Хабари рӯз

Ин оташ чӣ гуна оташбозонро мебалъад?

Нависанда: Нуруллоҳ Вализода, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Оқои Амрулло Солеҳ гуфта, ки Толибон неруи ниёбатии Амрикоанд. Ин гуфта дуруст аст ва тозагӣ ҳам надорад. Нутфаи Толибон дар ҳамон ибтидо дар бистари ҳамоғӯшии Покистону Ғарб (Амрикову Инглис) рехта шуд. Аммо барои сиёсиюни ҷараёни муқовимат, ба назари ман, ин бисёр муҳим аст, ки ҳувияти Толибонро такунсурӣ дар назар нагиранд. Толибон як созаи таркибӣ аст. Таркибе аз барномаҳо ва афкори миллӣ, минтақаӣ ва ҷаҳонӣ. Ҳама абъод ва завоёи ин соза бояд дар назар гирифта шавад.

Толибон аз назари фикрӣ аз се “изм” ташкил шудааст: паштунизм, исломизм ва империализм. Агар ин аносирро дар шинохти Толибон дар назар нагирем, ба хато меравем. Метавон ба адабиёти дигаре низ ин мавзӯъро баён кард. Толибон проекте аст, ки се зинафъи умда дорад: паштунҳо, Покистон ва қудратҳои ғарбӣ (Амрико-Инглис).

Аммо дар гузари замон, зинафъон метавонанд тағйири ҷиҳат бидиҳанд ва манофеашон эҷоб кунад, ки аз ин проект таври дигаре истифода кунанд ё аслан аз мушорикат дар он инсироф бидиҳанд. Чун Толибон асосан як проект ва тарҳе барои бесуботиву вайронӣ ва ошубгарӣ аст. Эҳтимоли ин ки барои зинфъон зарар бирасонанд, боло аст. Дар як таъбир метавон гуфт, ки Толибон оташ ҳастанд ва бакоргирии онон дар ҷиҳати таҳаққуқи аҳдофи хоссе шабеҳи бозӣ бо оташ аст. Оташбозӣ ҳамеша хатарнок аст ва эҳтимоли осеб дидани оташбоз вуҷуд дорад.

Тавре, ки таҷрибаи сисола нишон додааст, Толибон ба ҳар се зилъи зинафъони хеш осебҳое ҳам расонидаанд. Масалан, барои паштунҳо истифода аз Толибон ба унвони абзоре дар ҷиҳати таҳаққуқи барномаҳои паштунистӣ холӣ аз зиён ва зарар набудааст. Истифодаи паштунизм аз Толибон мӯҷиб шуда, ки номи паштунҳо бо террор, даҳшат, интиҳор ва инфиҷор олуда шавад. Нафрат алайҳи паштунҳо дар ҷомеаи мутакассири Афғонистон густариш ёбад ва таъмиқ шавад. Бадбинӣ ва беэътимодӣ нисбат ба паштунҳо афзоиш ёбад. Хулоса, тамоми он чизҳое, ки паштунҳо метавонистанд ба унвони қудрати нарм аз он истифода кунанд, Толибон онро тахриб карданд. Толибон ҳарфро ба ҷое кашидаанд, ки пас аз ин паштунҳо фақат барои таҳаққуқи аҳдофи қавмӣ танҳо як гузина дар ихтиёр доранд ва он ҳам коргирӣ аз қудрати сахт ва хашму хушунат аст.

Барои исломизм низ истифода аз Толибон чунин бадномие дар пай доштааст. Аъмоли зиддибашарӣ ва зидди зани Толибон исломро ба сурати куллӣ дар анзори ҷаҳониён бадном кардааст. Ҳатто дар Афғонистоне, ки мардум башиддат мазҳабӣ ва бархурдор аз диёнати омиёна ҳастанд, бо рӯи кор омадани дубораи Толибон ва амалкардҳои террористии Толибон, шакку тардидҳои зиёде дар имон ва нигариши динии мардум ба вуҷуд овардааст. Ин зарбаи бузурге ба исломи сиёсӣ минҳайси як доия аст. Барои исломистҳо (исломистҳо дар ин ҷо ҷудо аз омми мусулмонон аст ва мурод касоне аст, ки мӯътақиданд мубтанӣ бар боварҳо ва равишҳои динӣ метавон кори сиёсӣ кард ва ҳукумати диниву исломӣ ташкил дод) бисёр душвор аст, ки пас аз ин аз тарҳ ва доияи исломистӣ дар баробари афкори рақиб дифоъ кунанд.

