Хабари рӯз

Мулло Муҳаммад Умар ё дагарвол (полковник) Шоҳид Ризо, афсари олирутбаи ISI - кадом як раҳбари гурӯҳи Толибон буданд?

Нависанда: МАҲФУЗ

Марк Ҷеймс дар китоби худ дар мавриди Мулло Муҳаммад Умар чунин менависад:

“Муҳаммад Умар дар соли 1978 мелодӣ (дар шаҳри Кветтаи Балучистони Покистон) тавассути туран Илёз Шафиқ ба созмони ISI) дар бахши Шӯрои Кветта ҷазб гардид. Қабл аз он Мулло Умар масруфи омӯхтани таълимоти динӣ дар мадориси исломӣ дар вилояти Урузгон буд. Мулло Умар валади Ғулом Набӣ дар соли 1960 мелодӣ дар вулусволии Хокрези вилояти Кандаҳор ба дунё омад. Дар қавми ҳутак буда ва марбут ба танзими Мавлавӣ Муҳаммад Набӣ мебошад. Дар соли 1979 мелодӣ тавассути ISI дубора ба Афғонистон дар вилояти Кандаҳор фиристода шуд ва дар муқобили Артиши Сурх ҷангид.

Сенатори демократ Бенҷамин Эшли (Benjamin Ashley) дар замони ҳукумати Бил Клинтон дар сафҳаи 180 – и ҷилди дувуми китоби худ ба номи “Шоҳин” чунин менависад:

“Созмони ISI дар талош аст то бехи худро барои чандин даҳа дар Афғонистон маҳкам созад ва баъзе мавзӯъоти хосро дар мавриди Афғонистон аз Амрико пинҳон медорад, вале мо аз он чи, ки тавассути ISI барои ҳамла ва юриши дувум дар Афғонистон тарҳрезӣ кардаанд, бехабар нестем ва он ин аст ки ISI омодагии дувуми худро ба Афғонистон дошт”.

Мудири бахши Ал-қоидаи CIA аз сафорати Амрико дар 1989 мелодӣ дар Исломобод дар китоби худ ба номи “Рӯз бистум” чунин менависад:

“Сарони артиш ва ISI – и Покистон барои ҷӯшондани дубораи дег дар Кобул як плани васеъеро тарҳрезӣ карданд, чун он чиро, ки аз танзимҳои ҷиҳодӣ, ки дар соли 1992 мелодӣ вориди Кобул шуда буданд, таваққӯъ доштанд ба даст наёварданд ва ҳадаф аслии ISI Ҳизби исломии Гулбиддин буд, ки бояд раёсати ҷумҳуриро ба даст бигирад ва кобинаро худ интихоб намояд, вале аз тарафи танзими Ҷамъияти исломӣ ба раҳбарии Бурҳонуддин Раббонӣ ва фармондеҳ Аҳмадшоҳ Масъуд ҳама чиз ба ҳам зада шуд ва ба он мухолифат гардид ва Муҷаддадӣ, раҳбари Муҳози Миллӣ, ҳукумати интиқолиро дар Кобул таъсис карданд, ки Ҳизби исломӣ ба раҳбарии Гулбиддин ба он мухолифат намуд ва ҷангҳои танзимӣ дар Кобул барои ба қудрат расидан дар гирифт. Аз ин ҷо буд, ки ISI барои аҳдофи дувуми худ тавассути Мулло Тарахел ва Ҳомид Карзай ба ташкилоти нав даст ёфт. Дар Пешовар ва Кветта як ниҳоди ҷадидро ба номи Шӯрои Кобул таъсис кард. Баъд аз шаш моҳ ин шӯро табдил ба гурӯҳи Толибон гардид.

