Хабари рӯз

Рози махфӣ мондани чеҳраи раҳбари Толибон чист?

Манбаъ: adyannews.com

 Аз замони тасаллути дубораи Толибон бар Афғонистон, ҳар аз гоҳе навори савтӣ аз Мулло Ҳайбатулло, раҳбари Толибон, аз сӯи сухангӯёни ин гурӯҳ мунташир мешавад. Чанд рӯз қабл ҳам файле савтӣ аз ӯ пахш шуд. Ӯ дар суханронӣ дар гирдиҳамоии ҷамъе аз муллоҳои Толибон, “кофирон”-ро маломат кард, ки бадхоҳи “низоми исломӣ” ҳастанд ва дар садади тахриби он баромадаанд. Ҳамчунон ӯ бар мавозеи қаблиаш пофишорӣ варзид ва иддао кард, ки ҳуқуқи занон дар сояи низоми Толибон ба сурати комил риоят шуда ва ҳеҷ вақт занон дар ин кишвар ба андозаи ин рӯзҳо хушбахт набудаанд. Ӯ боз ҳам аз зарурати татбиқи шариат бар асоси қироати Толибон сухан гуфт ва ба мардум хабар дод, ки дар оянда ҳудуд ва аҳкоми шаръ аз қабили шаллоқ задан ва сангсор кардан дар малаи ом иҷро хоҳад шуд.

Саволе, ки ҳамеша матраҳ буда ин аст, ки чаро раҳбари Толибон то кунун ҳозир нашуда чеҳраашро ба мардум бинамоёнад ва бо ҳувияти комилаш бо мардум сухан бигӯяд ва то кунун фақат садояшро ба самъи мардум расондааст? Оё мантиқӣ нест, ки раҳбари Толибон барои расондани паёмҳои худ ба мардум ва нуфуз дар миёни онҳо, аз парданишинӣ берун ояд ва чашм дар чашм бо онҳо ҳарф бизанад ва ба ин тартиб эътимоду итминони ононро ҷалб кунад?

 

НИГАРОНИҲОИ АМНИЯТӢ

Раҳбари кунунии Толибон қабл аз он ки ба раҳбарии ин гурӯҳ мансуб шавад, фарди бисёр таъсиргузор ва муҳим дар раҳбарии Толибон набуд ва нақши ҷиддии иҷроӣ дар он гурӯҳ надошт. Гуфта мешуд, ки фармондеҳони низомии Толибон аз он ҷиҳат ба интихоби ӯ тамоюл доштанд, ки тасаввур мекарданд бо раҳбар шудани ӯ аз қудрату салоҳияти онон коста намешавад ва ибтикори амалро аз даст намедиҳанд. Аммо Мулло Ҳайбатулло пас аз дар даст гирифтани раҳбарӣ оҳиста-оҳиста ба қудраташ афзуд ва пас аз тасаллути дубораи Толибон тақрибан ҳама тасмимҳои бузургро дар инҳисор гирифт.

Созмони Толибон ба гунае тарроҳӣ шуда, ки раҳбари ин гурӯҳ дар раъси ҳарими қудрат қарор дорад ва тасмимҳои муҳим бидуни иҷозаи ӯ гирифта намешавад. Ӯ пас аз тасарруфи Афғонистон, даст ба ташкили нерӯи зубда ва пуршумор барои ҳимоят аз худ задааст. Ин нерӯ ба вазоратҳои дохила ва дифои Толибон иртибот надорад ва таҳти амри мустақими Мулло Ҳайбатуллоҳ аст. Акнун муҳимтарин фард дар Толибон, Мулло Ҳайбатуллоҳ аст ва аносири шохисе мисли Сироҷуддин Ҳаққонӣ ва Мулло Яъқуб, ки дар ташкилоти Толибон ба ҳайси муовинони ӯ шинохта мешаванд, ҳам наметавонанд вайро ба чолиш бикашанд.

