Хабари рӯз

Оё заҳдони Толибон беҳтар аз Ҳайбатуллоҳ мезояд?

Нависанда: Муҳаммади Муҳиқ, таҳлилгар (Афғонистон)

Матлаби қаблиро ин ҷо бихонед:

Силии Ҷавлонӣ бар Толибон

Акнун ин пурсиш дар миён аст, ки оё заҳдони ҷамоате, ки Толибон хонда мешавад, қобилияти зоиши раҳбаре беҳтар аз Ҳайбатуллоҳро дорад? Оё дояҳои истихборотии наздику дур, ки миллионҳо долларро ҳафтавор дар коми он мерезанд, саранҷом муваффақ хоҳанд шуд ба зоймоне кӯмак кунанд, ки дасти кам касе монанди Абу Муҳаммад Ҷавлонӣ аз он зода шавад? Ё чунин умеде аз поя воҳӣ аст ва ҳатто сазориани дарднок ҷуз ба мавҷуде ноқисулхилқа нахоҳад анҷомид, ки заҳмати дояҳо ба ҳадар наравад?

Ёфтани посухи қатъӣ барои чунин пурсише душвор аст, аммо бо чидани қитаоте аз як пазл дар канори ҳам метавон ба намои возеҳтаре аз як тасвир даст ёфт. Зуҳури касе беҳтар аз Ҳайбатуллоҳ дар миёни Толибон мусталзими пешшартҳоест, ки ба онҳо ишора мекунам.

Нахуст, дарки мутафовит аз ҷаҳон. Касе, ки монанди Ҳайбатуллоҳ биандешад, яъне ҷаҳонро ба ду урдугоҳ - сиёҳ ва сафед ё хайр ва шарр - тақсим кунад ва худро сардамдори сафедиву хайр ва ҳама нерӯҳову гурӯҳҳои бегона аз худро сиёҳиву шарр бидонад, ӯ ҳанӯз дар заҳдони танги идеологияи ҳайбатуллоҳӣ гирифтор аст ва по ба дунёи воқеӣ, ки бисёр фарохтару рангорангтар аст, наниҳода ва тавони дарки мутафовите аз ҷаҳонро надорад. Ҳама идеологияҳо заҳдонҳои тангеанд, ки пайравонашонро аз дидани ҷаҳон ончунон ки ҳаст, нотавон мекунанд. Ҳанӯз дар миёни Толибон касе, ки аз танаввӯъ дар ҷомеа сухан бигӯяд ва вуқуфи худро ба рангорангии олам нишон бидиҳад, надидаем.

Расидан ба чунин дарке ниёзманди эътироф ба “дигарӣ” аст, ки ба он дигарпазирӣ мегӯянд. Ҷамоате, ки коршро бар бунёди байъат хостан аз дигарон ва итоати кӯркӯрона аз раҳбари кӯрмағзаш ниҳодааст, ҳанӯз ба инсонияти дигарон бовар пайдо накардааст, балки ҳамаро гӯсфандоне меангорад, ки бояд рому ором дар баробари тасомими чӯпони рама “самъу тоат” нишон бидиҳанд!

Шуморе аз раҳбарони ин ҷамоат, ки ба кӯмаки истихбороти кишварҳо ба Дубаю Қатар ва Маскав рафтаанд ва шуморе, ки пинҳон ба Шонгҳою Деҳлӣ ва ҷоҳои дигар ҳам мераванд, бо чашми сар мебинанд, ки ҷаҳон ба куҷо расида ва чӣ тафовути азиме бо онҳо дорад, аммо барои онон ин ҷанба аз мавзӯъ аҳамияте надорад. Ҳатто касе аз ононро ба тааммули ҷиддӣ вонамедорад то сар дар гиребонаш кунад ва лаҳазоте биандешад, ки мардум аз куштору интиҳор ба ин пешрафтҳо нарасидаанд ва бояд роҳе беҳтар аз ифтихор ба кандакҳои интиҳорӣ пайдо кард!

Ҳатто шуморе аз онон, ки актҳои зиракмаобонаи бештаре мекунад ва гоҳе бо эҳтиёт мегӯяд, духтарон ҳам ҳақ доранд дарс бихонанд, вақте дар мақоми таҳлили авзоъи ҷаҳон назар медиҳад, мегӯяд, дар дунё ду абарқудрат вуҷуд дорад - яке Амрико ва дигаре Толибон! Ӯ, ки худ ба зӯри долларҳои ионаӣ нафас мекашад, бо чунин ақлонияти хом ва кӯдаконае оё ба дарки мутафовит аз ҷаҳон расидааст?

Инон ҳангоми қадам задан дар пойи осмонхарошҳои Дубаю Давҳа бо худ мегӯянд, “зури Худоро бубинед, мо, ки дирӯз дар мадрасаҳо будем ва бояд аз ин дарвоза ба он дарвоза мерафтем, то ноне барои шаби худ ҷамъ кунем, акнун бо амирони сармоядори араб ҳамкоса шудаем”!

