Хабари рӯз

Оё раҳбарону мақомоти аршад ва дараҷаи яки Толибон ҳозир ба тести DNA ҳастанд?

Нависанда: Лайло Содот Ҳусайнӣ

Муқаддима

Вақте илм ниқоби таборро медарад ва таърихро маҷбур ба ҳақиқатгӯӣ месозад.

Афғонистон, кишваре, ки дар тӯли таърихи худ аз ҷангҳои мутааддид, таҳаввулоти сиёсии печида ва қудратҳои фосид ранҷ бурдааст, имрӯз бо чолиши бузургтаре мувоҷиҳ аст: ҳақиқат. Ҳақиқате, ки пинҳон кардани он солҳост дар паси пардаҳои идеологияҳои мухталиф, ҷангҳои қавмиятӣ ва дастҳои холӣ аз усули инсонӣ дафн шудааст. Ҳақиқате, ки агар ошкор шавад, мумкин аст бисёре аз устураҳо ва ривоятҳои расмиро фурӯ резад.

Дар дунёи имрӯз, ҷое, ки илму ҳақиқат ҳарфи аввалро мезанад, дигар наметавон барои ҳамеша бо дурӯғу ҷаъли таърих ба бақо идома дод. Бо зуҳури абзорҳои навини илмӣ, фурсатҳои бепоёне барои кашфи он чӣ, ки дар торикӣ пинҳон монда, вуҷуд дорад.

Яке аз ин абзорҳо озмоиши DNA аст - абзоре, ки қодир аст ҳар табор, ҳар ҳувият ва ҳар дурӯғи таърихиро ба роҳатӣ ошкор созад. Ҳоло ин савол матраҳ мешавад, ки оё раҳбарони Толибон, ононе, ки дар сарзамини Афғонистон ба номи ислом ва қавмият, ҳазорон ҷонро қурбонӣ карданд, омодаанд то дар баробари ҳақиқат қарор гиранд?

Ин савол на танҳо ба як озмоиши илмӣ табдил шуда, балки ба як дархости иҷтимоӣ, як набард барои шаффофият ва адолат дар кишваре, ки таҳти султаи ибҳому фиреб аст. То замоне, ки ҳақиқати ҳувияти мақомоти Толибон ошкор нашавад, ҳеҷ чиз дар Афғонистон тағйир нахоҳад кард.

Мутолибаи мо равшан аст:

Тамоми раҳбарон ва мақомоти дараҷаи яки Толибон, ҳама аз зинда то мурда, бояд таҳти озмоиши DNA қарор гиранд. Ин танҳо роҳ барои равшан шудани ҳақиқат аст. На тӯҳмат аст, на тавтеа, балки дархости таърихии мардум барои шаффофсозии ҳувияти касонест, ки бо иддаои "намояндагӣ аз мардуми Афғонистон" сарнавишти ин кишварро гаравгон гирифтаанд.

Ин озмоиш бояд шомили афроди зер бошад (ва фаротар равад):

- Мулло Муҳаммад Умар, ки мармузтар аз ҳар раҳбари толиб дар таърихи муосир боқӣ монд;

- Мулло Ҳайбатуллоҳ, ки имораташ бештар дар сояҳо ҷараён дорад;

- Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вориси як шабакаи террор; Оё воқеан паштун аст ё зодаи берешае дар минтақаи марзӣ?

- Мулло Яъқуб, писари пурсишбарангези Мулло Умар; Оё падараш ҳамон буд, ки иддао мешавад?

Фармондеҳон ва вазирони калидии зинда ва бисёр муҳиммтар аз он ҷасаду устухонҳои мақомоти толиб дар гузашта низ бояд истихроҷ ва озмоиш шаванд.

 Оре! Ҳатто ононе, ки дар хок пӯсидаанд, бояд ҳақиқаташон бармало шавад.

Чаро муҳим аст?

Зеро Толибон машрӯъияти худро на аз раъйи мардум, на аз қонун, балки аз як ривояти таборӣ ва таърихии дурӯғин гирифтаанд. То вақте ин ривоят зери теғи илм наравад, ин қавмгароии маргбор бозтавлид хоҳад шуд. Аммо ин вазифа танҳо бар дӯши донишмандон нест, балки бар дӯши мардуми Афғонистон аст. Мардум бояд бихоҳанд, мардум бояд фишор оваранд, мардум бояд муттаҳидона ва огоҳона дар ин роҳ гом бардоранд. Агар мо хоҳони Афғонистони бидуни дурӯғ, бидуни апартаиди қавмӣ, бидуни риши зӯргӯ ва силоҳи муқаддас шудаем, бояд худ пешгоми ифшогарӣ шавем.

Роҳкорҳо:

1 - Ташкили додхости миллии мардумӣ барои анҷоми озмоиши DNA-и раҳбарони толиб;

 2 - Ташкили кумитаи ҳақиқатёб бо таркиби байналмилалӣ ва биологӣ;

3 - Эҷоди маъракаи иттилоърсонӣ дар расонаҳои иҷтимоӣ ва суннатӣ барои бедорсозии мардум;

4 - Намунабардорӣ аз аҷсоди мақомоти дар гузашта толиб ва таҳлили генетикии онон;

5 - Ёрии мардум дар ҳимояти молӣ, ҳуқуқӣ ва умумӣ аз ин раванди илмӣ-таърихӣ.

Дар поён:

Толибоне, ки намехоҳанд DNA-шон ифшо шавад, дақиқан ҳамонҳоеанд, ки бо ҷаъл қудрат гирифтаанд. Ва толибе, ки ҳозир ба ин озмоиш шавад, ё пок хоҳад буд ё афсонае ба поён хоҳад расид.

Акнун замони инқилоби илм алайҳи истибдод суннат аст. Замони поёни устурасозӣ бар мабнои қабила, хун ва дурӯғ аст ва ин танҳо вақте мумкин аст, ки мардуми Афғонистон яксадо ёрирасони таҳаққуқи ин мутолиба шаванд.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!