Хабари рӯз

Толибон дар ҳоли эҷоди як нерӯи интиҳорие ба номи “Сипоҳи гумном” аст, ки аз сӯи Қорӣ Фасеҳуддин раҳбарӣ хоҳад шуд.

Кобул, 6 апрел - Сангар, Фарзом Козимӣ. Ин тарҳ бо ҳалқаи кӯчаке аз мақомоти аршади низомии Толибон ва истихбороти хориҷӣ мувофиқат шуда, қарор аст ба зудӣ амалӣ шавад.

Яке аз афроди мутталеъ аз ҷузъиёти ин тарҳ дар вазорати дифоъи Толибон ба хабарнигори “Сангар” дар Кобул гуфт, ки вазифаи ин нерӯҳо анҷоми амалиёти террористии интиҳорӣ дар хориҷ аз Афғонистон аст.

“Ҳадаф аз ташкили ин сипоҳ судури бесуботӣ ва шариати толибонӣ ба кишварҳои дуру наздик, монанд Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Ҳинд ва ғайра аст”, - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи вай, дар раҳбарии амалиётии “Сипоҳи гумном” афроде пазируфта мешаванд, ки на кам аз 6 сол дар Иморати исломӣ узвият дошта ва мавриди эътимоди муҷриёни тарҳ бошанд.

“Ин нерӯ тақрибан шабеҳ ба сипоҳи Қудси Эрон аст, ки дар хориҷ аз хоки Эрон фаъолият мекунад, аммо “Сипоҳи гумном” ба таври расмӣ сабт нашуда ва тамоми фаъолиятҳои он махфӣ ва тавассути ҳалқаи маҳдуде ҳидоят мешавад. Ба як калом, як гуруҳи террористии вижа аст, ки аҳдофи Толибонро дар хориҷа иҷро мекунад”, - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ин манбаъ, ин тарҳ ҳафтаи гузашта бо ширкати Мулло Яъқуб, вазири дифоъ, Қори Фасеҳуддин, сардори Ситоди кулли вазорати дифоъи Толибон ва се фармондеҳи дигари вилоятӣ дар утоқи кори Мулло Яъқуб мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

“Яъқуб ва ёронаш масъули созмондеҳии умур дар Кобул, Фасеҳуддин дар Бадахшон, Тахор ва Кундуз ҳастанд. Мавлавӣ Собир масъулияти Балх ва Ҷузҷону Форёбро бар ӯҳда дорад. Мобақӣ, ки номашон равшан нашуд, масъули вилоятҳои дигар ҳастанд. Қорӣ Фасеҳуддин ба унвони фармондеҳи ин сипоҳ мансуб шуда ва Мулло Яъқуб масъулияти кулли проектро бар ӯҳда хоҳад дошт”, - гуфт манбаъ.

Вай афзуд, қабл аз поёни моҳи мубораки Рамазон, ҳар як аз онҳо бояд 200 омили интиҳориро дар манотиқи худ ҷамъоварӣ кунанд, дар дараҷаи аввал аз байни донишомӯзони “мадрасат ул-ҷиҳод” ё мадориси ҷиҳодӣ, ки то он замон сохтори раҳбарии сипоҳ низ мушаххас хоҳад шуд.

“Иҷрои ин проект пас аз Иди Рамазон оғоз мешавад. Мулло Яъқуб дар ин нишасти пушти дарҳои баста ишора кард, ки тарҳ бо мувофиқаи кишварҳои ғарбӣ ва дар дараҷаи аввал истихбороти Амрико (СиАйЭй) иҷро мешавад ва таъмини молии онро онҳо бар ӯҳда хоҳанд дошт”, - гуфт манбаъ.

“МАДОРИСИ ҶИҲОД” - БОМБАИ МИҚЁСИ ҶАҲОНӢ

Манбаъи “Сангар” мегӯяд, талошҳои ӯ барои маълум кардани ҳаҷми маблағи ин тарҳ то ба ҳол натиҷа надодааст ва дар робита ба гузоришҳои мабнӣ бар ин, ки Амрико барои содироти ноамниҳо ба хориҷ аз Афғонистон аз ДОИШ истифода мекунад, гуфт, толибу ДОИШ ду рӯи як сиккаанд ва ҳамин раҳбарони толиб худ раҳбари ДОИШ ҳастанд.

“Фақат шояд фарқи онҳо дар ин аст, ки яке ба Амрико ва дигаре ба Эрон хидмат мекунад. Якдигарро ба унвони доишӣ мекушанд, то ҳам аз Амрико ва ҳам аз Эрон пул дарёфт кунанд”, - гуфт манбаъ.

