Хабари рӯз

Толибон равишҳои ҷадид дар фасоди молӣ, идорӣ, чӯри миллӣ ва фасоди ахлоқиро ба роҳ андохтаанд.

Гузоришгар: Атиқуллоҳ Атиқ Ҳиравӣ, хабарнигори озод (Афғонистон)

Толибон, ки дар рӯзҳои нахуст расониданашон ба қудрат тавассути Амрико, муфсидин ва сутуни панҷумиҳои ҷумҳурияти фосид, бо суъистифода аз ғарқ будани ҷумҳурият дар фасоди молӣ ва идорӣ дам аз садоқат мезаданд, худ шеваҳо ва равишҳои ҷадидеро дар фасод, ришватхорӣ ва таҷовузоти ҷинсӣ истихроҷ кардаанд, ки фосидони ҷумҳурият ба хоб намедиданд. Онҳо то акнун аз вожагони динии ушру закот ҷиҳати аххозӣ ва пулгирӣ аз мардум истифода мекунанд.

Гузоришот аз вилоёти Кобул, Балх, Қандаҳор, Ҳирот ва ғайра ҳокист, ки Толибон таҳти номи ҷилавгирӣ аз рушди мӯътодин дар кишвар бо ҷалби кӯмакҳои миллиондолларии хориҷӣ кампҳои тарки эътиёдро дар наздикии марокизи вилоёти бузург таъсис намуда, масорифи онро аз муассисоти хориҷӣ мегиранд, вале шабонарӯз ба афроди мӯътод як нони хушк медиҳанд ва афроди ҷамъоваришуда дар ин кампҳо ҳафтавор яксаду панҷоҳ ило дусад лак афғонӣ барои Толибон оиди шахсӣ дорад. Ба таври мисол, аз байни шаҳр афроди пулдор, навҷавонон ва ғайраро ба номи мӯътод гирифта, дар камп бурда, ҳафтаҳо нигаҳ медоранд ва баъд аз ахзи ришва ва ё суъистифода аз навҷавонон онҳоро озод месозанд.

Чунончи дар ҳафтаи қабл рӯзи панҷшанбе Ёсир, фарзанди Ваҳидуллоҳ, аз ноҳияи 9-и шаҳри Ҳиротро, ки бо дӯстонаш ҷиҳати тафреҳ ба Даҳанаи Камари Калоғ рафта буд, ба номи мӯътод гирифта, бо худ ба камп бурда буданд. Қарори гуфтаи Ёсир, дар ҳамон рӯз ҳудуди 200 тан аз ҷавонони Ҳирот шомили доктар, инжинер, таҳсилёфтаҳои донишгоҳҳои Ҳирот, муҳассилон ва шогирдони макотиб ва ҳамчунон касабакор ва тиҷоратпешаро, ки ба тафреҳ рафта буданд, дар Даҳанаи Камари Калоғ, Тахти Сафир, Боғи Озодӣ ва ғайра ҳамаро Толибон дастгир бо худ ба камп бурданд. Баъд аз тести тақаллубӣ, ба онҳо гуфта шуд, ки мӯътод ҳастед, бояд 3 моҳ дар ин камп таҳти назорат ва тадовӣ бошед. Толибон бо ин кор мардумро маҷбур месозанд, то барояшон ришва дода ва писарони худро аз чангашон наҷот диҳанд.

Чунончи ба гуфтаи Ёсир, падараш ҷиҳати раҳоии вай маблағи 22 ҳазор афғонӣ ба муҳофизини кампи мӯътодин ришват дода то баъд аз як ҳафта писари худро озод кардааст. Хонаводаҳое, ки имконоти молӣ надоранд, ҳафтаҳо фарзандони ғайримӯътодашон дар кампҳои бӯйдода ва шупушзада мемонанд.

Ва ба гузориши як манбаъи дигар, мардуми Афғонистони таҳти ҳокимияти гурӯҳи Толибон ба анвои мусибат ва фалокат гирифтор ҳастанд. Акнун аз Ҳирот ило Кобул 15 тарозуи вазн кардани мутарҳо ё бойсикл аст, ки бояд дар ҳар тарозу яксад афғонӣ пардохт гардад. Дар гузашта се тарозу буд. Ва ҳар тикети тарозу 24 соат вақт дошт, ҳоло ҳеҷ вақт надорад. Ва тамоми ин тарозуҳо илова аз пули расмӣ монанди гузашта фасоди молӣ ҳам мекунанд.

Ҳамчунон ҳар мутаре, ки аз шоҳроҳи Соланг ба самти Кобул ва шимоли кишвар дар рафтуомад аст, бояд аз ҳар тараф мутар маблағи яксад афғонӣ пардохт намояд, ки аз ҳар ду тараф маблағи газофе болои мутардор ва дар ҳақиқат болои мардум бо зӯр ҳавола мешавад ва ин пешина надошта, дар зимн мардум дар масири роҳҳо ба ашколи мухталиф бояд пул пардохт кунанд. Мисол: нонро бояд аз нонвойи Толибон бо вазни кам ва ду баробар қимат аз бозор харидорӣ кунанд.

Гузориши дигар аз яке аз вилоёт ҳокӣ аст, ки Толибон шабона занони зиндониро аз зиндони занона ба маконҳои марбути худ интиқол медиҳанд ва мавриди таҷовуз қарор медиҳанд, вале қурбониён ба хотири обрӯи хонаводагии хеш ҳозир нестанд таҷовуз болои хешро ҳамагонӣ намоянд.

Гузориши дигаре ҳокист, ки постҳои давлатӣ барои афроди Толибон он ҳам аз як гурӯҳи ҳизбӣ, яъне гурӯҳи Толибон ва қавмӣ, забонӣ, самтӣ, ҷинсиятӣ, шуғлӣ,  яъне охунду толиб ва ғайра ба сурати ирсӣ дода мешавад ва тағайироти бисёр кам сурат мегирад.

Мисол: раиси барқи Ҳирот, ки анвои шикоёти мустанад аз фасод ва сарватандӯзии ошкори ӯ баланд шуд. Ва барқ аз асари ғафлат ва бетаваҷҷуҳии вай мукарраран қатъ мешавад. Ва мардуми Ҳиротро ба ашколи мухталиф ба ҳисоб ва давлатӣ чур карда ва фиғони мардумро ба арши малакут расонда ва ҳамин ҳоло чанд шабонарӯз аст, ки мардум барқ надоранд. Ва анвои хисорат аз хароб шудани маводи ғизоӣ то ғайраро таҳаммул кардаанд. Боз ҳам аз ҷойи худ такон намехӯрад. Ў аз шаҳри Ҳирот то Кушки Работи Сангӣ, Исломқалъа, Кобул, Ҳилманд, Қандаҳор ва Машҳади Эрон ва ҳатман Покистон анвои сарват, амлок, дукон ва саррофӣ таҳия карда ва миллионер шуда ва ҳаргиз мавриди бозхост қарор намегирад.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!