Хабари рӯз

Ихтилофоти миёнгурӯҳӣ ва резиши сохтории Толибон* монанди як бомбаи дар ҳоли инфиҷор аст ва ин гурӯҳ даступоча шудааст, аммо Покистон ҳамтоёни дигареро ба ҷои ин гуруҳ ва Шабакаи Ҳаққонӣ* низ омода кардааст

Нависанда: Ҳорис Ҷуброн, таҳлилгари масоили амният ва терроризм, махсус барои Сангар

Моҳияти ҷангу ситезаи гурӯҳҳои идеологӣ-эътилофӣ устувор бар ниҳодина кардани мабонии фикрӣ ва инҳисори қудрати сиёсӣ аст. Тамаркузи ин гурӯҳҳо пас аз пирӯзӣ рӯи тақсими қудрат ва тақвият бахшидани нуфузи худ бар соҳаи бюрократияи ҳоким мебошад. Бадеҳист идеология ва бунёди фикрӣ танҳо нуқтаи васли гурӯҳҳо пеш аз расидан ба пирӯзӣ шинохта мешавад, вале шиносаи аслии ин гурӯҳҳо пас аз пирӯзӣ ҷанҷол бар сари тақсими қудрат ва густарондани соҳаи нуфуз ба хотири бақост. Чун барои чунин гурӯҳҳо идеология ва доштани фикри муштарак барои мубориза тақаддуси зотӣ надорад, тақаддусбахшӣ барои чарои мубориза абзорист то онҳо бо тавассул ба ин равиш битавонанд соҳаи сарбозгириро васеъ ва иттиҳоди худро дар раддаи тасмимгирӣ ҳифз намоянд.

Пас аз таслими Афғонистон барои гурӯҳи Толибон (24 асади 1400 – 15 августи 2021) яке аз авлавиятҳои барҷастаи раҳбарии сиёси ин гурӯҳ ҳифзи иттиҳод ва воҳидсозии фармон буд. Фикрпардозон ва ҳомиёни истихборотии ин гурӯҳ медонистанд фасли ҷадид фасли давлатсозӣ ва машрӯъиятталабӣ аст, аммо тақобули табақаи сиёсӣ ва низомӣ барояшон қобили пешбини буд.

Аз ин рӯ, бар асоси иттилоот, чаҳор ҷаласаи муҳимм пушти дарҳои баста миёни шохаи Ҳаққонӣ ва Мулло Бародар (қандаҳориҳо) сурат гирифта ва охирин маврид ҳам нишасти Қандаҳор 22 марти соли равон буд, ки расонаӣ шуд ва бидуни натиҷа ба поён расид. Қобили ёдоварист, се омили калидӣ асоси ихтилофоти миёнгурӯҳии Толибонро ташдид бахшида: пешинаи таърихии ихтилофот, машрӯъияти миёнгурӯҳӣ ва қудрати низомӣ. Дар ин миён шохаи Ҳаққонӣ ба фузунхоҳӣ ва зиёдаравӣ маъруф аст.

Дар ин ёддошт нигоранда дар талош аст то рӯи асосу пешинаи таърихии ихтилофоти миёнгурӯҳии Толибон тамаркуз дошта бошад. Пардохтан ба пешинаи таърихии ихтилофот, машрӯъияти миёнгуруҳӣ ва доштани қобилияти низомии шохаҳо, бар асоси мусоҳибаб рӯ дар рӯи нигоранда бо муттаҳамин дар тавқифи амнияти миллӣ байни солҳои 2019-2021 ва иттилооти амнияти миллии Афғонистон сурат гирифта.

 

МАШРӮЪИЯТИ МИЁНГУРӮҲӢ

Чеҳраҳое чун: шайх Абдулҳаким Ҳаққонӣ, Мулло Бародар, Нуруллоҳ Нурӣ, Мулло Хайрмуҳаммад Хайрхоҳ, Мулло Абдулҳақ Васиқ ба раҳбарии Мулло Умар аз асосгузорони таҳрики Толибон ба кӯмаки созмони истихборотии Покистон мебошанд. Пас аз марги Мулло Умар, ин чеҳраҳо вориси аслии хонаводаи Мулло Умар ва таҳрики худхондаашро Мулло Яъқуб медонистанд ва феълан машрӯъият миёнгурӯҳиро дар қомату ҳузури ӯ таъриф мекунанд.