Ҳафтаи гузашта Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунд, раҳбари Толибон дар нишасте бо уламои дин дар Кобул гуфт, ки истиқрори шариат дар Афғонистон танҳо марҳалаи аввали як ҷиҳоди муваффақ аст ва дар оянда Толибон ва уламои Афғонистон муваззаф ба густариши шариат дар саросари ҷаҳон ҳастанд. Бо ин кор раҳбари Толибон ба сароҳат эълом кард, ки ҷиҳоди ҷангҷуёнаш маҳдуд ба хоки Афғонистон нахоҳад шуд.

Баёнияи раҳбари Толибон ва ҳамчунин тарҳи эҷоди "Сипоҳи гумном", як нерӯи интиҳории вежа барои анҷоми амалиётҳои террористӣ дар хориҷ аз Афғонистон, изҳороти он сиёсатмадорон, дипломатҳо ва коршиносонеро таҳти суол қарор медиҳад, ки дар тӯли солҳо ҷомеаи ҷаҳониро мутақоид ба он мекарданд, ки Толибони Афғонистон ҷоҳталабиҳои ҷаҳонии ҷиҳодиро надоранд,

Дар гузашта Толибон эълом карда буданд, ки амнияти кишварҳои ҳамсояро таҳдид нахоҳанд кард. Бо ин ҳол, Иномуллоҳ Самангонӣ, муовини Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон, дар моҳҳои аввали рӯи кор омадани ин гурӯҳ, дар канали телевизионии “Тулӯъ” ба вазоҳат гуфт, ки Иморати исломӣ кишварҳои ҳамсоя, ба вежа Осиёи Марказиро низ дарбар мегирад.

Зимнан, ду рӯзи қабл Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дафтари худро ба Қандаҳор наздиктар ба “амирулмуъмнин” кӯч дод ва Иномуллоҳ Самангонӣ ба унвони раиси идораи иттилооту фарҳанги Кандаҳор таъйин шуд.

Дар ду соли гузашта, афроде, ки иддаои огаҳӣ аз бахши пинҳон ва расонаинашудаи тавофуқи Доҳа байни Амрико ва Толибонро мекарданд, мегуфтанд, ки яке аз шурути амрикоиҳо барои вогузории Афғонистон ба Толибон, табдил шудани ин ҷунбиш ба як артиши ниёбатӣ ё малишаҳои Амрико будааст. Ба ҳамин далел Амрико таслиҳот ва зерсохтҳои низомиро, ки беш аз 80 миллиард доллар ҳисоб шудаанд, бо худ набурда ё тахриб накарда, дар ихтиёри Толибон гузошт. Ба унвони мисол, ба гуфтаи манобеъи мувассақи "Сангар", фақат дар Кобул 146 маркази омӯзишии низомӣ ба стандартҳои артиши Иёлот Муттаҳида амал мекунад, ки онҳоро Толибон ва муттаҳидони онҳо барои омӯзиши террористҳо истифода мекунанд. Вашингтон аз Толибон интизор дорад, ки ба онҳо дар иҷрои тарҳҳои минтақаии худ кӯмак кунад.

Густариши фаъолиятҳои Толибон ва созмонҳои террористии таҳти фармони онҳо дар шимоли рӯдхонаи Амударё аз солҳо пеш як барномаи авлавиятдор барои Иёлоти Муттаҳида дар минтақа буду ҳаст. Ба вежа имрӯз, Вашингтон бисёр алоқаманд аст, ки як “ҷабҳаи ҷанубӣ” дар Осиёи Марказӣ дар канори “ҷабҳа ғарбӣ” дар Аврупо алайҳи Русия боз кунад.

Наздикии Мулло Яъқуб ба Иёлоти Муттаҳида ва сармоягузории миллиарддолларии Вашингтон сари Толибон, тарҳи эҷоди як сипоҳи интиҳорӣ барои анҷоми амалиёти террористӣ дар хориҷ аз Афғонистон, ба вежа дар кишварҳои ҳамсояро аз эҳтимол дур намекунад.

Пеш аз ин, Бозраси вежа барои бозсозии Афғонистон (SIGAR) гузоришеро дар расонаҳо мунташир кард, ки бино ба он, Иёлоти Муттаҳида беш аз 8.2 миллиард доллар умдатан кӯмакҳои башардӯстона ба Афғонистон аз августи 2021 то январи 2023 ироа кардааст.

Аммо коршиносон мегӯянд, дар Афғонистон ба нудрат афродеро метавон пайдо кард, ки ин кӯмакҳоро дарёфт карда бошад, балки ин маболиғ сарфи тақвияти неруҳои амниятӣ, ба вежа, вазорати дифоъи Толибон шудаву мешавад.

SIGAR: Амрико сармоягузори аслии Толибон аст


Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!