Хабари рӯз

Толибон чӣ гуна Амрикову Русия ва созмонҳои байнулмилалиро фиреб мекунанд?

Нависанда: Андрей Серенко, раиси Маркази таҳлилии сиёсатшиносони Русия

ДАР АКС: аз ин аксу аксҳои дигаре, ки дар ихтиёри "Сангар" қарор дорад, метавон дарёфт, ки дасту пойи "доъишиҳои кушташуда" қаблан баста буда ва аслиҳаҳо барои саҳнасозӣ ҷой дода шудаанд.

Ахиран, Толибон қисматҳое аз муборизоти худ бо гӯё шохаи афғонистонии ДОИШ-ро ба намоиш гузоштанд. Ва зарофатҳои аҷибу ғариби зиёде дар намоиш ин “мубориза” вуҷуд дорад.

1 - Фақат худи Толибон аз даргирӣ (иқдомот)-и Толибон алайҳи ҷангиёни ДОИШ хабар медиҳанд. Намояндагони ДОИШ ҳеҷ изҳори назаре дар баробари ин намекунанд. Пеш аз ин, ДОИШ ҳамеша тафсири хоси худро аз бархе қисматҳои ҷанг ироа мекард ва аз ин тариқ иттифоқ афтодани онҳо таъйид мешуд.

2 - Дар ҷараёни иқдомоти Толибон алайҳи ДОИШ ба таври мӯъҷизаосое фақат доишиҳо мутаҳаммили хисорат мешаванд: қоидатан Толибон ҳамаи онҳоро ҷо ба ҷо мекушанд. Чунин муваффақиятҳои шигифтангези амалиёти Толибон бо дармондагии мутлақи ДОИШ, ки қодир ба куштани як душман нест, ба шиддат бо натиҷаҳои амалиёти анҷомшудаи ҷангиёни ДОИШ носозгор аст. Дар ҳоле, ки ҳама чиз комилан баръакс аст - ДОИШ бо нотавонии ошкори Толибон дар ҷилавгирӣ аз иқдомоти худ, короии террористии бисёр болоеро нишон медиҳад.

3 - Афзоиши намоишии фаъолияти Толибон дар мубориза бо ДОИШ билофосила пас аз як силсила изҳороти интиқодӣ алайҳи режими онҳо аз сӯи Иёлоти Муттаҳида, Русия ва чандин созмони байналмилалӣ дар бораи адами талошҳои ҷиддии Толибон дар муқобила бо ДОИШ зоҳир шуд.

Нозирони вазъ дар Афғонистон ин се нуктаи фавқро аз маъракаи “мубориза”-и кунунии Толибон алайҳи ДОИШ бо назароти зер такмил мекунанд:

1 - Толибон намоиши зиддидоишии худро дар посух ба одисозии барномаи пардохти 40 миллион доллари ҳафтагии нақди амрикоиҳо афзоиш додаанд. Ба назар мерасад, ин фаъолшавӣ бахше аз протоколҳои маҳрамонаи тавофуқи Доҳа дар 2020 байни Иёлоти Муттаҳида ва Толибон аст.

2 - Далоиле вуҷуд дорад, ки бовар кунем Толибон амалиёт барои аз байн бурдани гурӯҳҳои ДОИШ дар шаҳрҳо ва манотиқи мухталифи Афғонистонро саҳнасозӣ мекунанд. Ба вежа, ба гуфтаи манобеъ, Толибон аз қабл зиндониёнро аз зиндонҳо мегиранд, онҳоро ба хонаҳои гӯё амну хоси ДОИШ меоваранд ва дастонашонро баста, он ҷо мегузоранд. Пас аз он, навъе ҳамлаи Толибон ба хонаи доишиҳо оғоз мешавад, ки тайи он “ҷангҷӯёни ДОИШ”-и мустақар дар он ҷоро ба таври физикӣ аз байн мебаранд.

3 - Толибон асирони нерӯҳои муқовимати зидди Толибон ва ҳамчунин афсарону сарбозони нерӯҳои амниятии собиқи Афғонистонро, ки дар воқеъ ҳеҷ иртиботе бо ДОИШ надоранд, ба унвони "ҷангҷӯёни ДОИШ" дар ҷараёни амалиётҳои вежа ба ҳалокат мерасонанд.

Натиҷагирӣ: Толибон ба тақлид ва ҷаъли муборизаи мусаллаҳона бо ДОИШ дар Афғонистон машғуланд, то аз шиддати интиқоди Амрикову Русия ва созмонҳои байналмилалӣ бикоҳанд ва дарёфти муназзами 40 миллион доллари амрикоиҳоро “ҳалол” кунанд. Толибон ҳамчунин бо ҳазфи физикии низомиёни собиқи Афғонистон машғуланд ва ин иқдомоти танбеҳиро ба унвони "амалиёт алайҳи ДОИШ" ба намоиш мегузоранд. Ин тақлид дар пасзаминаи афзоиши воқеии фаъолият ва муассирии шохаи воқеии ДОИШ дар Афғонистон сурат мегирад, ки ба суръат дар ҳоли тақвияти мавқеияти худ дар Афғонистон аст. Толибон қодир ба ҷилавгирӣ аз ин тақвияти ДОИШ нестанд.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!