Дар гоми баъдӣ чеҳраҳои дурушт, ки аз асосгузорони таҳрики Толибон маҳсуб мешаванд ва аксаран марбут ба қабилаи дурониҳо ҳастанд, худро меросдори аслии гурӯҳи ба ном Толибон мепиндоранд ва Шабакаи Ҳаққониро проекти марбут ба истихбороти Покистон медонанд, ки дар ҷанги бист соли гузашта ба орият гирифта шуда буданд.

Шабакаи Ҳаққонӣ дар ҷанги бист соли гузашта дар баробари ҳукумати пешини Афғонистон ва нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ нақши бориз дошт, нафароти марбут ба ин шабака бо ин ки дар ҷанги мутаорифи ҷабҳаӣ Толибонро кӯмак мекарданд, аммо маъмурияти аслиашон дар ҳамдастӣ бо ДОИШ* - и шохаи Хуросон ва Лашкари Тайиба* роҳандозии ҳамалоти шаҳрӣ, бомбагузорӣ, ҳамалоти интиҳорӣ, гаравгонгирӣ, қочоқи маводи мухаддир ва амалисозии проектҳои хосси раёсати Афғонистон дар ISI буд.

Мулло Бародар ва ҳамроҳонаш маъмурият ва масъулияти Шабакаи Ҳаққониро ба унвони як паймонкори созмони истихбороти Покистон пас аз таслими Кобул поёнёфта медонанд ва дар талош буданд то Ҳаққониҳо дар назми кунунӣ ба унвони меҳвари тасмимгир арзи андом накунанд, ки чунин нашуд ва бо васотати созмони истихбороти Покистон Шабакаи Ҳаққонӣ ба унвони як меҳвари тасмимгир ва муқтадир дар дастгоҳи кунунии Толибон соҳиби раъй аст.

Пас аз фурӯпошии назми ҷумҳурият ду мавриди дигар низ дар барҷастасозии Ҳаққониҳо дар миёни гурӯҳи Толибон нақш дошт: 1) таъмини иртибот миёни Ҳамдуллоҳ Муҳиб, мушовири Шӯрои амнияти раисҷумҳур Ғанӣ бо Халил Ҳаққонӣ (дар акс) ва омодагӣ барои таслими Кобул; 2) бар асоси иттилооти қабл аз ворид шудани Толибон ба Кобул ба таърихи 13 август нерӯҳои марбут ба Шабакаи Ҳаққонӣ ба машвараи Созмони истихбороти Покистон дар атрофи Кобул ва атрофи шаҳр пиёда шуда буданд ва мунтазири ворид шудан ба Кобул буданд. Нафси ворид шудани нерӯҳои марбут ба Шабакаи Ҳаққонӣ ба Кобул ва тасхири шаҳру идороти давлатӣ имтиёзи дигар буд, ки мавқифи Ҳаққониҳоро дар чоназании дарунӣ бар сари қудрат дурушттар сохт.

Аз назари Ҷозеф Ной (Joseph Nye) аз бунёнгузорони назарияи неолиберализм ва муаллифи мафҳуме ба номи қудрати нарм "имрӯза ҳадафи бахши аъзами сиёсатҳои амниятӣ таъмин ва тазмини истиқлоли амали иҷтимоӣ ва санҷиш аз мавқеияти сиёсӣ дар дохили марзҳои миллӣ аст". Шабакаи Ҳаққонӣ ба унвони боли аслӣ ва низомӣ аз вазъияти печида ва чандтабақа дар миёни гурӯҳи Толибон огоҳ буд ва ҳамвора аз адами машрӯъияти миёнгурӯҳӣ, вобастагии мутлақ бо Созмони истихбороти Покистон ва таҳти таъқиб будани шахси Сироҷуддин Ҳаққонӣ ба ҳарос буданд, ба ҳамин манзур бар асоси назари Ҷозеф Ной ин шабака тавонист бо истифода аз қудрати низомӣ, истиқлоли амалро касб ва мавқеияти сиёсиро шакл диҳад. Аз назари Шабакаи Ҳаққонӣ ғояти амният мафҳуми умумӣ надорад ва ин шабака амниятро бақои худ (Шабакаи Ҳаққонӣ) медонад.

