Ҷаҳон чаро Толибонро ба расмият намешиносад?
Нависанда: Абдуносир Нурзод, муҳаққиқи амният ва геополитика, махсус барои "Сангар"
Беш аз дуву ним сол мешавад, ки Толибон ба қудрат баргаштонда шудаанд. Дар ин муддат ҳеҷ кишвари дунё ҳозир нест риски ба расмият шинохтани ин гурӯҳро бипазирад. Ҳатто наздиктарин ҳомиёни Толибон, ки солҳо барои ин гурӯҳ ҳимояти молӣ, таслиҳотӣ, ақидатӣ ва сиёсӣ фароҳам сохтаанд, ҳозир нестанд риск кунанд ва Толибонро ба расмият бишносанд. Ҳоло пурсиши меҳварӣ ин аст, ки чаро Толибон ба расмият шинохта намешванд?
Дар ин муддат иртиботи ҷаҳон бо Толибон ба воситаи гузинаи таомули сиёсӣ сурат гирифта ва дунё агар на ба сурати расмӣ, вале ғайрирасмӣ бо Толибон иртибот доштааст, аммо ҷаҳон ҳозир нест, ин гурӯҳро минҳайси як давлат ба расмият бишносад ва шомили муровидоти сиёсии маъмул дар урфи дипломатӣ созад.
Нигоранда далоилеро ин ҷо минҳайси эҳтимолоти аслии адами барасмиятшиносии Толибон аз сӯи ҷаҳон, шуморавор баён мекунам.
- Агар Толибон ба расмият шинохта шаванд, як низоми ҳуқуқӣ, машрӯъ ва соҳиби раъй назар ба қавонини байналмилалӣ дар муодилоти минтақаӣ, ҷаҳоне дар канори ҷаҳон шакл хоҳад гирифт. Ин кор бори масъулияти ҷаҳонро, ки аз корти Толибон истифодаи абзорӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ мекунад, афзоиш хоҳад дод;
- Баҳси манофеъи иқтисодӣ, сиёсӣ, амниятӣ ва геополитикӣ эҷоб намекунад, то кишварҳои ҷаҳон бо ба расмият шинохтани ҳукумати чунин гурӯҳе, ки ноқизи умдаи ҳуқуқи башар аст, бо арзишҳои модерн дар ситези ошкор қарор дорад ва талош мекунад, то худсарии радикалиро ба як урф мубаддал созад, ваҷҳи расмӣ ба он бидиҳанд. Лиҳозо бо сарпӯш гузоштан бар сари масъалаи ҳуқуқии барасмиятшиносӣ, манофеи худро аз тариқи таомул бо ин гурӯҳ, таъмин мекунанд;
- Аз гурӯҳи Толибон дар қудрат як теъдоди зиёде аз кишварҳо истифодаи абзорӣ карда ва онро минҳайси як абзори фишори амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ дар муқобили ҳамдигар ба кор мебаранд. Дар чунин ҳолате набояд нишон дода шавад, ки ин гурӯҳ бо доштани равобити расмӣ бо унсури “А”, унсури “Б”-ро осеб мерасонад. Биноан, масъулият ба гурӯҳи ғайрирасмӣ, номашрӯъ ва ҷудо аз усулу принсипҳои ҳуқуқи шиносоӣ метавонад, беҳтар манофеи ин кишварҳоро таъмин кунад;
- Барасмиятшиносии як режими террористӣ, мусталзими як таомули дуҷониба, ҳуқуқ ва ваҷоибу мукаллафиятҳоест, ки ҳеҷ кишваре ҳозир нест, онро ба гурӯҳи Толибон бидиҳад. Лиҳозо ба шакли ғайрирасмӣ Толибон унсури созанда дар таомулоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ дар минтақа боқӣ хоҳанд монд, бидуни ин ки масъулияте мутаваҷҷеҳи кишваре бошад;
- То замоне, ки Амрико пешгоми барасмиятшиносии Толибон нашавад, дигарон ҳозир нестанд, масъулият бихаранд ва посухгӯ дар баробари амалкардҳои ин гурӯҳ дар сутуҳи байналмилалӣ бошанд. Лиҳозо ҳифзи вазъи мавҷуд адами шиносоии як гаравӣ дар қудрат дар Афғонистон, метавонад ба сурати ҳадафмандона, бо барномаҳои амниятӣ ва бо санҷишҳои бахусусӣ дар ин замина, анҷом пазирад;
