Иёлоти Муттаҳида аз августи 2021 то январи 2023 беш аз 8 миллиард доллар ба Афғонистон кӯмак кардааст.
Кобул, 22 март - Сангар, Фарзом Козимӣ. Инро Бозраси хос барои бозсозии Афғонистон (SIGAR - Special Inspector General for Afghanistan Reconstruction) дар гузорише, ки дар расонаҳо мунташир шуд, баён карда ва нишон медиҳад, ки Иёлоти Муттаҳида сармоягузори аслии ҳукумати Толибон аст.
Дар ин гузориш омадааст, ки дар як солу ними пас аз ба қудрат расидани Толибон дар моҳи августи 2021, Иёлоти Муттаҳида ба таври фаъол дар умури Афғонистон мушорикат дошта ва аз он замон то кунун беш аз 8.2 миллиард доллар ба ин кишвар ва паноҳандагони афғон кӯмак кардааст.
“Ин шомили беш аз 2 миллиард доллар, умдатан барои кӯмакҳои башардӯстона ва рушд дар Афғонистон, ва беш аз 3.5 миллиард доллар барои афзоиши сармояи Банки Маркази Афғонистон ва аҳдофи муртабит ба он аст. Илова бар ин, 2,7 миллиард доллар дар соли молии 2022 ба вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида (DOD) барои интиқол, ускон ва тағзияи паноҳҷӯёни афғон ихтисос ёфтааст”, - омадааст дар гузориши SIGAR.
3,5 миллиард доллар қисмате аз ҳамон 9 миллиард доллар дороии Банки Марказии Афғонистон аст, ки дар Иёлоти Муттаҳида масдуд шуда буд ва чанде қабл ба Сандуқи мардуми Афғонистон ё "Фонди афғонӣ"-и мустақар дар Шветсария интиқол ёфт.
SIGAR менависад, ки давлати Байден ҳанӯз як стратегияи ҷомеъи ҷадид барои Афғонистон эҷод накардааст, аммо вазорати умури хориҷаи Амрико авлавиятҳои феълии Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистонро ба шарҳи зер таъриф мекунад: 1) рифоҳу амнияти шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳида дар хориҷ аз кишвар, 2) итминон аз ҳимояти Толибон аз мубориза бо терроризм, аз ҷумла тааҳҳудоте, ки дар 29 феврали 2020 зимни тавофуқномаи Доха баён шуд, 3) итминон пайдо кардан аз пойбандии Толибон ба тааҳҳудоти мабнӣ бар иҷозаи хурӯҷ аз Афғонистон барои шаҳрвандони Амрико, дорандагони визаи муҳоҷиратии вежа (SIV) ва афғонҳои мавриди алоқаи хоси Иёлоти Муттаҳида, 4) расидагӣ ба буҳронҳои инсонӣ ва иқтисодӣ дар Афғонистон, 5) ҳимоят аз ташкили давлати фарогир, 6) ташвиқи Толибон ба эҳтиром ба ҳуқуқи башар дар Афғонистон, аз ҷумла ҳуқуқи ақаллиятҳои мазҳабӣ ва қавмӣ, занону духтарон, ҷомеаи маданӣ, афроди вобаста ба давлати Ғанӣ ва афроде, ки қаблан ба ҳукумат, артиш ва созмонҳои ғайридавлатии Иёлоти Муттаҳида вобаста буданд.
Ин гузориш намегӯяд, ки Толибон мустақиман аз Амрико кӯмаки молӣ дарёфт кардааст, аммо ҳатто бахше аз ҳамон 2.7 миллион доллар, ки ба вазорати дифоъи Иёлоти Муттаҳида интиқол ёфтааст, бидуни ҳисоби ҳазинаи интиқол ва ускони паноҳҷуён аз Афғонистон ба кишварҳои хориҷӣ, сарфи пешгирӣ ва авоқиби офатҳои табиӣ дар Афғонистон шудааст.
Бо ин ҳол, нозирони маҳаллӣ мегӯянд, ки “кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистон”, он тур, ки Амрико иддао мекунад, барои Толибон, нерӯҳои он ва созмонҳои террористӣ ҳазина мешавад ва мавориде низ сабт шудааст, ки Толибон кӯмакҳои башардӯстонаро бо зӯр аз мардум пас гирифтаанд.