 

ПЕШИНАИ ТАЪРИХИИ ИХТИЛОФОТ

Ҷарақаи аслии ин ихтилофот бармегардад ба марги Мулло Умар. Пас аз марги вай аъзои раҳбарӣ ва Шӯрои Кветта бар сари интисоби раҳбари ҷадид ва интиқоли тоҷи машрӯъият ба ҳам хӯрда гирифтанд. Дар ин миён Мулло Ахтар Мансур, ки муттаҳам ба пинҳон нигаҳ доштани марги Мулло Умар дар соли 2013 буд, ниҳоятан Мансур марги вайро дар соли 2015 эълом кард ва худ раҳбари гурӯҳи Толибон шуд.

Интисоби Ахтар Муҳаммад Мансур оғози чандпорчагӣ ва резиши созмонии гурӯҳи Толибон буд. Дастаҳои мухталиф бар гузиниши ӯ тохтанд ва ӯро сазовори раҳбарӣ намедонистанд. Нахустин вокунишро аъзои хонаводаи Мулло Умар дошт. Мулло Яъқуб фарзанди Мулло Умар ва Абдулманнон бародараш бо ҷамъе аз чеҳраҳои дигар, мисли Мулло Расул роҳашонро аз Мулло Ахтар Мансур ҷудо намуданд.

Мулло Ахтар Мансур ба хотири наҷоти гурӯҳ аз иншиоб ва шикофи дарунӣ, масъулияти комиссияи низомӣ, узвият дар Шӯрои Кветта ва Шӯрои раҳбариро барои Мулло Яъқуб (дар акс) ба унвони ришваи сиёсӣ пешниҳод намуд ва пас аз ҷазби Мулло Яъқуб Мулло Расул ҳамчунон ба мухолифат идома дод то мунҷар ба даргирӣ миёни ҳавохоҳони ду тараф гардид. Сипас вилоятҳои Фароҳ ва Ҳирот ба пойгоҳи аслии гурӯҳи иншиобии толибҳо табдил шуд, ки даргириҳои шадид миёнашон иттифоқ афтод.

Пас аз кушта шудани Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур, Мулло Ҳайбатуллоҳ раҳбарии шикананда ва чандпорчаро ба мерос гирифт. Ба иловаи он, бар асари фишори Созмони истихбороти Покистон Ҳайбатуллоҳ маҷбур буд то саҳму ҷойгоҳи вежае ба Ҳаққониҳо низ ихтисос бидиҳад.

Кушта шудани Мулло Ахтар Мансур дубора баҳси интихоби раҳбари ҷадидро баланд кард ва ин бор чеҳраҳои наздик ба Мулло Ахтар Мансур наздиктарин фард ба вай (шайх Абдулҳаким), ки аз ҷойгоҳи хуби мазҳабӣ низ дар миёни Толибон бархурдор будро пешниҳод карданд, аммо қура ба номи Мулло Ҳайбатуллоҳ баромад ва мансуриҳо рафта рафта бо раҳбарии кунунӣ фосила гирифтанд.

