Сироҷуддин Ҳаққонӣ, раҳбари Шабакаи Ҳаққонӣ, ҳоло вазири дохилаи Толибон, дар як наворе, ки гуфта мешавад, ба ӯ рабт дорад, иддао кардааст, ҳамлаи интиҳорӣ болои ҳутали Интерконтинентали шаҳри Кобулро Паёмбари ислом Муҳаммад (с) роҳбарӣ мекард
КОБУЛ, 10 апрел – Сангар, Фарзом Козимӣ. Ин ҳамла соли 2018 иттифоқ афтода, аз хунбортарин ва пурсадусадотарин ҳаводиси 20 соли ахир ба ҳисоб меравад.
Сироҷуддин Ҳаққонӣ дар ин навор мегӯяд, ки Ҳофиз Каримуллоҳ ва дигарон дар ин ҳамла ширкат доштанд ва Ҳофиз Бадриддин, ки ҳамроҳашон суҳбат мекард, пеши ӯ (Сироҷуддин) омад ва гуфт, Халифа Соҳиб, интиҳориҳо охирин хоҳиш – суҳбати телефонӣ бо туро доранд.
“Ман дар телефон суҳбат намекардам он вақт. Мавлавӣ Бадруддин бо ман нишаста буд. Ман гуфтам, панҷ дақиқа баъд шаҳид мешаванд. Ба хотири дини Аллоҳ аз ҷони худ даргузаштанд. Агар хатар ҳам буд, гуфтам, дар телефон суҳбат мекунам. Замоне, ки ба Ҳофиз Каримуллоҳ салом додам, вай гуфт, Халифа Соҳиб, ба зоти Аллоҳ қасам, ки раҳбарии амалиёти моро Муҳаммад (с) мекунад. Ана ин ҷо дари дарвоза рост истодааст (оҳу афғону гиря аз толор шунида мешавад). Мо ормони дили худро пурра кардем. Он қадар куффорро мурдор кардем. Мо фақат интизори шаҳодат ҳастем. Баъд аз он ки онҳо шаҳид мешаванд, дар хоби як дӯсти ман меояд, ки ӯ мегӯяд, Муҳаммад (с) болои як масҷид нишаста, ба интиҳориҳои Интерконтинентал санади ҷаннат навишта мекунад”, - мегӯяд Сироҷуддин Ҳаққонӣ.
Ҳамлаи интиҳории Толибон ба “Интерконтинентал” ба таърихи 20 январи 2018 иттифоқ афтод, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва мақомоти давлати Афғонистонро ҳадаф қарор дода буд. Он замон Толибон бо нашри эъломияе гуфт, афроди ин гуруҳ ба нишасти мақомоти афғон ва хориҷӣ дар ҳутали Интерконтинентал ҳамла карданд ва ин даргирӣ дасти кам 14 соат идома дошт.
Дар ин ҳамла дар кул 42 нафар - шаҳрвандони Афғонистон (25), Украина (9), Иёлоти Муттаҳида Амрико (4), Венесуэла (2), Олмон (1) ва Қазоқистон (1] кушта, 14 нафар захмӣ шуданд.
Шаш толиби интиҳорие, ки ҳамла карданд, низ кушта шуданд ва ба иддаои Сироҷуддин Ҳаққонӣ, ҳамон лаҳза аз дасти худи Паёмбари ислом (с) “санади ҷаннат” – ро ба даст оварданд.
Дар ҳамин ҳол, ин бори аввал нест, ки гуруҳи террористие назири Толибон ва Шабақаи Ҳаққонии он ҳамчунин иддаоҳои аҷибу ғариб ва суолангез мекунанд, мушкили равониву руҳонӣ ва ҷаҳонбинии ифротии худро ба намоиш мегузоранд, ки ҳатто раҳбари раддаи аввалаш Паёмбари ислом (р) – ро фармондеҳи интиҳориён муаррифӣ мекунад.
Қаблан як олими Толибон даъво карда буд, ки Худованд ба Ҷалолуддин Ҳаққонӣ, падари Сироҷуддин Ҳаққонӣ ва асосгузори Шабакаи Ҳаққонӣ ду гӯсфанд додааст, дар ҳоле, ки бино ба ривоёти исломӣ, ба Ҳазрати Иброҳим (а) фақат як гӯсфанд дода буд.
* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст