Хабари рӯз

Чӣ гуна ифротят биноиро аз чашмони ҷомеаи тоҷик рабудааст?

Нависанда: доктор Авлиё Ҷалолӣ, таҳлилгар

Дар чанд рӯзи пасин, филме аз фармондеҳ Ҷумъа, яке аз фармондеҳони Толибон, даст ба даст мешавад, ки ӯ дар ин филм башиддат таҳдид мекунад, ки бар душманони иморати паштунҳо, ҳатто агар падару бародараш бошанд, раҳм нахоҳад кард.

Ибтидо бад нест бидонем, ки Ҷумъа кист?

Ӯ мутаваллиди соли 1365 (1986) деҳкадаи Шохдара аз тавобеъи шаҳристони Нусайи Дарвозҳо ва аз падару модар тоҷиктабор аст.

Дар замони ҷумҳурият мағозаи кӯчаке дар дохили бозораки вулусволиии Нусай дошта ва гаҳ-гоҳе барои шодии мардуми маҳал дар маҳофилашон овоз мехондааст.

Дар байни иддаи мардуми маркази вулусволиии Нусай ва деҳкадаҳои 16-гонаи он аз гузаштаҳо як силсила назокатҳои маҳаллӣ вуҷуд дошта ва мардуми дохили вулусволӣ нисбати марказият ҳамеша хоҳони имтиёзи бештар будаанд, амре, ки ба коми мардуми соири деҳкадаҳо хушоянда набуда ва гаҳ-гоҳе аз ин бобат шокӣ будаанд.

Ҷумъа низ яке аз ҳамон рустоиҳои норозӣ ва бобати рафтори мардуми марказ шокӣ буда ва саранҷом тасмим мегирад беш аз ин зери бор наравад. Ин кори ӯ боиси даргирии физикиаш бо мудири амнияти шаҳристони Нусай ва дар поён латукӯб ва зиндонӣ мешавад.

Ӯ пас аз раҳоӣ тасмим мегирад ба Вардуҷ, маркази Толибон дар Бадахшон, назди Фасеҳуддин биравад ва пас аз муддате бо ҷамъи шаш тан ба рустояш боз мегардад ва ҷанги чирикиро бар алайҳи неруҳои давлатӣ оғоз мекунад.

Дар яке аз ҷангҳо бо кумондуҳои артиши миллӣ, ки аз пуштибонии ҳавоӣ бархурдор буданд, тавассути ҷангандаҳо мавриди ҳадаф қарор мегирад ва як дасташ аз ноҳияи шонаи китф мешиканад ва то ҳанӯз маъюбу камокон зери дармон аст.

Ӯ дар як юриши субҳгоҳӣ болои шаҳристони Моймай 30 тан аз ҷавонони дарвозиро, ба шумули момояш Ҷумҳуруддин, ки яке аз муҷоҳидони некном буд ва фарзанди ӯро пас аз асорат тирборон ва ба шаҳодат мерасонад, ки аз ин ҳодиса ба баъд аз ӯ ба унвони “қотили ҷавонони тоҷики дарвозӣ” дар дили ҳаводиси чиҳил соли пасини Бадахшон сабту ёд мегардад.

Ӯ пас аз рӯи кор омадани Толибон ба унвони омири панҷ шаҳристони марзии Дарвозҳо, ки бо Тоҷикистон марзи муштарак доранд, гумошта мешавад ва ба унвони вулусволи Нусай низ фаъолият менамояд.

Дар ин авохир ба унвони мудири мубориза бо мавод мухаддири Бадахшон гумошта шудааст.

Ҳол пурсиши аслӣ ин аст, ки чӣ гуна як ҷавони рустоӣ ва тиҳидаст, ки то панҷ соли пеш барои шодии дили мардуми маҳал овоз мехонд, имрӯз ба қавли худаш, ба бераҳмтарин ва сангдилтарин инсон табдил шудааст, ки ҳатто барои шодии дили сарони паштун ва исботи вафодориаш ба қабила аз тамоми хутути илоҳӣ, инсонӣ, ахлоқӣ ва ҷавонмардӣ нисбати ҳаммеҳанонаш убур мекунад? Зимни ин ки нек медонад, ҷанг дар ин сарзамин ҳеҷ гуна рабте ба ислому арзишҳои исломӣ надорад, балки як ҷанги комилан таборӣ ва қавмӣ аст.

Сӯҳбатҳои оқои Ҷумъа як масъаларо равшан месозад: ӯ ҳеҷ гуна маълумот ва огоҳӣ аз ислому арзишҳои исломи Муҳаммадӣ надорад.

Суҳбатҳои ӯ нишон медиҳад, ки ӯ ҳанӯз намедонад, чаро ҳазрати Абубакр, халифаи аввали мусулмонон интихоб шуд. Дар канори даҳҳо далели исломӣ, яке аз далоили интихоби ӯ “қурайшӣ” будани ӯ буд. Ин гуна нест, ки масоили қавмӣ ва қабилаӣ дар садри ислом матраҳ набуда бошад. Зимни ин ки Қуръони Карим ва паёмбари гиромии ислом танҳо тақворо омили бартарии мусулмонон медонад, аммо воқеиятҳои майдониро ҳам намешавад инкор кард.

Барои намуна, далели аслии ба шаҳодат расондани Имом Абуҳанифаи тоҷиктабор тавассути Мансур, халифаи Аббосӣ, фатвои таърихии ӯ буд.

 Имом замоне дид ҳокимони аъроб нисбати балад набудани арабӣ, порситаборонро зери ситаму шиканҷа қарор додаанд, ашк аз гунаҳояш ҷорӣ шуд ва билофосила фатвои таърихиашро, ки то ҳанӯз побарҷост, содир кард: ҳар касе арабӣ балад нест, намоз форсӣ бихонад, ҳеҷ гуна мушкили шаръӣ надорад.

Ин фатвои ӯ ҷони ҳазорон тан ҳамтаборонашро аз марги ҳатмӣ наҷот дод, аммо худаш зери хашми Мансур ба баҳонаи адами пазириши мансаби қозии хилофат зери шаллоқ дар зиндон ба шаҳодат расид.

Оқои Ҷумъа, як масъаларо ба хотир дошта бошад, ки ҳатто аз диди исломӣ низ наметавонад муҷоз ба куштани тоҷикон ҷиҳати шодии рӯҳу равони ҳокимият ва истеҳкоми иморати паштунҳо бошад.

Ба ривояти таърих, Ҳалокухони муғул 72 дарсад мардони Фарорудро қатли ом,  Абдурраҳмон 60 дарсад ҷомеаи ҳазораро қатли ом ва Темур аз сари мардум “калламанора” дуруст карда буд, аммо имрӯз мардуми ин ҷуғрофия ҳамчунон истодаанд ва бар рӯҳу равон ин ҷинояткорони таърих нафрин мефиристанд.

Лиҳозо, мутмаин бошед бо куштани тоҷикон, иморати паштунҳо истеҳком ва давом нахоҳад кард.

Ба қавли устод Халилуллоҳ Халилӣ:

Ман ба як захм аз по науфтам, эй хасм,

Гар буд умр бубинем ба майдони дигар.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!