Бо наздик шудан ба музокироти сулҳ байни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва гурӯҳи Толибон дарзи шадид миёни кадрҳои сиёсии қатарнишин ва қумондони низомии гурӯҳи Толибон эҷод шуд. Дарвоқеъ ин ихтилоф дастрасии аъзои дафтари сиёсии Толибон дар Қатарро бо қумондони барҷаста, сатҳҳои тактикӣ ва ҷангҷуён қатъ кард ва шикофи амиқ байни табақаи сиёсӣ ва низомӣ шакл гирифт, ки то акнун мо шоҳиди он ҳастем. Аз ҷумлаи қумондонон, ки бо шаклу мӯҳтавои музокирот ва сипас бо имзои тавофуқномаи Доха (29 феврали 2020) мухолифат доштанд, Садр Иброҳим ва Мулло Абдулқаюм Зокир буданд. Бар асоси иттилоот, ҳарду қумондони барҷастаи Толибон ва ин чеҳраҳои бонуфуз феълан дар мухолифат бо Шабакаи Ҳаққонӣ қарор доранд. Садр Иброҳим миёнаи хубе бо Сироҷуддин Ҳаққонӣ надорад ва Мулло Абдулқаюм Зокир ба хотири мухолифати ҷиддӣ бо Шабакаи Ҳаққонӣ феълан ҳамроҳ бо нерӯҳои вобаста ба худаш дар вулусволии Каҷакии Ҳилманд ба сар мебарад, ҳатто чанде қабл Мулло Бародар ва Мулло Яъқуб ба диданаш ба Ҳилманд рафтанд то вайро ба Кобул баргардонанд, вале муваффақ нашудаанд.

Аз он ҷое ки толиб як гурӯҳи ниёбатӣ ва зоидаи фикри Созмони истихбороти Покистон аст, контрол ва лаҷоми ин гурӯҳ дар дасти низомёни Покистон мебошад ва аз ин рӯ, Созмони истихбороти Покистон бо Толибон чандпаҳлу бозӣ мекунад. Барҷастасозии Шабакаи Ҳаққонӣ, эҷоди ихтилофоти қавмӣ ва қабилавӣ ва таъмини иртибот бо чеҳраҳои хос аз тарфандҳое аст, ки мехоҳад дастаҳои мухталифро зери заррабин дошта ва контрол намояд дар зимн дар сурати зарурат ва сарпечӣ як дастаеро дар баробари дигар истифода намояд.

Бар асоси иттилоот, ки назди раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон буд, Созмони истихбороти Покистон дар соли 2019 ҳастаеро аз Шабакаи Ҳаққонӣ ба номи “Корвони Абу Убайда” ҷудо карда буд, ки масъулияти як бахш аз ҳамалоти шаҳрӣ, ҳамалотӣ интиҳорӣ ва бомбагузориро дошт ва ҳамчунон ташкили дигар ба номи “Эътилофи даъвати исломӣ” шакл дода буд. Ин ду ҳастаи хобида ба унвони таҳдиди стратегӣ ва бадил барои Шабакаи Ҳаққонӣ ва гурӯҳи Толибон назди Созмони истихбороти Покистон матраҳ аст.

Ихтилофи хобидаи дигар, ки ба унвони як таҳдиди нарм дар табақаҳои мухталиф ва сохтори ташкилотии Толибон мутасаввир аст, тақобули наслӣ (насли аввал ва дувуми толиб) ҳарчанд насли аввали Толибон ҳанӯз ҳам дар раъси аҳроми қудрат қарор доранд, вале ба гунае бо насли дувум ба сари тавзеъи қудрат дар тақобул қарор доранд ва ин мавзӯъ дар ояндаи наздик ба таҳдиди ҷиддии миёнсохторӣ мубаддал мешавад.

Ин ихтилофот башиддат сатҳҳои раҳбарии Толибонро даступоча намуда ва дар талошанд то роҳе барои берунрафт ҷустуҷӯ кунанд, аммо дар ин миён Шабакаи Ҳаққонӣ аз фузунталабӣ ва зиёдахоҳӣ кӯтоҳ наомада ва дар талош аст то ҷойгоҳи сиёсӣ/низомии худро ҳифз намуда ва манобеъ ва имконоти давлатиро дар ростои бақои худ ҳазина кунад.

Бояд изъон намуд Шабакаи Ҳаққонӣ дар канори ин ки бо бахше аз Толибон иморати худхондаи кунуниро шакл додаанд, вале ин шабака ҷудоӣ аз ширкат дар муносиботи қудрати кунунӣ пайвандҳои торик ва зерзаминии дигар ҳам дорад, мисли эҷоди мусалласи шум (ДОИШ-шохаи Хуросон, Лашкари Таиба ва Шабакаи Ҳаққонӣ) эҷоди даҳлези транзити терроризм ва амнсозии даҳлези қочоқ ва интиқоли маводи мухаддир.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид ё мамнуъ аст.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!