Магар Толибон воқеияти паштунии Афғонистон нестанд?
Нависанда: Файёз Баҳрамон Наҷимӣ, таҳлилгари умури минтақаву байнулмилал, узви Ҳайати мушовирони “Сангар”
Вазири хориҷаи Эрон Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён дар суханоне дар донишкадаи фаннии Донишгоҳи Теҳрон дар пурсишу посух бо донишҷуён гуфт: “Толибон ДОИШ нест ва бахше аз ҷомеа Афғонистон аст” [баргирифта аз сайти Би Би Си].
Табсираи Би Би Си ин титрро дорад: “Мақомҳои пешини Афғонистон дар вокуниш ба Амир Абдуллоҳиён, Толибонро бо “Муҷоҳидини халқ” муқоиса карданд”.
Ҳамзамон вокуниши ду порсизабон, яъне Рангин Додфар Испанто ва Машкур Кобулиро ба ҳамроҳи вокуниши Раҳматуллоҳ Набил аз баргаҳои Икс (собиқ Твитер) – и онҳо нашр кардааст.
Би Би Си дар табсираи кӯчак бо як тир ду ҳадафро нишона гирифт: яке, бахши бузург аз порсиёни огоҳро, ки рӯз ба рӯз ба тағйири парадигма бар меҳвари гуфтумони “ҳаққи таъйини сарнавишт” ва “ҷудоиталабӣ” бовар пайдо мекунанд ва гом ба гом роҳашонро аз “хидматгузорӣ” барои афғонҳо ё паштунҳо ҳамчу “косаҳои доғтар аз ош”-и афғонистоншумулӣ, афғоният ва афғонизм ҷудо месозанд.
Ва дигар васла кардани порсиён ба ҳайси афғонҳои сарсупурда ва қарор додани онҳо дар баробари Эрон.
Солҳо дар ақиби зеҳни ҳар эронӣ аз ом то хос калимаи “афғон” ба маънои қавме будааст, ки забони шабеҳ ба порсӣ ба номи дарӣ доранд ва ҷудо аз фарҳангу забони порсии қадим мебошанд – далели он равшан аст, чун дар беш аз яку ним сада бештари порсизабонон хидматгорони афғонизм шуданд ва ҷафокорони ҳувияту фарҳанги порсӣ, ҳатто ғайри номи забонашонро бо ривояти ҷаълии он пазируфтанд, чун маъмурони маъзур буданд.
Интихоби номи Спанто ва Машкур Кобулӣ дар ин ҷо тавассути шабакаи бузурги дурӯғи ҷаҳонӣ тасодуфӣ нест, зеро яке намояндагӣ аз донишомӯхтаҳо дар Ғарб мекунад ва ба технократ маъруф аст ва дигар донишомӯхтаи ҳавзаи илмия ва намояндаи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ. Дар як хабари ҷаълшуда аз ҳар ду вобастаҳои афғонизм сохтанд!
***
Сайти Эрон Интернешнал, ки боз ҳам як расонаи арабӣ - англисии думболарави сиёсатҳои Бритониё аст, хабари Абдуллоҳиёнро таври дигар нақли қавл кардааст.
[Дар Афғонистон шароити печидае аст. Аввалан Афғонистон замоне метавонад дар масири суботу амният қарор бигирад, ки ҳама ақвом дар идораи кишвар нақш дошта бошанд. Мо ба сароҳат ба мақомоти Толибон гуфтаем, ки Толибону паштунҳо бахше аз Афғонистонанд, на ҳамаи он].
Ҳоло маълум нест, ки вокунишдиҳандагон аз кадом манбаъ ва нусхаи хабарӣ истифода кардаанд, аммо бардошти ман аз паёми онҳо додани чароғи сабз ҳам барои ғарбиён ва ҳам Толибони паштун алайҳи Эрон аст.
***
Ҳоло обҳо фурӯ рехтаанд ва афғонҳо ё паштунҳо ва Афғонистон на як масъала, балки як мушкил ҳам дар даруни ҷуғрофия ва ҳам буруни он мебошанд. Инкор кардани ин воқеият бехабарӣ ё хидматгорӣ ҳамчун душманёрӣ ё collaborationism аст. Магар Толибон ҳамакнун дар миёни афғонҳои асил ё паштунҳо машрӯъияти комил надоранд?
