Хабари рӯз

Низомиёни толиб силоҳҳояшонро фурӯхта, фирор мекунанд.

Манбаъ: Хабаргузории “Бозгашт”

Ҳамзамон бо эъломи танқис (ихтисор) – и 20-дарсадии нерӯҳои низомӣ ва истихборотии Толибон, беэътимодӣ миёни низомиёни тоҷиктабор ва ӯзбектабори ин гурӯҳ нисбат ба ояндаи онон афзоиш ёфтааст.

Бар бунёди иттилооте, ки манобеъ дар ихтиёри мо қарор додаанд, аъзои Толибон ба шумули фармондеҳони маҳаллӣ онон дар вилоёти Бадахшон, Ҷузҷон, Форёб, Сарипул, Лағмон, Кунар ва Нангарҳор, силоҳ ва таҷҳизоти низомиашонро фурӯхтаанд. Манобеъи мо ҳамчунин мегӯянд, пас аз он ки вазорати дифоъи Толибон, танқиси бистдарсадӣ дар ин вазоратро таъйид кард, бозори хариду фурӯши силоҳ ва таҷҳизоти низомӣ дар гӯшаву канори кишвар равнақ гирифтааст.

Ба гуфтаи манобеъ, бештари фармондеҳони маҳаллии тоҷиктабор ва ӯзбектабори Толибон ҳамроҳ бо зердастонашон, ки аз танқис ва ҳазфи систематик эҳсоси хатар мекунанд, силоҳҳояшонро дар бозори сиёҳ ба фурӯш расонида, ба Эрон фирор кардаанд. Ба гуфтаи манобеъ, яке аз фармондеҳони маҳаллии Толибон ба номи Қорӣ Собир, ки ҳамалоти хунинеро дар гузашта алайҳи нерӯҳои амниятӣ ва кормандони давлати пешин иҷро карда буд, ахиран аз тарси ҳазф ва барканор шудан аз сохтори ин гурӯҳ, чандин мил силоҳи M4 ва M16--и амрикоиро, ки марбути як посгоҳи Толибон дар шаҳристони Имом Соҳиби Кундуз буд, ба фурӯш расонида ва худаш ба Эрон фирор кардааст.

Бар бунёди иттилооти нашршуда, бахше аз фармондеҳони тоҷиктабор ва ӯзбектабори Толибон бо зердастонашон пас аз нодида гирифта шудан тавассути гурӯҳи Толибон ва ҳазф аз сохтори ин гурӯҳ ба гурӯҳи ДОИШ мепайванданд. Бар бунёди иттилооти нашршуда, фармондеҳони тоҷику ӯзбеки Толибон, ки аз баданаи ин гурӯҳ ҳазф шудаанд дар ҳоли пайвастан ба гурӯҳи ДОИШ дар маркази шаҳристони Вардуҷи Бадахшон ҳастанд.

Манобеъ далели пайвастани ин афрод ба ДОИШро чунин изҳор доштаанд, ки "ҷабаҳоти низомии мухолифи Толибон, бавежа Ҷабҳаи Озодӣ ва Ҷабҳаи Муқовимат, афроди ҷудошуда аз Толибонро намепазиранд, зеро онон таъкид доранд, ки дасти афроди Толибон ба хуни бегуноҳон олуда аст ва барои ҳамин, ин ҷабаҳот аз пазириши афроди ҷудошуда аз Толибон, имтиноъ варзидаанд.

 

Ҳазфи систематики тоҷикҳо ва ӯзбекҳо аз сафи низомии Толибон

Толибон барои нуфуз дар Шимол ва шӯълавар сохтани ҷанг дар он манотиқ, шуморе аз тоҷиктаборон ва ӯзбекҳоро ба худ ҷазб карда буданд. Онон барои густариши нуфузи Толибон дар шимоли Афғонистон, набардҳои хунин ва ҳамалоти низомии густурдаро созмондеҳӣ ва анҷом доданд. Аъзои тоҷику ӯзбеки Толибон, пас аз ҳоким шудани ин гурӯҳ бар Афғонистон, интизор доштанд монанди фармондеҳони низомии паштун ба симматҳои баланди давлатӣ гумошта шаванд. Аммо ба иллати қавмияташон салоҳияти чандоне дар ҳукумати Толибон ба онон дода нашуд.

