Хабари рӯз

Чаро Толибон Амрикоро бар Эрон тарҷеҳ медиҳанд?

Нависанда: Рустам Рушангар, таҳлилгар, махсус барои “Сангар”

Дар мурури хабарҳо ба ду хабар бархӯрдам, ки бароям ҷолибу таассуфбор ва ниёзманди таҳлилу табсира буд.

Хабари аввалӣ ин буд, ки Ҳусайн Козимии Қумӣ, намояндаи вижаи Эрон барои Афғонистон, аз рӯйкарди гурӯҳи террористии Толибон дар пазириши кӯмакҳо ба селобзадагон интиқод карда ва гуфта, ки замони тилоӣ барои кӯмакрасонӣ аз даст меравад ва Толибон вақтро дар ройзаниву ҳамоҳангӣ талаф мекунанд. Ӯ гуфта, ки дар зилзилаи Ҳирот низ вазъият ҳамин гуна буд ва фурсати кӯмакрасонӣ қурбонии ҳамоҳангӣ ва ройзанӣ шуд.

Хабари дувумӣ ин буд, ки як мақоми Толибон (, ки ҳамин лаҳза исму мавқифаш фаромӯшам шуд) дар дидор бо як мақоми СММ гуфта, ки мо намехоҳем мардуми Афғонистон вобаста ба кӯмакҳои хориҷӣ бошанд. Яъне ӯ дасти рад ба синаи ниҳодҳои байналмилалии имдодрсон зада бо ин тавҷеҳ, ки дарёфти ин кӯмакҳо боис хоҳад шуд, ки мардум ба кӯмаки хориҷӣ вобаста бимонанд.

Ин дар ҳоле аст, ки ниҳодҳои мухталифи имдодрасони хориҷӣ, аз ҷумла СММ борҳо дар як соли ахир аз вахим шудани буҳрону фоҷиам башарӣ дар Афғонистон ҳушдор дода ва гуфтаанд, ки беш аз бист миллион нафар дар Афғонистон ба кӯмакҳои оҷил ниёз доранд ва дар фақру фалокат ба сар мебаранд.

Табсира:

1 - Ҳарду хабар аз ин зовия шабеҳи ҳаманд, ки нишон медиҳанд Толибон парвои дарду ранҷи мардумро надоранд ва фақат ба фикри таҳмилу таҳаққуқи идаоҳо ва афкори аҳмақонаи худ дар бораи низомдорӣ ва мардумдорианд. Ба истилоҳ, "дунёро об бигирад, мурғобиро то зонуяш", дунё меояд, ки мо мехоҳем ба миллионҳо гуруснаи Афғонистон кӯмак кунем, Толибони шикамгунда, ки худ чашмаҳои оидотии зиёдеро дар ихтиёр доранд ва худашон ба нону наво расидаанд, бо такаббуру тафарруъ ба онон мегӯянд, ки бехаёл бошед, коратон набошад, мо медонем ва мардуми мо!  Мардуме, ки Толибон дар ҳеҷ дарду ғами онон худро шарик намедонанд ва балки ақида доранд, ки ин мардум ба хотири ризоият додан ба низоми, ба истилоҳ, куфрӣ ва амрикоӣ шарики ҷурму таҷовузанд ва сазовори саркӯб, сарзаниш, таъзиб, таҳзиб ва таъдиб!

2 - Интиқоди намояндаи вижаи Эрон нишон медиҳад, ки байни Толибону Эрон равобит он гуна, ки дар зоҳир вонамуд мекунанд, нест. Нишон медиҳад, ки Толибон ба Эрон иҷоза намедиҳанд, ки бо дасти бозтар дар Афғонистон кор кунад. Нишон медиҳад, ки Толибон ҳатто дар ҳолоти изтирор, ки бояд бечунучаро кӯмаки ҳар касро бипазиранд, аммо дар пазириши кӯмаки Эрон шакку тардид доранд ва тасаввурашон ин аст, ки Эрон таҳти номи кӯмак ба осебдидагон, корҳои сиёсӣ ва хилофи майли Толибонро анҷом хоҳад дод. Ин авҷи беэътимодӣ ва тирагии равобитро нишон медиҳад. Марсум аст, ки дар ҳолоти изтирор, давлатҳо ҳатто кӯмаки душманонро мепазиранд.

Ин дар ҳолест, ки талафоти селобҳо ба шиддат зиёду бесобиқа аст ва як фоҷиаи бузурге рух додааст. Ҳазорон нафар кушта, захмӣ, мафқуд ва бехонумон шуда ва ниёз аст, ки ба сатҳи васеъ амалиёти имдодрасонии миллӣ, минтақаӣ ва ҷаҳонӣ сурат гирад. Идораҳои мубориза бо ҳаводис башиддат зарфияташон дар имдодрасонӣ поин омадааст. Толибон масруфи пинҳонкорӣ аст ва иродае ба кӯмакрасонӣ надорад ва кӯмакҳои беруниро ҳам намепазирад. Азбас вазъият хароб аст, мардум аз манотиқи ҳамҷавор бо пойи пиёда, борӣ дар пушт ва дар талош барои кӯмак ба селзадагонанд.

3 - Радди пазириши кӯмаки Эрон дар як ҳолати изтирор ба ин маъност, ки кӯшишҳои якҷонибаи тарафдорони Толибон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон барои таъмини равобити пойдор бо Толибон натоиҷи мутаваққеъаро дар қибол надоштааст. Ин барои оқои Қумӣ, ки шояд ягона мудофеъ ва мубаллиғи сарсахти равобити дӯстона бо Толибон аст, як шикасти фоҳиши дипломатӣ талаққӣ мешавад, ки интиқоди тундаш метавонад нишонаи хашму сархӯрдагии ӯ аз талошҳои бесамараш дар ин росто таъбир шавад. Оқои Қумӣ ҳамеша дар миёни мавҷе аз интиқодҳое, ки аз чигунагии равобити Эрону Толибон ҳар чанд гоҳе сар баланд мекунад, худро партоб намуда, яктана аз ин равобит дифоъ мекунад ва ваъда медиҳад, ки сабур бошед, дар оянда ҳама чиз хуб хоҳад шуд. Интиқоди ахири ӯ аз Толибон метавонад табари мухолифонашро даста кунад.

 Бояд гуфт, ки гурӯҳи дипломатии собиқаи Эрон дар Кобул, бавижа, оқои Зуҳраванд пайваста ҳушдор додаанд, ки равобити Эрон бо Толибон як масири иштибоҳро тай мекунад ва ниёзманди бознигарии ