Хабари рӯз

Панҷ танзими дигар дар канори Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон вориди ҷанг бо Толибон* шуданд

ҲИНДУКУШ, 28 март - Сангар, Ҳасиб Сангарӣ. Ин танзимҳо бо номҳои мухталиф дар тамоми вилоёти Афғонистон ҳузур пайдо карда, бар Толибон ҳамалоти чирикӣ анҷом медиҳанд.

Хабарнигори сомонаи Сангар аз Ҳиндукуш хабар медиҳад, ки дар саросари Афғонистон давраи аввали ҳамлаҳои баҳорӣ алайҳи гурӯҳи Толибон шуруъ шуда, панҷ ҷунбиши озодихоҳи мухталиф дар 34 вилоят дар канори Ҷабҳаи муқовимати миллӣ таҳти раҳбарии Аҳмади Масъуд вориди майдон шудаанд.

Сангар, бино ба иттилооте, ки дар даст дорад, ин гуруҳҳоро як-як ба муаррифӣ мегирад:

  1. ТАҲРИКИ ИСЛОМӢ – МИЛЛИИ ОЗОДИИ АФҒОНИСТОН аз аввалин танзимҳои зиддитолибонӣ аст, ки дар вилояти Нангарҳор бо раҳбарии Абдулматин Сулаймонхел, собиқ афсари урдуи Афғонистон эълони мавҷудият кард.

Мавлавӣ Хайбар, яке аз фармондеҳони Толибон ба ин далел ки ин гуруҳ дар хизмати Созмони истихбороти Покистон (ISI) қарор дорад, низ ба Таҳрики исломӣ – миллии озодӣ пайваст.

Абдулматин Сулаймонхел ҳудуди 40 сол дошта, аз паштунҳои Шакардараи вилояти Кобул аст. Вай дар замони ҳукуматҳои ҷумҳурият фармондеҳи кандаки дувуми кумондуи ливои севуми минтақаи шарқи қули урдуи амалиёти хос ё нерӯҳои вижаи вазорати дифоъи Афғонистон буд. Дар оғози соли 2020 ҳукумати Ғанӣ вайро дар қатори ҳудуди 100 генералу афсари урду тақовуд дода шуд, ки эътирози ӯро ба вуҷуд овард.

Таҳрики исломӣ – миллии озодии Афғонистон ҳоло дар вилоятҳои машриқиву ҷанубӣ фаъолият мекунад. Рӯзи 26 март сарбозони ин таҳрик Мавлави Ҳанзала, яке аз фармондеҳони Толибонро дар шаҳри Лашкаргоҳи вилояти Ҳилманд тавассути инфиҷор мина ба ҳалокат расонданд.

  1. ҶАБҲАИ ОЗОДИИ АФҒОНИСТОН, ки дақиқан маълум нест аз сӯи кӣ раҳбарӣ мешавад, аммо бар бунёди гузоришҳои таъйидношуда, фармондеҳии онро як чеҳраи маъруфи низомӣ - генерал Аҳмад Ёсин Зиё ба дӯш дорад.

Аҳмад Ёсин Зиё ҳудуди 50 сол дошта, аз тоҷикони Шакардараи вилояти Кобул аст. Вай аз фармондеҳони Аҳмадшоҳи Масъуд дар замони Муқовимати аввал буд. Дар замони ҷумҳурият волии Тахор, муовини раиси Раёсати амнияти миллӣ ва сардори Ситоди кулли вазорати дифоъи Афғонистон буд.

Ҷабҳаи Озодӣ феълан дар вилоятҳои Шимолу Шарқ – Тахору Бадахшон ва Марказ – Парвон фаъолият мекунад. Сарбозони ин ҷабҳа 27 март дар Бадахшон як фармондеҳи Толибонро ба ҳалокат расонданд.

  1. ҶАБҲАИ НУР, ки ба номи нерӯҳои силаҳшӯри Устод Атомуҳаммади Нур ва ҳам чирикҳои Шӯрои Олии Муқовимат низ муаррифӣ мешавад. Генерал Устод Атомуҳаммади Нур, маъруф ба Устод Ато, аз шахсиятҳои шинохтаи сиёсиву низомӣ ва раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон аст.

