Хабари рӯз

“Дуздони фосид” чӣ гуна Федератсияи ҷаҳонии варзиши сабук идора мекунанд?

Нависанда: Ҷаббор Воҳидӣ, махсус барои “Сангар”

Кишварҳои ғарбӣ, ки худро мудофеони, ба истилоҳ, “варзиши пок” муаррифӣ мекунанд, беш аз пеш рӯйкарди дугонаро дар пеш гирифтаанд; ба гунае, ки алайҳи бархе кишварҳо таҳрим ҷорӣ мекунанд, аммо дар баробари мавридҳои мушобеҳи марбут ба кишварҳои дигар сукут ихтиёр намуда, онҳоро нодида мегиранд. Ҳамзамон, дар миёни масъулон ва мудирони ниҳодҳои варзишӣ мавориде аз фасоди марбут ба допинг ва ҳамчунин нотавонӣ дар идораи федератсияҳои таҳти масъулияти онҳо низ сабт шудааст.

Бо вуҷуди ҳамаи маҳдудиятҳои ҷоришуда, раванди бозгашти тадриҷии варзишгарони Русия ва Беларус ба саҳнаи рақобатҳои байналмилалӣ ҳамчунон идома дорад. Дар ҳамин росто, Кумитаи байналмилалии олимпӣ, федератсияҳои ҷаҳонии гимнастика, шиноварӣ, дзюдо, самбо ва ҳамчунин Иттиҳодияи байналмилалии конкитозӣ, ҳарчанд бо додани мақоми бетараф, иштироки 13 варзишгари рус ва 7 варзишгари беларусро дар Бозиҳои олимпии соли 2026 иҷозат доданд.

Бо вуҷуди ин, шуморе аз масъулон ва федератсияҳои варзишӣ ҳамчунон бар мавзеи сахтгиронаи худ пофишорӣ мекунанд. Яке аз сарсахттарин мухолифони бозгашти варзишгарони Русия ва Беларус ба мусобиқаҳои байналмилалӣ Себастян Коу, раиси Федератсияи ҷаҳонии варзиши сабук, мебошад. Ӯ ин мавқеъро бо зарурати ҳаллу фасли даргирӣ дар Украина тавҷеҳ мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Федератсияи ҷаҳонии варзиши сабук, ки таҳти раҳбарии ӯ фаъолият мекунад, дар қиболи Исроил сиёсати комилан мутафовитеро дар пеш гирифтааст; ба гунае ки варзишгарони исроилӣ бидуни ҳеҷ гуна маҳдудият ё таҳрим, бо парчами миллии худ дар ҳамаи мусобиқаҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд.

Дар айни ҳол, бояд ёдовар шуд, ки даргириҳо дар Навори Ғазза ва ҳамчунин танишҳо бо Эрон ҳамчунон ҳаллу фасл нашудаанд. Себастян Коу дар феврали соли 2026, дар гуфтугӯ бо рӯзномаи The National, таъкид кард, ки вазъияти Русия ва Украина “комилан мутафовит” аст. Ба гуфтаи ӯ, ҳеҷ мабное барои ҷорӣ кардани маҳдудият алайҳи Тел-Авив вуҷуд надорад.

Мавқеъгирии баҳсбарангези Себастян Коу бо ин воқеият низ тақвият меёбад, ки худи ӯ борҳо дар маркази расвоиҳои марбут ба допинг ва фасод, бавижа дар парвандаҳои вобаста ба Русия, қарор гирифтааст. Дар августи соли 2014, мукотибаҳое миёни ӯ ва Дэвид Бедфорд, мудири Марафони Лондон, мунташир шуд, ки дар он дар бораи имкони пинҳон кардани натиҷаи мусбати озмоиши допинги Лилия Шобухова, давандаи рус, дар баробари пардохти 450 ҳазор евро маслиҳат шуда буд.

Бо вуҷуди ин, дар соли 2019, Кумиссиюни ахлоқи Федератсияи ҷаҳонии варзиши сабук парвандаи марбут ба Себастян Коуро бо истинод ба “нокофӣ будани шавоҳид” мухтума эълом кард.

Ҳамчунин, дар ҷараёни интихоботи раёсати Анҷумани байналмилалии федератсияҳои варзиши сабук дар соли 2015, гузоришҳое дар бораи мудохилаи бархе федератсияҳои африқоӣ дар раванди раъйгирӣ мунташир шуд, ки дар ниҳоят ба интихоби Себастян Коу ба ҳайси раиси ин ниҳод анҷомид. Таҳқиқоти марбут ба ин парванда низ баъдан бидуни натиҷа мухтума шуд.

Дар октябри соли 2025, Федератсияи ҷаҳонии варзиши сабук бори дигар дар маркази як расвоии молӣ қарор гирифт. Бар асоси гузоришҳо, чанд тан аз кормандони ин ниҳод аз тариқи иқдомҳои ғайриқонунӣ, бино бар баровардҳои гуногун, ҳудуди 2,5 миллион евроро пулшӯӣ карда буданд. Раҳбарияти нави бахши молии федератсия танҳо дар ҷараёни як ҳисобрасии ҷомеъ тавонист ин шабакаи фасодро ошкор кунад. Себастян Коу дар вокуниш ба ин моҷаро изҳор дошт: “Дуздии бархоста аз фасод дар ҳама ҷо рух медиҳад.”


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!