Хабари рӯз

Толибон, таъмилкунандагони ростини ҳамон назариёти сахиф ва шармоваре ҳастанд, ки қаблан борбор тавассути афроде чун Исмоил Юн, Тоқат ва Усулӣ, ба хӯрди расонаҳо дода шуда, фарёдкунон мегуфтанд: "Ин ҷо Афғонистон аст. Тоҷикон бояд ба Тоҷикистон бираванд, ӯзбекон ба Ӯзбекистон ва ҳазораҳо ба гӯристон..."

Нависанда: Исмоил Фурӯғӣ, таҳлилгар

Афғонистон дар як соли ахир дар бадтарин вазъият ва ториктарин даврони таърихаш қарор доштааст.

Толибон, ки ба кӯмаки мустақими амрикоиён ба қудрат даст ёфтаанд, тайи як соли ахир, бо зӯр бар гурдаҳои мардум ҳукумат карда, мехоҳанд низоми такҷинсиятӣ, такқавмӣ ва такмазҳабии хоси худро бар тамоми ҷомеа ва мардум таҳмил намоянд. Онон ҳаргиз ба дигарон аҳамият қоил нестанд - на ба фарҳанг ва мазҳаби дигарон ва на ба шахсият, фикр ва андешаи дигарон. Толибон бо андешаҳои торики бадавӣ - қабилавӣ зери таъсири шадидтарин афкори ифротии мазҳабиашон, Афғонистонро мероси шахсии худ ва қабилаҳои худ пиндошта, мехоҳанд соири ақвоми Афғонистонро ҳатто ба кӯчи иҷборӣ аз хонаҳои падариашон водор намоянд.

Толибон, таъмилкунандагони ростини ҳамон назариёти сахиф ва шармоваре ҳастанд, ки қаблан борбор тавассути афроде чун Исмоил Юн, Тоқат ва Усулӣ, ба хӯрди расонаҳо дода шуда, фарёдкунон мегуфтанд: "Ин ҷо Афғонистон аст. Тоҷикон бояд ба Тоҷикистон бираванд, ӯзбекон ба Ӯзбекистон ва ҳазораҳо ба гӯристон..." 

Агар имрӯз тоқатҳо, усулиҳо, юнҳо, форуқ вардакҳо ва бархе дигар, ки ин фарёдҳои шармовар ва бебунёдро ҳамвора замзама мекарданд, дубора ба мастӣ омада, яке пайи дигар ба побӯси раҳбарони Толибон ба Кобул ва Кандаҳор мешитобанд, дуруст ба далели он аст, ки онон гурӯҳи террористии Толибонро беҳтарин ва қаҳҳортарин нерӯи таъмилкунандаи оризуҳои нопокашон медонанд.

Толибон ҳамаро барои худ мехоҳанд. Толибон ба дастур ва машвараи Покистон на байрақи миллӣ мехоҳанд, на суруди миллӣ ва на ҳатто атани миллӣ. Онон душманони рӯшноӣ, душманони ҳунару илм ва фарҳанг, душманони зан ва душманони тамом арзишҳои пурифтихори миллӣ ва мадании Афғонистон астанд.

Дуруст ба далели мавзеъгириҳои сахтгирона ва ифротии Толибон нисбат ба занон, ҳунармандон, фарҳангиён ва соири ақвому мазоҳиби сокини Афғонистон аст, ки масъалаи таомул бо Толибон, дар арсаи дохилӣ ва байналамилалӣ ба бунбаст расидааст.

Дар арсаи дохилӣ, Толибон натавонистанд эътимоди ҳеҷ як аз ақвом ва гурӯҳҳоро ба даст биоваранд. Ҳатто гурӯҳи маҳдуде аз шиъён ба раҳбарии оқои Маҳдавӣ, ки мехост байъати кулли шиъаёнро ба Толибон танзиму тартиб кунад ҳам ҳоло аз низоми такқавмӣ ва такҷинсиятии Толибон фосила гирифтаанд.

Дар арсаи байналмилалӣ ҳам, на Чин, на Русия ва на Эрон, ки ба далели хориҷ шудани Амрико аз минтақа ва ноком кардани нақшаҳои баъдии Амрико чун интиқоли ҷанг ба шимоли Афғонистон, бо Толибон равобит ҳифз кардаанд, то ҳанӯз ҳич кадом нияти ба расмият шинохтани Толибонро надоранд. Иттиҳодияи Аврупо ҳам, ки бо тадвири ҷаласаи Осло мехост вориди муомила бо Толибон шаванд, хиҷолат мекашанд то бо чунин гурӯҳи зидди инсоният, зидди зан ва зидди маданият вориди муомила шаванд...

Ба сурати кулл, як соли иморати Толибон, ҳеҷ самарае ба ҷуз тарвиҷи нифоқ ва хушунати бештар, фақру нобсомонии бештар надошта ва Афғонистонро дар бадтарин ва ошуфтатарин вазъияти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар тӯли таърихи мавҷудияташ, қарор додааст.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!