Ахиран Толибон бо эъломи танқиси бистдарсадӣ дар ташкилоти хеш, бавежа сохтори низомӣ ва истихборотӣ, ба гунаи ҳадафманд талош мекунанд чеҳраҳои ғайрипаштуни худро ба номи коҳиши ташкилотӣ халъи силоҳ намуда ва хонанишин намоянд. Толибон пеш аз ин, шуморе аз фармондеҳони маҳаллиашонро дар вилоёти Тахор ва Бадахшон боздошт ва ба зиндони шахсии Мулло Ҳайбатулло дар Қандаҳор мунтақил кардаанд.

Бар бунёди гузориши расонаи русии "Афганский инсайдер", вазорати дифоъи Толибон дар моҳи гузаштаи мелодӣ тай як амалиёти низомии густурда, чаҳор тан аз фармондеҳони маҳаллии ин гурӯҳ ба номҳои Ҳусайн Ҷундӣ, Башир Қанот, Арбоб Руҳуллоҳ Рауфӣ ва Некмуҳаммад Ҳакимиро, ки аз фармондеҳони вафодори “Шабакаи Ҳаққонӣ” дар шимол буданд, боздошт ва дар вилояти Қандаҳор зиндонӣ кардаанд. Манобеъ гуфта, вазорати дифоъи Толибон дар мавриди иллати боздошт ва зиндонӣ кардани ин фармондеҳони тоҷиктабор чизе нагуфта ва маълум нест ҷурми онон чист.

Дар тозатарин маврид фармондеҳи интиқолоти фармондеҳии Толибон дар шарқи Афғонистон, ки бошандаи аслии вилояти Бадахшон аст, гуфт: “Мардуми Бадахшон ба хотири иморат хун рехтанд, кушта доданд ва мубориза карданд аммо ба чашми ҳақорат ба онон нигариста мешавад”. Ин фармондеҳи бадахшонии Толибон бо гилоя аз раҳбарии ин гурӯҳ гуфтааст, Толибон заҳамоти ононро нодида мегиранд ва ба он ҳурмат намегузоранд.

 

Қимати силоҳ ва чигунагии қочоқи он ба бозорҳои минтақаӣ

Ниҳоди таҳқиқии “Small arms survey”, гузориши муфассале дар мавриди хариду фурӯши силоҳҳои амрикоии барҷомонда дар Афғонистон мунташир кардааст. Бар бунёди ин гузориш, аъзои Толибон нақши густурда ва калидӣ дар фурӯшу қочоқи силоҳ ба берун аз Афғонистон доранд. Дар гузориши ин ниҳод омадааст, ки қимати силоҳҳои амрикоӣ нисбат ба авоили ҳукумати Толибон дар бозорҳои маҳаллии Афғонистон ду то се баробар афзоиш ёфтааст. Аммо ин қимат аз як вилоят то вилояти дигар мутафовит аст. Бар асоси ин гузориш, қимати силоҳ дар Хуст ба далели ҳузури Шабакаи Ҳаққонӣ нисбат ба соири вилоятҳо афзоиш дошта, аммо дар бархе вилоёти шимол Афғонистон ҳанӯз қимати силоҳ ҳамчунон поин аст. Бар бунёди иттилооти нашршуда, қимати силоҳҳои M4 ва M16-и амрикоӣ дар вилоятҳои Ҳилманд, Қандаҳор, Нангарҳор ва Кундуз ду то се баробар нисбат ба соири вилоёт баландтар аст. Бар бунёди ин гузориш, Кундуз гаронтарин макон барои силоҳҳои M4-и амрикоӣ буда ва қимати як мили он ду ҳазору 310 доллар мебошад, дар ҳоле, ки ин силоҳ дар Нангарҳор як ҳазору 375 доллар фурӯхта мешавад.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!