Посух ба Максим Шевченко "коршинос"-и русӣ, ки дар барномаи канали Youtube-и “Свободная пресса” аз давлати Толибон ҳимоят кард ва Аҳмадшоҳ Масъудро "ҷосуси Фаронса" хонд.
Нависанда: Фарид Аҳмад, сардабири вебсайти “Сангар”
“Свободная пресса”-и азиз!
Ман ҳаргиз чунин ба истилоҳ "коршиноси Афғонистон"-ро надидаам. Шевченко лобигари гурӯҳи террористии Толибон аст.
Толибон як идеяи англосаксон аст, ки аз сӯи Покистон иҷро шуда ва тавассути Арабистони Саудӣ сармоягузорӣ шудааст (худи марҳум Беназир Буто, нахуствазири Покистон ба ин амр эътироф кардааст). Дар қаламрави Покистон таъсис ёфтааст (китоби Карнил Имом, афсари истихбороти Покистон (ISI)-ро бихонед, шахсе, ки худ иҷрои тарҳи Толибонро бар дӯш дошт).
Толибон артишест, ки сирфан барои мубориза бо Русия, Чин ва Эрон ва тасарруфи Осиёи Марказӣ эҷод шудааст. Аҳмадшоҳ Масъуд ҳеҷ рабте ба “истихбороти Фаронса” надошт, ӯ фақат забони фаронсавиро медонист ва дар даврони мактабӣ онро дар лисаи Истиқлол омӯхта буд. Ӯ шарики стратегии Русия буд (афсари ГРУ Анатолий Ткачёв зинда аст ва Шевченко бояд аз ӯ боздид кунад). Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Покистон Масъудро "ҷосуси КГБ" меномиданд (китобе ба ҳамин ном бо акси Масъуд ва Александр Князев рӯи ҷилди он дар Покистон мунташир шудааст).
Ҳар он чӣ Шевченко дар ин барнома мегӯяд, дурӯғи маҳз, ҳосили тахайюли ӯ ва тавҳин ба мардуми Афғонистон аст. Ӯ ҳатто намедонад, ки Толибон ҳаққи таҳсил, кор ва ҳаракат дар хиёбонро аз занон салб кардааст. Занони бева наметавонанд кор кунанд ва барои ёфтани ғизо барои фарзандони худ яке аз онҳоро мефурӯшанд. То ба имрӯз, амири Толибон 83 фармон алайҳи занон содир кардааст.
Шевченко! Бихон ва дарёб, ки чаро Созмони ҳамкории Шонгҳой таъсис шуд. Далели он Толибон - "артиши исломии НАТО" буд. Толибон ҳамчунон аз беш аз 20 созмони террористӣ ҳимояту парвариш мекунанд ва қасд доранд бо кӯмаки ифротиюни исломии Русия парчами исломро бар фарози Кремл насб кунанд (иттифоқан онҳо ҳоло зери бинии шумо мегарданд).
ДОИШ дар контроли Толибон аст. Шаҳоб Алмуҳоҷир саркардаи ДОИШ яке аз авомили собиқи Шабакаи Ҳаққонӣ буд, ки таҳти контроли Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири дохилаи Толибон аст. Афғонистон дар дасти Толибон нест, аммо амалан таҳт контрол Алқоида аст. Даҳҳо мадрак, шумораи телефон ва асомии аъзои Алқоида, ки симматҳои муҳимме дар ҳукумати Толибон доранд, вуҷуд дорад.
Оё ин “мутахассис” медонад, ки тамоми мадориси асрӣ дар Афғонистон баста шуда ва ҷойи худро ба “мадрасаҳои ҷиҳод” додаанд, ки дар онҳо интиҳорӣ - комикозаҳоро тадрису омӯзиш медиҳанд? Оё ӯ медонад, ки тамоми ҳукуматро паштунҳо ғасб кардаанд?
