Афғонистон барои феълан на ҳол дорад ва на оянда.
Нависанда: Аҳмад Саидӣ, таҳлилгари масоили Афғонистону минтақа (Олмон), махсус барои "Сангар"
Теъдоде мепурсанд, ки Афғонистон баъд аз нишасти севуми Доҳа дар байни сиёсати кашу тела, байни Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, Толибон ва дигар ниҳодҳои милливу байнулмилалӣ ба кадом тараф меравад?
Посухи ман равшан аст: ҳеҷ ҷой намеравад, ҳамон туре, ки гаҳвораи тифл бо ҳаракат ба пешу пас ба ҷое намеравад Афғонистон ҳам ба ҷояш боқӣ мемонад, ҷое намеравад ва ин вазъият иҷолатан идома пайдо мекунад.
Нишасти севуми Доҳа бо ҳузури Толибон ё бидуни ҳузури Толибон баргузор мешавад, аммо натиҷае, ки битавонад дарди мардуми Афғонистонро даво кунад, ҳаргиз мутасаввир нест.
Шумо медонед, иддаи зиёд аз нухбагон, сиёсатмадорон, таҳлилгарон ва фарҳангиён аз худ ва дигарон мепурсанд ва ҳар рӯз барои мо тилфун мекунанд, ки Афғонистон ба кадом самт равон аст ва фарҷоми сиёсатҳои кашу телаи кишварҳои ҷаҳон ва минтақа дар мавриди иморати Толибон ё хилофати ДОИШ чӣ хоҳад буд?
Ба бовари ман, Амрико Толибонро ваъдахилоф мепиндорад, чун тибқи ҳавошии тавофуқномаи Доҳа интизор дошт то ин гуруҳ дар гармогарми ҷанги Украина ва Русия ба фармону ишораи Амрико кор кунад ва Толибону ҳамкоронашон, яъне ДОИШ-и сохти Покистон бар марзҳои кишварҳои Осиёи Миёна сангар гиранд ва барои Эрон ҳам мушкил эҷод кунанд, аммо бар хилофи интизор ва таваққӯъи Амрико Толибон ба табли ҳукуматдорӣ кӯбиданд ва аз таомул бо ҷаҳон сӯҳбат мекунанд. Шиоре, ки Амрико ба он нешханд мезанад, чун Амрико мехоҳад Толибон минҳайси як гуруҳи ҷангӣ ба нафъи Амрико амал кунанд то долларҳои ҳафтавор ҳалолашон шавад, аммо Толибон мегӯянд:
(Мунж нур ғвору таҳ пур ғвори - пашту) - Мехоҳам дубора ба ман пул (қарз) бидиҳӣ, аммо пул (қарз) – и худро пас мехоҳӣ.
Ин дар ҳолест, ки Русия ва Эрон бо сиёсатҳои кашу тела Толибонро дар ҳамон ҷо нигаҳ медоранд, ки буданду ҳастанд.
Мақомоти сиёсии Русия аз таомулу наздикӣ бо Толибон сухан мегӯянд, дар ҳоле, ки то ҳанӯз раҳбарони Толибонро аз листи сиёҳ хориҷ накардаанд ва дар канори он кишварҳои ҳампаймон бо Русия ва узви Паймони амнияти ҷамъӣ мегӯянд, вуҷуди ҷангҷӯёни хориҷӣ дар Афғонистон як таҳдид аст.
Аввал - Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам масруфи ҷамъбандии манофеъи худ дар Афғонистон ва аз Афғонистон минҳайси канали гурез аз таҳримҳо истифода мекунад.
Шумо бубинед, Чин танҳо кишварест, ки сафири Толибонро ба расмият шинохта. Далели он ҳам ин аст то қарордоди истихроҷи маодини Афғонистонро машрӯъ ва қонунманд ҷилва диҳад.
Чин танҳо кишварест, ки ба таври расмӣ сафири Толибонро пазируфта ва кишварҳое, ки дипломатҳои Толибонро дар мақоми кордор пазируфтаанд, шомили Қатар, Эрон, Покистон, Ӯзбекистон, Аморот, Малайзия ва Туркманистон ҳастанд.
Дувум- кишварҳое, ки дипломатҳои афғон мустақар дар он бо Толибон кор мекунанд, низ шомили Индонезия, Арабистони Саудӣ, Туркия, Урдун, Ҳинд ва Қазоқистон ҳастанд.
Севум - кишварҳое, ки Толибон аз он боздид кардаанд, монанди Суидан, Норвегия, Белгия, Нидерланд, Олмон, Гамбия ва Тоҷикистонро шомил мешаванд.
Кишварҳои амрикоӣ бо Толибон ҳеҷ робитаи расмӣ надоранд.
Дар чунин ҳолате ояндаи Афғонистон чӣ гуна пешбинӣ мешавад? Як ҳаюлои дилнокаш дар байни газ ё гаҳвора аст, ки яке онро тела мекунад ва дигарӣ каш. Ё таомул бо тифл.
Афғонистон барои феълан на ҳол дорад ва на оянда ва ба ҷое намеравад.