Ин бӯҳтзадагӣ гиреҳест, ки дар зеҳни бастаи онон гушӯда намешавад ва аз балоҳате, ки бар он муставлӣ шуда, чизе намекоҳад, балки ононро бар таассуб ва тангандешиашон маҳкамтар ва бар баракати ҷиҳоду шаҳодат барои расидан ба чунин нозу неъмате устувортар мегардонад. Онон мутмаин мешаванд, ки бо ҳамин қуттиҳои насвор метавонанд ба бурҷҳои модерни ҷаҳон боло шаванд ва бо ҳамин пероҳану тунбоне, ки нишонаи ҳеҷ тамаддуне дар таърих нест, акси дипломатӣ бигиранд. Онон танҳо ба ҷиҳоду интиҳор мусаммимтар мешаванд.

Дувум, барои зуҳури шахсияти мутафовит дарки мутафовит кофӣ нест, балки шуҷоати кофӣ лозим аст. Дар ҳама ҷамоатҳои гирифтори таассуби идеологӣ аз Ҳизби коммунисти Шӯравӣ дар даврони Сталин то ҳизби нозии Олмони ҳитлерӣ то Ҳизби коммунисти Чини даврони Мао ва то низоми вилояти фақеҳи Эрон, ҳамвора касоне вуҷуд доштанд, ки дар дилашон ба ғалат будани идеологияи ҳоким ва ба нодонии раҳбарони режим ва ба мусибатбор будани сиёсатҳои онон воқиф буданд, аммо шуҷоати истодан дар баробари онро надоштанд.

Муҳаммад Хотамӣ дар Эрон бамаротиб донотар аз аносири, ба истилоҳ, мӯътадили Толибон ва бисёр фарҳехтатар аз онон буд ва тавонист бо ҳамроҳии ҷамоати шиори Эрон барои ҳама эрониёнро боло кунад ва навиди рӯзҳои беҳтареро ба мардум бидиҳад, аммо чун шуҷоати кофӣ барои истодан дар баробари истибдодро надошт, корномааш дар нашри китоби “Оину андеша дар коми худкомагӣ” хулоса шуд ва акнун он кишвар пас аз чанд даҳа дар интизори рӯзҳои талхтар ва сиёҳтаре нишаста ва ба рӯзгори аз даст рафтааш зор мезанад.

Ба акси Хотамӣ, дар чин, Ден Сяопин ин қадар шуҷоат дошт, ки дар асари мухолифат бо сиёсатҳои Мао Седун тан ба салби қудрат ва табъиди чандинсола бидиҳад ва ҳамон ҷарақаи ислоҳотӣ дар низоми он кишвар шуд, ки пасонтар андаке аз чанбараи сиёсатҳои Мао роҳе ба раҳоӣ пайдо кард, вагарна бо идомаи он сиёсатҳо имрӯз муш ҳам барои хӯрдан дар он кишвар пайдо намешуд.

Агар дар миёни Толибон касоне бошанд, ки воқеан мутафовит аз Ҳайбатуллоҳ биандешанд, бояд хутути гуфтумонии худро ҳаддиақаллӣ дар ҳадди ислоҳталабони Эрон равшан кунанд, ҳарчанд шуҷоате беш аз Хотамӣ надошта бошанд, ва омода бошанд, ки монанди ӯ хонанишин ва ё монанди Сяопин табъид шаванд. Агар нишонаҳое аз ин ду вежагӣ дар касоне аз Толибон намоён шавад, он гоҳ метавон умедвор буд, ки ин ҷамоат ба марзи зоймон расида ва аз заҳдони танги ҳайбатуллоҳӣ по ба дунёи фарохтаре хоҳад гузошт. Ҳар умеде бидуни вуҷуди нишонае қобили иттико хушбоварии соддалавҳона аст, ҳатто агар сиёсатмадорони коркушта гирифтораш шаванд.

Мавориди дигаре низ барои муқоисаву фаҳми мавзӯъ вуҷуд дорад, ки барои ҷилавгирӣ аз атолаи баҳс сарфи назар мекунам, вагарна лозим буд тавзеҳ дода шавад, ки омӯзиши мадорис, бавежа, аз навъи девбандиаш чӣ балое бар сари зеҳну равони одамӣ меоварад ва чӣ гуна чашмаҳои идроки одамеро кӯр мекунад ва чӣ гуна маҳсули табиии он вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мешавад. Онон ҳатто аз андешидан ба ин ки чаро ҷаҳон Абу Муҳаммад Ҷавлониро бо он корномааш имрӯз тамҷид мекунад ва ин ҷамоатро тақбеҳ, нотавонанд.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!