Хабари рӯз

Як олими толиб даъво мекунад, ки Худованд ба Ҷалолуддин Ҳаққонӣ, падари Сироҷуддин Ҳаққонӣ ду гӯсфанд фиристодааст, дар ҳоле ки ба Ҳазрати Иброҳим (алайҳиссалом), меъмори Каъбаи Мушаррафа як гӯсфанд фиристода буд

Нависанда: Фарид Аҳмад

Абдулҳамид Ҳамосӣ, ки ба унвони “мутафаккир” ва “назарияпардоз”-и ҳукумати Толибон* шинохта мешавад, вақтҳои ахир ба як “чеҳраи хабарсоз” – и Толибон табдил ёфтааст. Боре ҳам вай иддао карда буд, ки исми Лугар (вилояти Лугар) дар Қуръони маҷид зикр шудааст.

Аммо даъвои навбатиашро мешавад “даъвои ҳама даъвоҳо” унвон кард. Ин дафъа вай пойи Ҷалолуддин Ҳаққонӣ, асосгузори Шабакаи Ҳаққонӣ ва падари Сироҷуддин Ҳаққонӣ, вазири корҳои дохилӣ ва раҳбари имрӯзи Шабакаи Ҳаққонии Толибонро ба майдони музахрафоти хеш мекашад.

Вай мегӯяд:

“Ҳаққонӣ Соҳиб мегӯяд, ки сари намоз будам ва бо худ гуфтам, Худоё, имрӯз ба муҷоҳидин чӣ ғизое бидиҳам. Дари чӣ касеро бизанам? Дар ин фикр будам, ки аз осмон садо омад, ки ҳой, Ҷалолуддин Ҳаққонӣ, бирав дар фалон ҷо, чизе гузошта шуда ва барои муҷоҳидин биовар. (Ҷалолуддин Ҳаққонӣ) гуфт, ман ҳам рафтам ба он ҷо дидам ду гӯсфанд ҳалол шудааст. Пӯстҳояш ҳам кашида шуда! Қасам ба Худо, ки дар он минтақа рӯи барф ҳеҷ ҷои пои инсон набуд”.

Вақте ки Ҳамосӣ суҳбат мекунад, ҳуззор ду гуна вокуниш нишон медиҳанд: иддае ба оҳу нолаву афғону гиря меафтанд, ки зоҳиран таҳти таъсир ва ҳақиқати ин қисса рафтаанд. Иддае ҳам бо ҳайрат ӯро гӯш мекунанд ва чизе намегӯянд.

Аммо ин ду вокуниш ду тоифаи толибро муаррифӣ мекунад. Якеро, ки ҳамоно дар асри сардаргумиву қадим зиндагӣ мекунад ва зоҳиран ҳоло сарнавишти Афғонистонро ба даст гирифтааст ва дигареро, ки аслан аз ҳарфу кори гуруҳи аввал сар дар намеоварад. Уламое аз қабили Ҳамосӣ ҳанӯз бовар доранд, ки мардум ба онҳо бовар мекунад, бахусус, бо чунин музахрафот ё намунаи барҷастае аз аз ҷунуни нотамоми эшон.

Аммо ҷолиб ин аст, ки бо чунин қиссаҳои бофтаву хаёлӣ онҳо мехоҳанд чӣ бигӯянд?

Зоҳиран, агар Ҷалолуддин Ҳаққонӣ як инсони заминӣ буд ва гаҳворааш аз ҳаво наомада, мисли ҳар инсон агар дар вақти намоз таодули фикриву равонии худро ҳам ҳифз мекард, Худованд бо ӯ вориди суҳбат намешуд. Ҳадди ақал намешавад ба ҳангоми намоз аз Худованд хост, ки барои ҷангиён ғизо фиристад.

Аммо кӣ ба ин ҳарфҳо бовар мекунад, ки Ҳаққонӣ боре бидуни ғизо монда, ё дар майдони ҷанг, ҷоҳое буда, ки он ҷоҳо чизе барои хӯрдан дастрас набуда? Шахсе, ки як умр дар дарёи кӯмакҳои ҳангуфти амрикоиву арабӣ зиндагӣ чӣ, ки шино мекард ва кораш ба ҷуз иҷрои дастуроти истихбороти хориҷӣ набуд, то куҷо метавонист қобили қабули Худованд бошад? Меросеро ҳам ки ба мардуми бечораи Афғонистон ба ҷо гузошт, ҳамин Шабакаи Ҳаққонист*, ки 30 сол ба ин сӯ ба ҷуз қатлу куштору одамкушӣ чизе самар надод ва ҳоло ҳам бузургтарин мушкили Афғонистони мазлум ҳамин Шабакаи Ҳаққонӣ бо ин “муттафаккир” – у “назарияпардоз” – онаш аст, ки кишварро дигарбора ба зулмоти асримиёнагӣ мекашанд.

Мӯсо Зафари хуштабъ чӣ дуруст фармуда, ки Ҳамосӣ мақоми Ҷалолуддин Ҳаққонӣ болотар аз ҳазрати Иброҳим (а) гузоштааст, чун Худованд ба Иброҳим як гӯсфанд дода буд, он ҳам зиндаву бо пӯсту ишкамба ва рӯда, аммо ба Ҳаққонӣ ду гӯсфанд дода, он ҳам ҳарду сарбурида, ҳалол ва ҳатто пӯстканда, то ҳаққониҳо дар хӯрдани он азияте накашанд.

Ҳамосӣ огоҳона ё ноогоҳона ин даъворо дорад, ки мартабаи Ҳаққонӣ пеши Худованд аз ҳазрати Иброҳим (а), меъмори Каъбаи Мушаррафа ва падаркалони паёмбарони Худо баланд аст. Аз сӯи дигар, “ло набия баъдӣ”, Худованд садҳо сол ба ин сӯ ҳеҷ ваҳйе барои инсонҳо нафиристода ва аҷаб аст, ки дар ин миён бо Ҳаққонӣ ҳарф задаасту Афғонистон бехабар, ки як паёмбар ҳам набошад, “авлиё” – асосгузори шабакаи хатарноктаринро нашинохтааст.

Ҳамосӣ Ҳаққониро интихоби Худо муаррифӣ мекунад ва ин ҳам беҳуда нест, ки писараш худро халифа мехонад, ҷонишини паёмбар ва пешвои уммати ислом. Ҳамаи даъво ҳамин аст. Оё паём ҳам ҳамин нест, ки ӯ даъвои як хилофатро дорад? Пас маълум бояд шавад, ки ин хилофатро бо ДОИШ* хоҳад сохт, Ал-қоида* ё Толибон, созмонҳое, ки ҳоло комилан таҳти амрашанд?

Агар чунин нест, пас ҳамоно Абдулҳамид Ҳамосиро ё ҷин задааст, ё Худо.

* Ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид аст


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!