Тибқи тавофуқи Доҳа, Толибон муваззаф ба мубориза бо созмонҳои террористӣ дар Афғонистон, дар навбати аввал ДОИШ буданд. Гузориши SIGAR нишон медиҳад, ки Толибон ҳадди ақал 100 миллион доллар дар соли 2022 барои ин кор аз Иёлоти Муттаҳида дарёфт кардааст. Аммо ташдиди ҳаррӯзаи фаъолияти ДОИШ дар Афғонистон нишон медиҳад, ки на танҳо Толибон дар ҷанг бо ДОИШ муваффақ нестанд, балки ҳудуди 20 созмони террористии дигар таҳти ҳимояти онҳо дар Афғонистон паноҳ гирифтаанд ва рӯз ба рӯз қавитар мешаванд. Нозирони авзоъи Афғонистон бар ин боваранд, ки Иёлоти Муттаҳида таҳти унвони "кӯмакҳои башардӯстона" дарвоқеъ артише аз террористҳоро барои мубориза бо руқабои худ - Русия ва Чин - омода мекунад.
Бар асоси иттилооти мувассақ, Толибон барои гирифтани пул аз Амрико ҷанг бо ДОИШ-ро саҳнасозӣ мекунанд ва қурбониёни ин бозӣ зиндониён ва сарбозони собиқи нерӯҳои амниятии Афғонистон ҳастанд. Толибон онҳоро аз зиндонҳо ё хонаҳо берун меоваранд ва бо дастони баста дар ҷое мегузоранд ва сипас алайҳи онҳо "амалиёт" анҷом медиҳанд ва пас аз он эълом мекунанд, ки аъзои ДОИШ-ро нобуд кардаанд.
“Муллоҳои қаллоб”: “Амалиёт”-и дурӯғини Толибон алайҳи ДОИШ
Пеш аз ин расонаҳо навишта буданд, ки Амрико ҳар ҳафта 40 миллион доллар ба Толибон ихтисос медиҳад. Намояндаи вежаи Амрико дар солгарди ба қудрат расидани Толибон гуфт, ки кишвараш дар ин муддат 1.2 миллиард доллар ба Афғонистон кӯмак кардааст, аммо гузориши SIGAR нишон медиҳад, ки ин рақам чандин баробар аст ва амрикоиҳо тариқи ниҳодҳои USAID (Ожонси рушди байнулмилалии Амрико) ва вазорати хориҷаи худ амалан барандагони худро таъмини молӣ мекунанд, касонеро, ки 20 сол бо онҳо ҷангиданд.
Иёлоти Муттаҳида ва муттаҳидонаш дар НАТО аз соли 2001 то 2021 ба баҳонаи "ҷанг бо терроризм" дар Афғонистон ҳузури густурдаи низомӣ-сиёсӣ доштанд, аммо ин амрикоиҳо буданд, ки ҳазинаҳои аслиро мутаҳаммил мешуданд ва нерӯи низомии аслиро ташкил медоданд. Толибон ва муттаҳидони онҳо аз сӯи созмонҳои террористии байналмилалӣ, монанди Алқоида тарафи муқобили онҳо буданд.
Дар ин ҷанг 2402 сарбози амрикоӣ кушта ва 20713 нафар маҷрӯҳ шуданд. Ба гуфтаи бархе манобеъ, ин ҷанг барои амрикоиҳо рӯзона 300 миллион доллар ҳазина дошт. Манобеъи дигар ҳазинаи ҳузури 20-солаи Амрико дар Афғонистонро беш аз 2.2 триллион доллар муҳосиба кардаанд.
SIGAR ё Бозраси хос барои бозсозии Афғонистон дар соли 2008 тавассути Кунгураи Амрико ба манзури назорати мустақил ва айнӣ бар будҷаи Иёлоти Муттаҳида барои бозсозии Афғонистон эҷод шуд. Ҳудуди 200 нафар дар ин созмон машғули кор буданд ва ҳар се моҳ як бор барои Кунгура гузориш таҳия мекарданд ва ҳанӯз ҳам мекунанд.
Худ фаъолияти USAID ва фаъолиятҳои ҷории SIGAR нишонаи равшане аз ҳузури муассир ва ғайринизомии Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон аст ва онро ба сармоягузори аслии Толибон, аммо бо ҳазинаҳои бисёр кам, табдил мекунад.