Ба тоҷикҳо ва ӯзбекҳо тавҳин мекунад. Хуб. Ҳадди ақал як китоби пашту ҳатто унвони онро мисол бизанад. Касоне, ки ту аз онҳо ҳимоят мекунӣ, ҷуз ҷаҳлу торикӣ барои Афғонистон чизе ба армуғон наёвардаанд.
Оё Шевченко фикр мекунад, ки истихбороти Русия, ки акнун бо Толибон мухолифат мекунанд, аҳмақ ҳастанд? Чаро Толибон ба нишасти гурӯҳи тамоси Русия, Чин, Эрон ва Покистон дар Теҳрон (8 июн) нарафт, балки дар нишасти Доҳа (, ки таҳт раҳбарии Созмони Милали Муттаҳид (яъне Иёлоти Муттаҳида ва Ғарб) дар 31 июн ва 1 июли 2024 баргузор мешавад) ширкат хоҳад кард?
Кӣ ҳар ҳафта 40 то 80 миллион доллар пули нақд дар ихтиёри Толибон қарор медиҳад? Иёлоти Муттаҳидаи Амрико! Шевченко, мефаҳмӣ?! Амрико, на Русия ва ҳатто Чин бо Покистону Эрон! Кас бояд як аҳмақи комил бошад, ки бовар кунад, онҳо бо Русия ва бақия дӯст хоҳанд шуд.
Такрор мекунам, ҳарчи Шевченко мегӯяд, дурӯғ аст, ва зоҳиран ӯ аз ин маворид, ки дар ҷараёни ҷанги дохилӣ дар Афғонистон, замоне, ки кишвар воқеан ба вазъияти ҳарҷу марҷ кашида шуда буд, тавассути гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайримасъул ғорат шуд, ба шиддат осеб дидааст.
Рӯзноманигори азиз, Шевченко аслан масъалаи Афғонистонро намефаҳмад ва шумо ҳам намефаҳмед. Беҳтар аст аз як коршиноси зисалоҳ аз Афғонистон ё Тоҷикистон барои сӯҳбат даъват шавад ва на ин "мутахассис", ки аслан аз Афғонистон иттилое надорад ва ба мардуми Русия дурӯғ мегӯяд.
Ҳамон ҳамалоти террористие, ки ДОИШ дар Русия анҷом дод (Крокус, Ростови лаби Дон, Доғистон) ҳамагӣ аз Афғонистон мудирият шуданду мешаванд. Мантиқӣ аст, ки “коршиносоне” монанди Шевченко ба таври ғайримустақим дар ин ҳамалот дахолат дошта бошанд.
Шевченко ҳақ дорад дидгоҳи худро баён кунад, аммо ҳаққи дурӯғ гуфтан ва тамасхури мардуми Афғонистонро надорад. Ин шарм аст, на назар.
Ва дар поён, Шевченко, оё дӯст дорӣ дар кишваре зиндагӣ кунӣ, ки онро Толибон идора мекунанд? Дӯст дорӣ субҳи зуд даратро бикӯбанду аз хоб бедор кунанд ва туро ба зӯр ба масҷид бибаранд, то намоз бихонӣ? Ё ба хотири нарфтан ба масҷид бо таноб турро шаллоқ зананд, чӣ тур? Дӯст дорӣ мисли Толибон риш дошта бошӣ? Оё мехоҳӣ духтаронат аз рафтан ба мадраса манъ шаванд? Албатта, ки на.
Ту дар як кишвари мутамаддин, озод ва амн зиндагӣ мекунӣ. Мо ҳам мехоҳем ингуна зиндагӣ кунем. Ё фикр мекунӣ, ки мо шоистаи чунин зиндагӣ нестем? Он чиро, ки барои худ намехоҳӣ, барои мардуми Афғонистон низ нахоҳ ва ба Толибон лоби накун. Мо низ монанди мардуми Русия ва соири кишварҳои ҷаҳон мехоҳем зиндагии инсонӣ дошта бошем ва на бар асоси қавонини қурунвустоӣ ва таҳти ҳукумати ин ҳаюлоҳои исломӣ зиндагӣ кунем.
Холисона
Фарид Аҳмад, сардабири вебсойти “Сангар”