Устод Ато 57 сол дошта, зодаи шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх аст. Вай тоҷик буда, дар замони Муқовимати Аввал аз фармондеҳони Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Дар замони ҷумҳурият ӯ ҳудуди 15 сол волии Балх ва аз таъсиргузортарин волиҳои Афғонистон ба шумор мерафт.

Ҷабҳаи ӯ дар ҳоли ҳозир дар вилоятҳои Самангон, Сарипул ва Балх ҳузур доранд. Афроди марбут ба Устод Ато ба Сангар гуфтанд, ки ҷабҳаи онҳо амалан амалиётҳои худро шурӯъ накарда, аммо ҷангҳое, ки моҳи декабри гузашта дар Самангон дошт, сирф хусусияти дифоъӣ доштанд. Дар ин ҷангҳо даҳҳо нафар толиб ба ҳалокат расида буд.

  1. ҶАБҲАИ ОЗОДӢ ВА МАРДУМСОЛОРӢ, ки бино ба ёфтаҳои таъйидношуда, аз сӯи ҷавоне ба номи Козим дар кӯҳистоноти вилояти Бомиён фаъол шуда, ҷавонони ҳазораро муттаҳид мекунад. Ин нахустин ҷабҳаи низомии ҳазораҳо ба пайравӣ аз «андешаи Мазорӣ» эъломи мавҷудият кардааст.

Дар наворе, ки сарбозони Ҷабҳаи озодӣ ва мардумсолорӣ нашр карданд, парчами серанги Афғонистон ва парчами “Ҳазористон” бо акси Абдулалии Мазорӣ, раҳбари фақиди ҳазораҳо дида мешавад.

Абдулалии Мазорӣ, раҳбари Ҳизби ваҳдати исломии Афғонистон буд, ки соли 1996 аз сӯи Толибон ба шаҳодат расидааст.

 

  1. СИПОҲ ОЗОДӢ, ки бино ба гузоришҳои таъйидношуда, аз сӯи Масъуд Андаробӣ, як шахсияти низомӣ ва истихборотии маъруфи Афғонистон раҳбарӣ мешавад.

Генерал Муҳаммад Масъуд Андаробӣ 42 сол дошта, аз тоҷикони вулусволии Деҳсалоҳи Андаробҳои вилояти Бағлон аст. Вай дар гузашта раиси Раёсати амнияти миллӣ ва вазири дохилаи Афғонистон буд.

Бино ба ду наворе, ки сарбозони Сипоҳи Озодӣ нашр кардаанд, онҳо дар вилояти Бағлон ва вулусволиҳои моварои Кӯкчаи вилояти Тахор – Рустоқ, Чаҳоб, Янги Қалъа ва Дарқад фаъолият доранд ва чанд амалиёт низ алайҳи Толибон анҷом додаанд.

Дар ҳамин ҳол, наворҳое низ аз пуштибонии афроди шинохта ва гуруҳҳои нав пахш шудаанд, ки ба пуштибонӣ аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон садо баланд кардаанд. Дар яке аз ин наворҳо як сарбози нерӯҳои вижаи собиқи вазорати дифоъи Афғонистон аз пайвастани ҳудуди 500 сарбози урдуи собиқ хабар додааст.

Зоҳиран, суханронии Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон, дар робита ба соли нави 1401 ҳиҷрии шамсӣ бар ҷомеаи кишвар таъсири амиқ дошт, ки ташдиди фаъолиятҳои ҷабаҳоти зиддитолибонӣ бештар шудааст. Вай эълон кард, ки аз тамоми ин ҷабаҳот истиқбол ва ҳимоят мекунад.

Қаблан Зало Зозай, як афсари вазорати дохила ва Самеъ Содот, фармондеҳи нерӯҳои хоси вазорати дифоъи пешини Афғонистон ҷонибдории худро аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон эълом дошта буданд.

Толибон дар робита ба ин таҳаррукот то ба ҳол вокунише нишон надодаанд, аммо гузоришҳое ба даст омадаанд, ки онҳо сангарҳои худро дар Тахору Бағлон раҳо карда, рӯ ба фирор овардаанд. Аз сӯи дигар, ин гузоришҳо низ мерасанд, ки Толибон дар Панҷшер ба таҷдиди қувваҳо шуруъ карда, нерӯи бештареро вориди ин дара мекунанд.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!