Вақте баҳси машрӯъият аз тариқи раъйи мардум матраҳ шавад, бо итминон ин бандаи толибонӣ аксарияти орои афғонҳоро бо худ хоҳанд дошт. Идеологияи девбандӣ - паштунӣ ҳамин Толибонанд, ки иддае тоҷикҳо ва ӯзбекҳои ҷиҳодиро низ бо худ доранд.
Барои порсизабонон дар ҷабҳаҳои муқовимат ва дигар нерӯҳову шахсиятҳои сиёсии мутамоил ба Ғарб бозӣ дар майдони афғонизм дарвоқеъ худкушии сиёсӣ барои худу ҳам дашна задан аз ақиб ба мардуми хеш аст!
Бояд воқеияти қавмии афғонии Толибон барҷаста шавад, ки дар сохтани он аз Амрико ва муттаҳидон он то Русияву Эрон дар замонҳои мухталиф саҳм доштаанд.
Ҳар кас “Достони фил дар торикӣ”-и Мавлоноро аз диди худаш таъбир мекунад.
Толибон гурӯҳи холиси қавмии афғонӣ ё паштунӣ ҳастанд, магар ин воқеият нест?
Дар тамоми раддаҳои Толибон танҳо паштунҳо ё афғонҳо ҳузур доранд, магар ин воқеият нест?
Толиб, афғон ва паштун ҳар се калима номи бомусаммои як қавм шуда ва муодили ҳаманд, магар ин воқеият нест?
Паштунҳо, яъне Толибон, камтар аз 40 дарсади “атбоъ” на “шаҳрвандон”-ро дар ҷуғрофияи ҷаълии Афғонистон ташкил медиҳанд, магар ин воқеият нест?
Пас вокуниш барои чӣ?
Вокуниш чизи дигаре нест ба ҷуз аз афғонзадагӣ ва ҳувиятбохтагӣ!
Касоне, ки дар бозиҳо ва рақобатҳои қудрат дар миёни ақвоми паштун ё афғон абзор будаанд, ҳеҷ гоҳ натавонистанд аз пӯстини вобастагӣ ба афғонизм бурун шаванд.
Дар ним қарни гузашта аксар сиёсатгарон ва мазҳабиёни порсиён қурбонии назарияи ғалати байналқавмӣ шудаанд, ки реша дар тезиси бепояи интернатсионалистӣ ва касирмиллатӣ доштааст.
Агар дар ду соли ахир ҷабҳаҳое, ки дар раъси он ғайриафғонҳо ва бештар порсизабонон қарор доштаанд, марз байни дӯсту душманро мутаҳаввирона равшан месохтанд, имрӯз, бидуни шак, доияи истодагӣ бар пойҳои “худиҳо” шакл мегирифт ва ниёз ба тагаддӣ ба сӯи ғарбиҳо намедоштанд.
Афғонизм омили аслии қавмкушӣ (этносид)-и порсиён ва тағйири бофти қавмии онҳо дар шимол, шимолу ғарб ва марказ аст. Дер ё зуд ҷазираҳои бештари паштунӣ дар манотиқи порсизабонон эҷод мешавад, ки мулҳам аз стратегияи бритониёиҳо дар нимаи дувуми садаи 19 мебошад, ки тавассути амир Абдураҳмон оғоз гардид.
Вокуниши иштироккунандагони “ҷаласаи Вена” ба суханони вазири хориҷаи Эрон, пеш аз ин, ки ба нафъи мардуми мо бошад, фиристодани навъе паёмҳо ба Амрикову муттаҳидони он аст, ки аз масири накӯҳиш ва мавзеъгирии зиддиэронӣ ва шояд фардо зиддирусӣ ва тоҷикӣ бигузарад!
Ғарб ҳеҷ гуна ҳисобе болои “муҳраҳои сӯхта”-и гузашта ба ҷуз абзорсозии таблиғотӣ аз онҳо боз намекунад!
Толибон беҳтарин чамоқ барои Ғарб бавежа Бритониё аст, ки ҳам таҷрибаи Бози Бузурги аввалро дорад ва ҳам архиви ғанӣ аз кишварҳои минтақаро.
Фарз шавад, ки агар фардо Толибон набошанд, боз ҳам сафҳои паштунҳои вобаста ба Ғарб барои бадили дигар дароз аст. Бо ҳама лобигариҳои кӯчакатон ба Амрикову Аврупо ҳеҷ кишваре шуморо таҳвили ҷиддӣ намегирад!
Бояд аз таърих омӯхт!
Озмударо озмудан хатост.