Ба табъи аҳамияти Мулло Ҳайбатулло дар силсиламаротиби раҳбарии Толибон таъмини амнияти ӯ низ аз авлавиятҳои гурӯҳи Толибон аст. Зоҳиран масъулони ҳифозат аз ҷони Мулло Ҳайбатулло ҳанӯз ба ин натиҷа нарсидаанд, ки ҷони ӯ дар хатари ҷиддӣ нест ва ӯ метавонад дар малои ом зоҳир ва аксу видеояш мунташир шавад. Ин дар ҳолест, ки Сироҷуддин Ҳаққонӣ, ки ҳанӯз ҳам дар феҳристи афроди таҳти таъқиби Амрико қарор дорад ва ҳозир шуда аксу видео мунташир кунад ва ҳувиятшро барои ҳамагон фош созад.

Феълан Амрико дар ҳолати мусолиҳа бо Толибон қарор дорад ва ба сурат ҳафтагӣ аз 40 то 80 миллион доллар пули нақд ба Афғонистон мефиристад ва ба суботи иқтисодии идораи Толибон кӯмак мекунад. Аз ин лиҳоз, аз сӯи Амрико хатаре мутаваҷҷеҳи раҳбарони Толибон нест.

Бо ин ҳол, ихтилофҳои дарунии Толибонро наметавон ҷиддӣ нагирифт. Дар ҷараёни интихоби Мулло Ахтар Мансур ба унвони ҷонишини Мулло Умар, иддаоҳое аз сӯи толибони мухолифи Мансур матраҳ шуда буд, ки Мулло Умар ба дасти Ахтар Мансур заҳр дода шудааст. Ҳатто агар ин иддао ғалат бошад, боз ҳам равшан месозад, ки миёни дастаҳои мухталифи Толибон фазои эътимоди комил вуҷуд надорад.

Толибон аз дастаҳо ва тайфҳои мухталиф ташкил шудаанд ва феълан боварашон ин аст, ки созмони Толибон вобаста ба ҳузури раҳбар аст ва агар ҷойгоҳи раҳбар мутазалзил шавад, дар ҳама аркони ин созмон тазалзул ба вуҷуд меояд ва ҳамагӣ зарар мекунанд. Бо вуҷуди ин, эҳтимол дорад танишҳо ва кашмакашҳо ба самти тақобул пеш биравад, чунон ки дар замони интихоби Мулло Ахтар Мансур чунин иттифоқе афтод.

Бо таваҷҷуҳ ба ин мавзӯъот, ин ки Мулло Ҳайбатулло таҳти ҳифозати шадид қарор дорад ва раҳбарони кобулнишини Толибон ба душворӣ ба ӯ дастрасӣ меёбанд ва ҳамчунин ӯ ҳозир нашуда чеҳраашро ба ҳама нишон диҳад ва низ нерӯи вежа барои ҳифозат аз худ таъсис карда, ношӣ аз беэътимодии ӯ ба дигар дастаҳои Толибон метавонад бошад.

Ҳузури ДОИШ-и Хуросон дар Афғонистон яке аз нигарониҳои аслии Толибон аст. Ин гурӯҳ дар чанд маврид тавониста муллоҳои барҷаста ва мақомҳои баландпояи Толибонро аз байн бибарад. Бо вуҷуд он ки дар ҳоли ҳозир дар фаъолиятҳои ДОИШ-и Хуросон заъф ба вуҷуд омада, аммо чандин амалиёте, ки ин гурӯҳ ахиран дар Эрону Покистон анҷом дод, равшан мекунад, ки ҳанӯз ҳам ин гурӯҳ хатарнок аст. Агар раҳбари Толибон ҳозир ба чеҳранамоӣ шавад, аносири ДОИШ ба осонӣ метавонанд вайро шиносоӣ кунанд. Барои афроде, ки ҷони худро дар хатар эҳсос мекунанд, ифшои чеҳра метавонад хатарсоз бошад.

