Хабари рӯз

Амрико шикаст нахӯрдааст ва як муомилаи сиёсӣ байни Трамп ва Толибон* будааст, на ҳукумати Афғонистон. Иддаои Толибон, ки Амрикоро шикаст додаанд, нақш бар об хоҳад шуд

Нависанда: Фарид Юнус

Шоеа аст, ки Ашраф Ғанӣ ба Афғонистон бармегардад. Баргашти дубораи шахсиятҳои сиёсӣ дар Афғонистон нав нест ва дар гузашта иттифоқ афтодааст.

Дувум, ин шоеа аз имкон ба дур нест ва як литмус тест (litmus test) - и сиёсӣ дар Афғонистон хоҳад буд, зеро низоми такқавмӣ ва исломи идеологӣ дар Афғонистон қобили пазириш нест. Дар ин давраи ҷадид  Ғанӣ равишҳои ҷадидро ба пеш хоҳад гирифт, зеро чанд мавзӯъро усулӣ бояд донист.

Аввал ин ки низоми такқавмӣ дигар дар Афғонистон наметавонад ҷавобгӯи ниёзмандиҳои сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар бошад. На мардум ва на кишварҳои ҷаҳон ҳамкорӣ намекунанд.

Дувум,  Ғанӣ донист, ки бидуни ҷомеаи байналмилалӣ ва исломӣ Афғонистон дар инзиво кашида хоҳад шуд ва ин ба суди Афғонистон нест.

Севум, тундгароёни исломӣ ба шумули Ҳикматёр ба ин ҳақиқат пай хоҳанд бурд, ки дар як кишвари қавмӣ ва қабоилӣ на татбиқи исломи ҳизбӣ ва гурӯҳӣ имкон дорад ва на демократияи машрут бар ин ки як махлут аз ҳар ду бошад.

Низоми Толибон субути маҳкам бар ин ҳақиқат аст, ки Афғонистони озодманиш ҳаргиз зери юғи як навъ низоми истибдодӣ ва диктаторӣ намеравад. Дар ғайри он ҷанг давом хоҳад кард, ҳатто ба таҷзияи Афғонистон тавассути қувваҳои зидахли сиёсии байналамилалӣ хоҳад анҷомид.

 Севум бо ҳамсоягон бояд аз равиши диатоник (мутобиқат) кор гирад, то на сих бисӯзаду на кабоб.

Дар ин ҷои шакку шубҳа нест, ки раёсати ҷумҳурии Ғанӣ як ҳокимияти мутлақ нокоми сиёсӣ ва иқтисодӣ буд ва аммо сухани "ҳамон кафшкаши қадим" метавонад дуруст аз об дарояд, зеро мардум бо ҳама фасоди идориву ришваситонӣ ва хешхӯриву қавмгароии Ғанӣ, ки шармовар буд, ба ин натиҷа расиданд, ки вазъашон аз ҳар нигоҳ беҳтар буд ва ин як воқеият аст.

Нуктаи ҷолиб ин ки Амрико дар ин баргашт ҳамкорӣ хоҳад кард ва ин ҳамкории Байден, раисҷумҳури Амрико ба ҷаҳониён собит месозад, ки Амрико шикаст нахӯрдааст ва як муомилаи сиёсӣ байни Трамп ва Толибон будааст, на ҳукумати Афғонистон. Дар ин марҳала аст, ки иддаои Толибон, ки Амрикоро шикаст додаанд, нақш бар об хоҳад шуд. Ин воқеиятро ин муҳаққиқ навишта будам, ки Толибон дар асари як муомила ба қудрат расиданд на ин ки Амрикоро шикаст дода бошанд.

Барномаи “Роҳ абрешим” ба шакли васеъ рӯи даст гирифта хоҳад шуд ва дар ин қисмат Покистон саҳми бориз хоҳад дошт. Инсонҳо аз таҷориби талх ва иштибоҳот меомӯзанд ва  Ғанӣ дар ин мақтаъи таърихи Афғонистон аз ин усул мустасно нест.

*Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милал аст.

 


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!