Дагарвол Шоҳид Ризо, мудири M1 бахши Ал - қоида (ISI), ки мушовири аршади Усома ибни Лодан ва масъули умури молии он мебошад, як теъдод афроди марбути Ҳизби исломӣ ва Ал-қоидаро мунсаҷим сохт, то ташкилот бештар васеъ ва ба номи гурӯҳи Толибон ба по истода намояд. Афрод ва қумандонони ҷиҳодиро шомили ин гурӯҳи навбунёд сохт ва дар раъси раҳбарии он ду нафарро ҳар як (Ҳомид Карзай) аз танзими Муҷаддадӣ ва Мулло Муҳаммад Умар аз танзими Мавлавӣ Муҳаммад Набӣ интихоб шуд., ки баъдан назар ба мухолифати Усома ибни Лодан ва Мавлавӣ Тарахел Ҳомид Карзай аз сатҳи раҳбарӣ ҳазф ва Мулло Муҳаммад Умар дар сатҳи раҳбарӣ қарор гирифт. Дагарвол Шоҳид Ризо имконоти молии гурӯҳи навбунёди Толибонро аз Усома ибни Лодан ахз намуд. Усома ибни Лодан, миллиарддори саудӣ, аз лиҳози сарвати зиёд мавриди таваҷҷуҳи сарони артиш ва ISI – и Покистон қарор дошт ва давлати Арабистони Саудӣ ва Амрико, Инглис ва баъзе аз кишварҳо пулҳои Усомаро дар бонкҳои байнулмилалӣ қайд намуда буд, ки дагарвол Шоҳид Ризо тавонист аз банкҳои Саудӣ, Иморот ва дигар кишварҳои арабӣ озод созад ва ҳама пулҳои вайро ба ҳисоби банкии худ рехт, чун дагарвол Шоҳид Ризо ягона шахси мавриди эътимоди Усома ва мушовири аршади он буд. Тамоми планҳои хориҷии Ал-қоида тавассути дагарвол Шоҳид Ризо тарҳрезӣ мешуд”.

Марк Ҷеймс дар китоби худ чунин тавзеъ медиҳад:

“Артиши Покистон ва ISI ба ин фикр амиқ фурӯ рафта буданд, ки саросари Покистон аз лонаҳои ифротӣ ва шабакаи Ал-қоида пур ва лабрез гардидааст, чӣ гуна худро аз ин ҳолат наҷот диҳанд. Тарс ва ҳароси инро доштанд, ки мабодо ин гурӯҳҳо рӯзе алайҳи Покистон ва дар дохили хоки Покистон даст ба иқдоме бизананд, чун он чиро, ки барои бунёди ҷиҳод алайҳи Афғонистон таҳдобгузорӣ намуда буд, аз ҳамон оғоз дар фикри интиқоли дубораи он ба хоки Афғонистон будаанд. Ин бор ба ташкил додани бунёди нав ба номи Толиб дар Афғонистон чаҳор ҳадафи асосиро дар назар доштанд ва мутобиқи он ин гурӯҳ тақвият ва барои ин чаҳор ҳадаф дохил Афғонистон гардид.

1 - ҷамъоварии он идда аз террористҳои машҳур ва таълимёфтаи шабакаи Ал-қоида дар хоки Покистон ва мунсаҷим сохтани он дар радифи гурӯҳи Толибон ва интиқоли шабакаи Ал-қоида ба хоки Афғонистон ва табдил сохтани Афғонистон ба марокизи доимии шабакаи Ал-қоида.

2 - террор ё зинда гирифтани Бурҳонуддин Раббонӣ ва фармондеҳ Аҳмадшоҳ Масъуд ва баъзе дигар аз қумандонон ва танзимҳои ҷиҳодӣ ва Ҳизби ваҳдати исломӣ ва Ҷунбиши исломии Дӯстум.

3 - дар контрол овардан ва аз байн бурдани раҳбарони машҳури вилоятҳои Шимол тавассути Толибон, кишт ва заръи хашхош дар ин вилоятҳои шимолии Афғонистон ва қочоқи он ба кишварҳои Осиёи Миёна ва Эрон, чун солона ISI аз кишт ва қочоқи маводи мухаддир дар вилоятҳои Шарқӣ ва Ҷанубии Афғонистон миллиюнҳо долларро ба даст меоварад.

4 - ба имзо расондани муҷаддади хатти Дюранд тавассути доктар Наҷибуллоҳ, раисҷумҳури қаблии Афғонистон, ки дар дафтари Созмони Милали Муттаҳид паноҳ бурда буд, чун нуқтаи асосӣ ва ҳадафи аслии Покистон дар ҷангҳои дохилӣ аз ҳамин ҷо сарчашма мегирад. Рӯи ҳамин манзур Покистон танзимҳои ҷиҳодиро дар дохили хоки худ эҷод намуд, то тавониста бошад контроли Афғонистонро ба даст гирад ва рӯзе ин муоҳидаи Дюрандро ба таври расмӣ аз ҷониби Афғонистон ба имзо бирасонад.