 

ТАҚВИЯТИ ХОРИЗМА

 Эҳтимол дорад парданишинии Мулло Ҳайбатулло як бозии моҳирона бо равони тӯдаҳо бошад. Шахсе, ки дар миёни тӯдаҳо ҳозир мешавад, дар канори ин ки мумкин аст ҷонаш дар хатар бошад, харизмааш низ коҳиш меёбад. Авом дар хусуси чизе ё касе, ки вуҷуд дорад, аммо дида намешавад мутавассил ба фикру хаёл ва гумон мешаванд. Бо ин шева ба осонӣ метавон мардумро контрол кард ва тарсонд ё умед дод.

Дар китобҳои таърих навиштаанд, ки Ҳасани Саббоҳ аз замоне, ки дар қалъаи Аламут ворид шуд ва то сӣ соле, ки дар он ҳузур дошт, фақат ду бор ба боми хона рафт. Маълум мешавад, ки ӯ набзи мардумро ба хубӣ месанҷида ва равони ононро ба дурустӣ мешинохтааст.

Толибон ҳам бо махфӣ кардани чеҳраи раҳбарашон қасд доранд убуҳҳату салобати вайро дар дилҳо бештар кунанд. Мулло Умар, муассиси Толибон ҳам ҳеҷ гоҳ ҳозир нашуд, аксу видеое аз ӯ ба берун дарз кунад ва фақат гоҳе садои ӯ пахш мешуд. Аз нодир мусоҳибаҳое, ки аз ӯ ба ҷо монда маълум мешавад, ки вай фарди камсавод ва бехабар аз ҷаҳону якданда будааст. Чунин шахсе агар дар миёни ҷамъ ҳозир мешуд, он убуҳҳатеро, ки дошт, аз даст медод ва харизмааш аз байн мерафт.

Талоши Мулло Ҳайбатуллоҳ барои махфӣ кардани чеҳрааш ва дурӣ аз мардум, дар аввал баъзе аз таҳлилгаронро водошт ҳадс бизананд, ки шахсе бо мушаххасоти Ҳайбатуллоҳ аслан вуҷуд надорад. Аммо ба тадриҷ заъфи ин иддао бармало шуд, чун тайи дуву ним соли гузашта, Ҳайбатуллоҳ рӯзона дар иқоматгоҳаш бо садҳо тан аз мардуме, ки аз саросари Афғонистон ба суроғаш меоянд, дидор мекунад ва ба ҳарфҳои онон гӯш медиҳад ва суханони худро ҳам ба самъи онҳо мерасонад.

Қароину шавоҳиди ҳикоятгар он аст, ки Мулло Ҳайбатуллоҳ вуҷуд дорад, аммо таҳти ҳифозати шадид қарор дорад ва ҳозир нест аксу видеое аз ӯ умумӣ шавад. Аз файлҳои савтие, ки аз суханрониҳояш ба нашр расида, маълум мешавад, ки вай муллои суннатӣ аст ва худро баёнкунандаи фармоишҳои дин мешуморад ва мукарраран ба ояву ҳадис ва суханони бузургон истинод мекунад ва саъй мекунад ҳар нуктаву мақулаеро, ки баён мекунад, рангу луоби динӣ дошта бошад ва таҳлилаш аз авзоъ, шабеҳи таҳлили фардест, ки ҷанги бузургро раҳбари карда ва ба пирӯзӣ расонда ва лаҳнаш дар баробари Амрикову Аврупо лаҳни таънаолуд ва таҳоҷумӣ аст.

Ӯ интиқод аз Толибонро барнаметобад ва аз зердастонаш мехоҳад, ки ба мунтақидон иҷозаи интиқод кардан надиҳанд, чун ба бовари ӯ, интиқоди аланӣ аз Толибон ба тазъифи “низоми исломӣ” меанҷомад. Интиқод бояд рӯ дар рӯ ва хусусӣ бошад ва ло ғайр.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!