Афғонистони серу пур, дар ҳоли рушд ва дар айни замон ором, барои ҳамсоягон судманд аст, аммо на барои "шарикони ғарбӣ".
Манбаъ: канали телеграми Рибар (Русия)
Дар мавриди манофеъ иқтисодии Чин дар Афғонистон ва чашмандози онҳо
Дар авоили моҳи январ, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон эълом кард, ки Толибон қарордодеро бо ширкати чинии CAPEIC (Ширкати нафту гази Осиёи Марказии Шинҷон) барои тавсеаи майдони нафту газ дар Афғонистон имзо кардааст.
Бар асоси ин қарордод, чиниҳо ҳаққи аввалияи истихроҷи нафту газ аз захоири ҳавзаи рӯдхонаи Омударё дар вилоятҳои Сарипул, Ҷузҷон ва Форёбро дарёфт хоҳанд кард. Барои ин солона ҳудуди 150 миллион доллари амрикоӣ ба Толибон пардохт мешавад ва то се соли дигар ин маблағ ба 540 миллион афзоиш меёбад.
Бо вуҷуди мушкилоти амниятии дар ҳоли зуҳур, тарафи чинӣ фаъолона ҳузури худро дар Афғонистони ошуфта тақвият мекунад. Дар айни ҳол, сармоягузорӣ дар бахши нафту газ ба далели ниёз ба кӯмак ба Толибон дар ивази ҳаққи тақаддуми истихроҷи литиум ва соир филизоти камёб аст.
Ин барои чӣ зарур аст?
Чанд ҳафта пеш, баррасии дақиқе аз вазъияти тавлиди микрочипҳову батариҳо ва филизоти лозим барои онҳо, ба вежа литиум анҷом дода будем.
Акнун ширкатҳои чинӣ ба таври фаъол манобеъи азимеро дар рушди ин соҳа на танҳо дар худи Чин, балки дар хориҷ аз кишвар низ сармоягузорӣ мекунанд.
Афғонистон дорои захоири азими ин филиз дар шарқу ғарбаш аст.
Толибон ҳамчунин аз захоири бузург дар вилояти Ғазнӣ хабар доданд, ки маҷмӯан аз захоири Боливия, яке аз пешгомони захоири литиум дар ҷаҳон, фаротар рафтааст.
Чашмандоз
Чиниҳо саъй мекунанд бо як чашмандози баландмуддат амал кунанд: акнун суди билқувва дар Афғонистон бисёр бештар аз шикасти эҳтимолӣ аст - навъе тактикаи “экспансияи хазанда" бо ақибмондагӣ барои чандин даҳа.
Муваффақият дар ин масир имкони контроли дигар захоири маодини мухталиф дар кишвар ва таҳаққуқи теорияи тарҳи деринаи “Ҷода абрешим” – и қадимиро аз тариқи даҳлези Вахон фароҳам мекунад.
Гузинаи сарватмандсозии Толибон ва тавсеаи иқтисод барои Русия ва кишварҳои фазои пас аз Шӯравӣ судманд аст. Сармоягузории проектҳои Толибон чашмандозеро барои беҳбуди зиндагӣ ва дар оянда суботи вазъият на танҳо дар Афғонистон, балки дар кулл минтақаро эҷод мекунад.
Аввал аз ҳама, ин ба маҳори рӯҳияи ифротии Толибон кӯмак мекунад, ки бештар ба далели набуди шароит барои як зиндагии одӣ буд. На хоки ҳосилхез, на пул, на чарогоҳ барои парвариши ҳайвоноти хонагӣ дар кишвар вуҷуд дошта ва дорад, бинобарин паштунҳо ба содагӣ чизе барои хӯрдан надоранд.
Ҷанг танҳо гузина барои бақо буд. Ин сармоягузорӣ ба Толибон ин имконро медиҳад, ки масири рушди мутафовитеро бидуни хунрезӣ ва равнақи қочоқи маводи мухаддир пайдо кунанд.
Дар айни ҳол, мавонеъи зиёде бар сари роҳи чунин тарҳе вуҷуд дорад: Афғонистон на зерсохт дорад ва на нерӯи ҳирфаии корӣ ва на фазои сармоягузорӣ. Вазъияти вахими инсонӣ, бекифоятии Толибон ва фаъолиятҳои террористӣ буҳронро амиқтар мекунад.
Илова бар ин, мо набояд нерӯҳои хориҷиро фаромӯш кунем. Хурӯҷи нерӯҳои НАТО дар воқеъ чизеро дар минтақа тағйир надод: Ғарби ҷамъӣ Афғонистонро тарк кард то дар канори Русия, Эрон, Чин ва Ҳинд таниши доимӣ эҷод кунад.
Иёлоти Муттаҳидаву муттаҳидонаш ва ҳамчунин Покистон, ки ба думболи онҳо амал мекунад, ба “деги бесуботӣ”-и ҳамеша ҷӯшон ниёз доранд, ки ҳарҷу марҷро дар кулли минтақа эҷод кунад. Ҳифз маснуъии дараҷаи таниши матлуб дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ ба шумо ин имконро медиҳад, ки ҳимояти худро бар ҷумҳуриҳои ҳамсоя таҳмил кунед, то Русияву Чинро таҳти фишор қарор диҳед.
Афғонистони серу пуру дар ҳоли рушд ва дар ҳамзамон ором барои ҳамсоягон судманд аст, аммо на барои "шарикони ғарбӣ". Таҳти нуфузи худ нигаҳ доштани Толибон як роҳи муассир барои пешбурди манофеъи онҳо дар минтақа аст. Барои англосаксонҳо, Толибон "сагҳои занҷирӣ" ҳастанд: онҳо ба вузӯҳ қасди аз даст додани онҳоро надоранд, зеро ба Чин, Русия ва Ҳинд иҷоза медиҳанд мавозеъи худро тақвият кунанд.