Хабари рӯз

Як хонуми фаронсавӣ, намояндаи Инглис ва як намояндаи баландпояи Амрико нухбатарин ва маслакитарин нерӯҳои воҳиди вокуниш ба буҳрон (Crisis Response Unit, ё CRU 222) – ро аз Афғонистон берун кашиданд, ки забти Кобулро барои Толибон осон кард.

Нависанда: Арсалон Хонзода

Муомила ва фурӯши сарбозони CRU 222.  

Онон инчунин фурӯхта ва тавассути муттаҳидини байналмилалӣ бо хонаводаҳояшон аз кишвар берун кашида шуданд.

Қитаоти хоси Афғонистон беназиртарин, нухбатарин ва маслакитарин низомиён дар сатҳи кураи замин дар амалиётҳои ҷангӣ буданд.

Ҳодисаи Багром ёдатон аст? Амрикоиҳо 24 соат натавонистанд террористонро аз по дар биёранд, магар ин далермардон дар зарфи 40 дақиқа бо куштани 6 террорист соҳаро поксозӣ карданд. Инчунин амалиёт дар инчунин муддати кам дар сатҳи ҳеҷ нуқтаи ҷаҳон то акнун сабт нагардида буд, ки нерӯҳои афғон онро дар таърих ба номи худ рақам заданд.

Хонуми фаронсавӣ ба номи мустаори Анна (Anna) ва Мак Тони, намояндаи инглис, ки ба номи мустаори Андрес Остланд (Andres Ostlund) ва як намояндаи баландпояи идораи амнияти милли Амрико ба номи Лаура (Laura) дар мавриди берун кашидани ин нерӯҳо нақши калидиро бозӣ карданд ва саранҷом муваффақ ҳам шуданд.

Тамоми қуваҳои мусаллаҳи Афғонистон агар нобуд мешуд, ин қитъаот ҳеҷ гоҳе намегузоштанд, ки душман бар Кобул дохил шаванд, магар тавассути дастур ва амрҳои сарқумандони аълои фирорӣ ҷаноби Ғании ватанфурӯш ва вазири дохила Мирзаквол, ки барояш гуфтанд, то замоне, ки нерӯҳои вежаатро қаноат надиҳӣ, аз дарвозаҳои Кобул ақибнишинӣ накунанд, паспортатро, ки визаи Амрикоро хӯрдааст, намедиҳем.

Сарбозони қитаоти хоси CRU 222, нерӯҳои вежаи мубориза бо маводи мухаддир, ки дар чаҳор дарвозаи Кобул ва нуқоти асосӣ барои дифоъи Кобул бо таҷҳизоти сабуку сангин барои дифоъи ватан омодабош қарор доштанд ва бо чашмони пурашк аслиҳаҳояшонро, ба дастури вазири дохила ва раисҷумҳур бар депои марказӣ таслим карданд ва саранҷом онон дар парвозҳои чартершуда аз майдони ҳавоии Кобул ба Амрико, Олмон, Фаронса, Лондон, Канада ва Суис интиқол дода шуданд.

 Ҳама чиз барои дифоъи Кобул омада буд. Сарбозон, ки бист сол барои оромиши ин мардуми носипос ва бевиҷдон монанди мардумаки чашмашон аз онҳо мувозибат, ҳифозат карданд, канори мо истода нашуданд.

Як сарбози мубориза бо маводи мухаддири вазорати умури дохила гуфт, аз дарвозаи Кобул, ки дар Арғандии Кобул аст, бар сӯи маркази савқ, ки дар дохили майдони ҳавоии Кобул таъйин шуда буд ва дар мухобира барои мо вазири умури дохила дастур дод, ки тамоми қитаот ин ҷо ҷамъ шуда ва аз ин ҷо бо соири қатаот, ки омадаанд, якҷо амалиёти бузурги тасфиявӣ ва бузургро оғоз мекунем. Мо фиреби дастурро хӯрда, бо теъдоди 127 сарбоз бо таҷҳизоти сабуку сангин бо бештар аз 80 ҳомвейи зиреҳӣ, ки муҷаҳҳаз бо ҳар навъ таҷҳизоти ҷангӣ буданд, аз дарвоза бар сӯи масири худамон ҳаракат кардем.

Ман болои тонки ҳомвей нишаста будам. Аз масири Арғандӣ то майдони ҳавоӣ зери ниқобам гиря кардаам. Фаҳмида будам, ки фурӯхта шудем. Як афғон, як шаҳрванди ин ватан барои мо нагуфт, куҷо меравӣ, эй сарбоз? Бар чашмони мо дида ва наззорагар буданд.

Як бандаи Худо пайдо нашуд ва нагуфт, куҷо меравӣ, сарбоз? Чаро инчунин корвони бузург ва азими қувваҳои хос бо чеҳраҳои нигаронкунанда ва бо гулӯҳои пур аз буғз бар сӯи мақсади таслимӣ меравед? Чаро охир?

Роҳҳоееро, ки тай мекардам, қалбам мегуфт, инон думболи мо гиря доранд. Ҷаҳаннам буд. Он рӯз воқеан ҷаҳаннамро дидам. Оташи ҷанг инчунин дард надошт, ки ман инчунин саҳнаро медидам.

Рӯзи бисёр сахте буд. Ман дар сахттарин масирҳое, ки бештар аз 8 соат дар онҳо рафтуомад мекардем, хаста намешудам, магар масири 50 дақиқаӣ барои ман 50 сол тамом шуд.

Мардум ҳама дар фирор буданд. Дар соҳаи донишгоҳи политехник расидем. Ҷавонон ва духтарони ҷавон дар фироранд. Замоне, ки корвони мо истода шуд, то бидонем ҳарф аз чӣ аст, ҳама мегуфтанд, раисҷумҳур фирор кардааст ва инон бар хонаҳояшон фирор доранд. Як муҳассили таҳсилкарда дар миёни ҳафт ҳазор муҳассили он донишгоҳ канорам наомад, нагуфт, шукр сарбоз, ки расидӣ! Ту куҷо будӣ, фариштаи наҷоти мо?

Магар ҳама фирор мекарданд. Ҳама! Ҳеҷ кас бар ҳарфҳои мо гӯш намекард. Ҷавону пир дар фирор буданд.

Бист сол барояшон заминаи таҳсилро муҳайё кардем ва саранҷом оқибаташонро дидем. Агар афғонҳо сад сол ҳам таҳсил кунанд, ҳамон мардуми тарсу, буздил, беғайрат, чаповулгар, хоин ва ватанфурӯшанд.

Онон лоиқи ҳеҷ чизе нестанд, ҳатто ватан!

‏Буғз гулӯямро фишурда ва чизе барои гуфтан надорам.

Аз ин ки як низомӣ дар давлати муфсиди Ғанӣ будам, шарманда ва пушаймонам.

Хунро бо хун посух медиҳем, мутмаин бошед.

Сарбози фурӯхташудаи қувваҳои мусаллаҳи Афғонистон Арсалон Хонзода,

 Украина, Киев.


Таърих

Видео

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!