- Ҳар ҳодисаи амниятӣ, ки ҳатто ҳадди ақал иртиботе бо гурӯҳҳое дошта бошанд, ки дар Афғонистон таҳти контроли Толибон пойгоҳ доранд, иттифоқ биафтад, режими ба расмият шинохташудаи Толибон, масъули он хоҳад буд. Дар ин сурат вокуниш дар баробари он, мусталзими мурооти усул ва принсипҳои байналмилалӣ мебошад. Биноан, агар гурӯҳи ниёбатие, монанди Толибон, ки фоқиди шиносоии байналмилалианд, бо чунини ҳаводисе пайванд дошта бошанд, иқдоми оҷил дар баробари онҳо, саҳлтар ва камҳазинатар аст;
- Гурӯҳи Толибон ва ҳузури онҳо дар қудрат як барномаи амниятӣ, як проекти истихборотӣ ва барои иҷрои аҳдофи хосе мебошад. Хусусияти мондани чунин гурӯҳҳои ниёбатӣ дар қудрат, убурӣ, мақтаӣ ва тактикӣ аст ва минҳайси як асли тавозундиҳанда ва ё барҳамзанандаи муодилоти амниятӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ истифода мешаванд. Барасмиятшиносӣ нишон аз тазминҳои дарозмуддат бо қабули масъулиятро барои ҳар давлате ба вуҷуд меоварад, ки дар ин сурат ба расмият шинохтани Толибон, хилофи ин барнома хоҳад буд;
- Минтақа ҳозир нест чунин гурӯҳеро, ки манбаи илҳоми афкори террористӣ ва тундравӣ аст, ба расмият бишносад. Агар чунин кунад, барои амнияти минтақа ва эҳтимоли ин ки соири гурӯҳҳои террористӣ, бо илҳом аз навъи низоми толибонӣ даст ба таҳаррукоте бизананд, ки илҳомбахши мавҷе аз терроризм ба сутуҳи густурдае дар минтақа бошад;
- Ҳамон тавре, ки эҷоди гурӯҳи Толибон маҳсули кори чанд кишвар амалкарди он ҳосили рақобати чанд қудрат аст. Барасмиятшиносии он низ мӯҷиби низоъ, рақобат ва ҳамчашмии сиёсӣ хоҳад буд. Биноан, барасмиятшиносии Толибон як раванди муғлақ, печида ва фавқулодда душвор хоҳад буд;
- Ҳоло баъд аз дуву ним сол аз ба қудрат расонидани Толибон комилан ҳувайдост, ки Толибон дигар як ҷараёни мутлақ биломунозеъа, унсури бидуни бадил ва як омили мутлақ нест. Шароити душвори байналмилалӣ, рақобати қудратҳои мухталиф ва зуҳури авомили таъсиргузор бар вазъияти Афғонистон, масъалаи барасмиятшиносии Толибонро аз садри барнома ва дастури кори қудратҳое, ки мавҷудияти ин гурӯҳро дар қудрат, як унсури муҳим барои таъмини манофеи худашон мебинанд, хориҷ сохтааст.
Биноан, Толибон камокон як омил дар қудрат боқӣ мемонанд то вазъият ва барномаҳои сиёсии қудратҳои бузургу минтақа таҳаввул ёбад, миллионҳо доллар махориҷи режимашон аз ҷониби қудратҳои бузург таъмин мешавад, воситае хоҳанд буд барои таъмини манофеи иқтисодии минтақа ва фароминтақа (маодин, масири транзитӣ, барқ, бозорҳои иқтисодӣ) манофеи сиёсӣ (чоназанӣ дар сутӯҳи байналмилалӣ) рақобатҳои фикрӣ, идеологӣ, талош барои таъмини усули ҷадид дар назми қарибулвуқуи байналмилалӣ ва конуни фикрии тундрав дар минтақа ва манофеи амниятӣ, истифодаи абзорӣ аз унсури тундравии Толибон барои татбиқ аҷандоҳои амнияти қудратҳои минтақа ва фароминтақа дар сутӯҳи мухталифи сиёсати байналмилалӣ.
Ин гурӯҳ барои барҳамзании тавозуни амниятӣ дар сатҳи минтақа ба воситаи барномаҳои фароминтақа ва эҷоди тавозуни амниятиву ҷилавгирӣ аз бесуботӣ аз ҷониби минтақа истифода хоҳанд шуд. Ҳеҷ ниёзи фаврӣ барои барасмиятшиносии ин гурӯҳ аз ҷониби ҷаҳон вуҷуд надорад.