Барои Амрико низ истифода аз корти Толибон чандон хушоянд набудааст. Ҳимояти Амрико аз Толибон яке аз бузургтарин доияҳо ва ривоятҳое, ки гегемонияи Амрикову Ғарб бар он бино шудаастро бадном ва ғайриқобили бовар кардааст. Амрикоиҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ муддаианд, ки барои демократия ва арзишҳои ҳуқуқибашарӣ мубориза мекунанд ва миллатҳои таҳти ситамро аз чанги мустабидон наҷот медиҳанд. Таҳти ҳамин шиор Амрико даҳаҳо дар саросари дунё лашкаркашӣ ва ҷанг кардааст. Ҳоло аммо ҳимояти урёни Амрико аз Толибон мӯҷиб шуда, ки дигар касе ба шиорҳои демократияхоҳона ва ҳуқуқибашарии Амрико бовар накунад. Дасти кам дар Афғонистон ҳамин гуна аст. Аммо Амрико чун аз назари ҷуғрофиёӣ аз Афғонистон дур аст ва як қудрати бартари ҷаҳон аст, ин имкон ва тавоноиро дорад, ки худро аз зиёнҳои бархоста аз истифода аз проекти Толибон дар амон нигаҳ дорад. Аммо ду “изм”-и дигари қаблӣ, аз Толибон осеб дидаанд ва сахт аст, ки онро ҷуброн кунанд.

Чун аз Покистон ба унвони як зинафъ дар проекти Толибон ёд кардем, ин тавзеҳ лозимӣ аст, ки Покистон бино ба манофеи геополитикиаш ҳамеша ба унвони пешмаргаи империалзми ғарбӣ дар минтақа амал кардааст. Яъне манофеъи Покистон дар бисёрии мақеъ ҳамсӯ бо манофеи Ғарб будааст. Ба баёни дигар, покистониҳо ҳамеша ин зарфиятро доштаанд, ки бахше аз будҷаи барномаҳои тавсеаталабонаи Ғарбро ба худ ихтисос бидиҳанд. Онон бо маҳорат аз се "изм”-е, ки Толибон аз он ташкил шуда, истифода кардаанд. Як намунаи пешотолибонӣ муҷоҳидин ҳастанд, ки покистониҳо тавонистанд аз он дар ҷиҳати таҳаққуқи аҳдофи худ истифода кунанд. Покистон бахши зиёде аз кӯмакҳои Ғарб ба муҷоҳидинро ба ҷайб зад. Аз назари Покистон, Толибон дар ҳамон хатти ҷиҳод эҷод шуд ва ҳамон суд барои Покистон аз ин гурӯҳ дар мадди назар буд. Аммо шароит тавре пеш омада, ки Покистон дорад аз кардаи худ дард мебинад.

Ҳоло тавре, ки дида мешавад, Толибон ба Покистон низ зиёнбор тамом шудааст. Албатта, зиёнбор будани Толибон барои Покистон бархоста аз иродаи зиддипокистонии Толибон нест, балки аз моҳияти террористӣ ва террористпарварии Толибон маншаъ мегирад. Ҳамон, ки гуфтем, Толибон оташ аст, дар ҳамин маврид сидқ мекунад. Ин оташ домани соҳиби худро ҳоло гирифтааст. Толибони Покистон бо илҳом аз толибони Афғонистон эҷод шуданд ва имрӯза ба дарди сари бузурге барои Покистон мубаддал шудаанд. Мисли ин ки ҳангоми андохти рокет, шӯълаи оташе, ки аз ақиби рокетандоз бар мехезад, шахси истода дар ақиби шилликкунандаро бисӯзонад.

Ба ҳар ҳол ҳадаф аз навиштани ин ёддошт ин буд, ки сиёсиюни муддаии мубориза бо Толибонро мутаваҷҷеҳи ин нукта бисозем, ки дар шинохти толиб дақиқ бошанд. Ғафлат аз ҳар як аз аносири муташаккилаи Толибон зиёнбор аст. Оқои Солеҳро то ҷое, ки ман думбол кардаам, аз унсури қавмӣ дар моҳияти Толибон инкор кардааст. Ин инкор ҳар реша ва омиле, ки дошта бошад, зиёнбор ва гумроҳкунанда аст. Дар ин ҷо, албатта, ҳадаф даъват ба нафрати қавмӣ нест, балки ҳадаф ин аст, ки душманеро, ки шумо бо он меҷангед, ба дурустӣ бишносед ва ба дурустӣ бишносонед. Ин ки Толибонро ба гурӯҳе шӯришӣ вобаста ба Покистон ё ниёбатии фулон кишвар тақлил бидиҳем ва аз решаҳо ва бистарҳои фикрӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии дохилии шаклгирии он ғафлат кунем, зиён мекунем ва касоне, ки дар ҳавзаи сиёсӣ ба мо иқтидо кардаандро низ зиён мерасонем.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!