Пас аз таҷовузи бародари ҳамсари Мавлавӣ Амонуддин, воли Бадахшон, як парастор (ҳамшираи шафқат) худкушӣ кард.
Кундуз, 4 апрел - Сангар, Ҷамшед Бадахшӣ. Ин аввалин ва зоҳиран охирин мавриди таҷовуз ба занону духтарон тавассути Толибон дар Бадахшон ва дигар манотиқи Афғонистон нест.
Як манбаъи мувассақи “Сангар” дар Бадахшон гузориш медиҳад, ки Сайид Музаммил валади Сайид Наҷмуддин, маъруф ба Доктор Музаммил, сардухтури шифохонаи Чокарон, маркази шаҳристони Вардуҷ, ба як духтари парастор ба номи Шукрона бинти Наҷмуллоҳ таҷовуз кардааст, ки ба думбол он ин духтар худкушӣ кард.
“Музаммил ба парастори дигаре қурси хоб дод, то Шукронаро бихобонад. Вақте ӯро хобонданд, ба ӯ таҷовуз кард. Ин ҳодиса дар рӯзи даҳуми Рамазон ҳаволии соати 23:00 дар бемористони Вардуҷ рух дод. Шукрона пас аз ба ҳуш омадан саъй кард худро аз табақаи дувум партоб кунад, аммо ҳамкоронаш монеъ аз ин кори ӯ шуданд”, - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи вай, Шукрона рӯзи баъд заҳр хӯрду аз ҳуш рафт ва пас аз он ба шифохонаи шаҳри Файзобод, маркази вилояти Бадахшон мунтақил шуд, аммо ҳаволии соати 10-и субҳи рӯзи 3 апрел ҷон бохт.
"Вай духтари Наҷмуллоҳ, фармондеҳи хезиши мардумӣ буд, ки дар даргирӣ бо Толибон ба фармондеҳии Мавлави Амонуддин дар замони ҷумҳурӣ дар як ҷанги рӯёрӯй кушта шуд", - гуфт манбаъ.
Вай афзуд, Шукрона ҳудуди 17 сол син дошту ягона ноновари хона ва ахиран номзад шуда буд.
“Замоне, ки ин ҳодиса барои ӯ иттифоқ афтод, ба касе чизе нагуфта ва қабл аз заҳр хӯрдан паёмаки телефонӣ барои бастгонаш ирсол кард, ки маврид таҷовузи ҷинсии Доктор Музаммил қарор гирифтааст ва номзадаш ба ин кор ҳеҷ рабте надорад”, - гуфт манбаъ.
Ин аввалин ва зоҳиран охирин мавриди таҷовузи ҷинсии Толибон ва афроди наздики онҳо ба духтарону занони бедифоъ нест. Дар моҳи октябри соли гузашта, “Сангар” аз мавҷи таҷовуз ба занону духтарон ва фасоди ахлоқии густурдаи Толибон дар шаҳристонҳои минтақаи Роғҳои Бадахшон гузориш дода буд. Яке аз ин маворид зинои як толиб бо хоҳари ҳамсараш буд.
“Мизони ҳамоқати толиби Роғҳо”: чаро Бадахшон ба по хест?
Пас аз рӯи кор омадани Толибон дар Афғонистон, мавориди таҷовуз ва озори ҷинсӣ аз сӯи ҷангиёни ин гурӯҳ афзоиш ёфтааст, аммо бештар маворид дар расонаҳо пӯшиш дода намешавад. Пеш аз ин "Сангар" беш аз 10 мавриди таҷовуз ҷинсии фардиву гурӯҳӣ ва издивоҷҳои иҷбориро танҳо дар шаҳристони Дараи вилояти Панҷшер мустанад карда буд.
Дара: таҷовуз, никоҳи иҷборӣ ва шиканҷаи занон - феҳристи такмилшуда
Яке аз рӯйдодҳои ҳавлнок чанде пеш дар шаҳри Мазори Шарифи вилояти Балх рух дод, ки бар асос гузориши расонаҳо, яке аз занони фаъоли маданӣ дар тайи 16 шабонарӯз мавриди таҷовузи ҷинсии 35 толиб қарор гирифт. Вай бо васотати мӯйсафедон озод шуд ва бидуни хонавода худро ба Эрон расонд.
Ба гузориши расонаҳо, дар шаҳри Ғазнӣ, се толиби мусаллаҳ ба як духтар дар минтақаи Сарои Содот, таъмиргоҳи худравҳо таҷовуз карданд. Нигаҳбон ба истихбороти Толибон иттилоъ дод ва ҳар се дастгир шуданд, аммо чун бо Шабакаи Ҳаққонӣ дар иртибот буданд, бо талоши пулиси Ғазнӣ озод шуданд.
Дар 28 феврал, ду узви Толибон ба як хона дар рустои Хонақоҳи шаҳристони Савмақалъаи вилояти Сарипул ҳамла оварда, ба як модар ва ду духтараш, ки зери 18 сол син доштанд, таҷовуз карданд.
То кунун ҳеҷ гузорише мабнӣ бар муҷозоти Толибон ба далели таҷовуз ва озори ҷинсӣ вуҷуд надорад, агарчи Толибон иддао мекунанд, ки як иморат исломӣ месозанд ва қонуни шариатро ҷорӣ месозанд, ки чунин ҷиноётеро бо эъдом муҷозот мекунад.
Ҳамчунин доктор Музаммил, бародари ҳамсари аввали Мавлавӣ Амонуддин, волии Бадахшон, боздошт ва муҷозот нашуд. Бар асоси гузоришҳо, вай акнун аз хашми мардуми Вардуҷ дар хонаи язнаи қудратманди худ паноҳ бурдааст.