Мулло Ҳайбатуллоҳ барои маҳори Сироҷуддин Ҳаққонӣ чӣ мекунад?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, пажӯҳишгари амнияту геополитика, махсус барои "Сангар"
Ҳайбатуллоҳи хаёлӣ, раҳбари Толибон ба тозагӣ хоҳони ҳалли ихтилофот дар миёни гурӯҳи Толибон шуда ва гуфтааст, ки ҳозир аст барои бақои ин гурӯҳ, аз мақомаш канор биравад. Гузашта аз моҳияти мавзӯъ, ин нуктаи атфӣ дар таърихи ин гурӯҳ аст, ки раҳбарашон бидуни кадом омили хориҷӣ минҳайси фишор аз берун, ҳозир мешавад то аз мақомаш канор равад ва роҳро барои як таҳаввули ҷадид дар таърихи он боз намояд.
Нигоранда далоили ин мавзӯъро дар чанд нукта хулоса менависам:
- Ҳайбатуллоҳ ин корро минҳайси бахше аз талошҳое анҷом медиҳад то бар ихтилофоти дохилии миёнгурӯҳии Толибон, ғалаба карда ва аз ҳаҷми фишорҳои берунӣ, коста шавад;
- Ин ки нишон диҳад, ки барои мақом на, бал барои дину шариат ва масолеҳи гурӯҳи Толибон, мубориза мекунад;
- Ин ки битавонад ихтилофоти дохилиро мудирият кунад ва барои як таҳаввули ҷадид бистарсозӣ намояд, ки қарор аст дар ояндаи наздик, дар Афғонистон ва махсусан баъд аз нишасти севуми Доҳа, иттифоқ биафтад;
- Ҳайбатуллоҳ ба иллати ин ки ин ихтилофот ҳар рӯз дар миёни Толибон авҷ мегирад, аз мавқеияти мутазалзили худ огоҳӣ пайдо карда ва мехоҳад бо як тактикаи хос заминаро барои ҳар гуна иғтишош маҳдуд созад;
- Чун ризояте дар миёни Толибон аз худсариҳои Ҳайбатуллоҳ бисёр боло гирифтааст, биноан эҳтимоли як низоъи дарунгурӯҳӣ вуҷуд дорад, ки шохаҳои мухталиф дар миёни Толибон, монанди Шабакаи Ҳаққонӣ, гурӯҳи Мулло Яъқуб, гурӯҳи Қатар, шабакаи Ҳилмандиҳо, гурӯҳи Қандаҳор ва зилъи ҷадид, ки ба раҳбарии Абдулҳақ Васиқ, раиси истихбороти Толибон, шакл гирифта, тарафҳои даргири он хоҳанд буд. Ҳайбатуллоҳ бо дарки вазъияти печида ва мизони ихтилофот миёни гурӯҳҳои мухталифи Толибон, ки умдатан мабоҳиси тақсими қудрат ва сарватро дарбар мегирад, мехоҳад аз тариқи фазосозӣ ба хунсосозии шиддати даргириҳо бипардозад.
Аммо умдатан ихтилоф дар миёни Толибон, авомили мухталифи дигареро ҳам дарбар мегирад. Масоили мудириятӣ, ихтилофоти минтақаӣ, ихтилофоти сиёсӣ, фикрӣ ва идеологӣ, ихтилофоти ношӣ аз қудратҳои бузург ва даргири масъалаи Афғонистон, ҳам дар эҷоди шикоф дар миёни Толибон нақш доранд ва ҳар рӯз камари ин гурӯҳро мешиканад.
Рӯиҳамрафта, дар сурати канор рафтан ва ё азли физикии Ҳайбатуллоҳи хаёлӣ, Сироҷуддин Ҳаққонӣ мӯҳтамалтарин гузина барои раҳбарии Толибон хоҳад буд. Чун ҳам қудрати раҳбарӣ дорад, шабакаи муназзами ҷангӣ дар ихтиёраш аст ва дар талош аст то бо эҷоди равобити иҷтимоии густурда дар миёни мардум, аз қабл заминасозӣ кунад.
Ин шабака дар ҳоли ҳозир, вазорати дохилаи Афғонистон, волиёни устонҳои мухталиф ва ду воҳиди интиҳорӣ, монанди воҳиди 313-и Бадрӣ ва “Мансурӣ”-ро дар ихтиёр дорад, ки ҳар дам барои инфиҷор омода ҳастанд. Бо ин ҳам, агар чунин шавад ва Ҳаққонӣ ба қудрати аслӣ дар миёни Толибон мубаддал шавад, решаи ихтилофот дар миёни Толибон, нахушкида ва камокон идома хоҳад дошт.