огоҳ шуд ва шитобон ба Пешовар рафт, то онҳоро бубинад, аммо онҳо пеш аз расидани ӯ он ҷоро тарк карда буданд. Духтарони Нисор Авалович Магомедов дар он замон тақрибан ҳафтодсола буданд ва дар айни замон барҳаёт нестанд.
Хидматҳои Нисор Муҳаммад барои Тоҷикистон дар солҳои оғози таъсиси онро хеле ситоиш мекунанд ва аз саҳму хидматҳои ӯ бо эҳтиром ёд мешавад.