Марк Ҷеймс тавзеъ медиҳад:

“Бо дохил шудани гурӯҳи Толибон ва эълони Иморати исломӣ дар Афғонистон ҷаҳониён ба ин савол бар хӯрданд, ки раҳбари воқеии ин гурӯҳ кӣ аст?

Сафорати Амрико дастрасӣ ба асноди ашадди маҳрам ва сареъи ISI даст ёфт, ки дар ин асноди тавзеҳот миёни дагарвол Шоҳид Ризо, мудири умумии бахши Ал-қоида, Усома ибни Лодан, Мулло Муҳаммад Умар қабл аз ҳаракат аз Покистон ба Афғонистон ва шомили 54 мода мебошад. Ин протокол тавассути раис умумии ISI генерал Асад Дурронӣ, Усома ибни Лодан ва мулло Муҳаммад Умар ба имзо расидааст, ки чанд бахши онро тазаккур медиҳам:

1 - таъйин намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии Иморати исломии Афғонистон ба дасти созмони ISI буда, ки аз тарафи намояндаи хоси созмони ISI (дагарвол Шоҳид Ризо) иттихоз мегардад ва контрол мешавад. Ҳеҷ як аз Шумо ҳаққи мудохила ва тасмимгириро надоред. Шумо, мулло Муҳаммад Умар, муваззаф ҳастед, то аз дастуроти дагарвол Шоҳид Ризо пайравӣ намоед.

2 - Шумо мулло Муҳаммад Умар ба ҳеҷ сурат иҷоза надоред аз тариқи матбуот, телевизиони Афғонистон мусоҳиба бо хабарнигорони хориҷӣ ва дохилӣ намояд ва ҳам иҷоза надоред тасвиратонро нашр намоянд. Шумо муваззафед, чеҳраатонро пинҳон бидоред.

3 - Шумо мулло Муҳаммад Умар муваззафед то асрори ашадди маҳрам ва сареъро дар мавриди (фирқа 0019T ) – и пиёдаи Покистон, ки бо шумо як ҷо вориди Афғонистон ва ба вилоятҳои Кандаҳор, Ҳилманд ва Урузгон ҷо ба ҷо мешавад ва баъдан ба номи афрод толиб ҳаракат ба сӯи Кобул ва вилоятҳои шимолӣ мешавад, барои ҳамеш бо худ нигоҳ доред.

4 - Шумо мулло Муҳаммад Умар танҳо ба номи раҳбари Толибон вазифаи таблиғоти исломиро барои афродатон доред, ҳеҷ гуна салоҳиятҳои давлатиро дар мавриди таъйин ва муқаррарӣ дар дохили ҳукумати исломӣ надоред. Ҳама масъулияти дохилӣ ва хориҷӣ ба дасти намояндаи олирутбаи созмони ISI дагарвол Шоҳид Ризо мебошад ва дар мактубҳои Иморати исломӣ номи Шумо зикр мегардад ва шумо имзо микунед.

5 - ISI иҷозаи истихроҷи маъдани ураниуми вилояти Ҳилмандро дорад ва интиқоли он ба Покистон ва дар бадал он барои Иморати исломӣ қимати он пардохта намешавад.

 6 – Иморати исломӣ масорифи худро аз тариқи кишти маводи мухаддир ва қочоқи он ба Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Русия ва Эрон ба даст орад. Дар ин қисмат фирқаи 0019T-и пиёдаи Покистон бо Иморати исломӣ барои пешравӣ ба тарафи вилоятҳои шимол ва баъд аз тасхири ин вилоятҳо кишти маводи мухаддир дар он.

 7 - дар сурат ифшогарӣ аз тарафи Шумо ва афроди наздик ба шумо аз ҷузъиёти протоколи фавқ, ки дорои 54 мода аст ва шумо дар он имзо ва асари ангушт намудед, дар сурати гир масъулияти сангин дорад.

Асадуллоҳ Дурронӣ, раиси ISI,

Исломобод”.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!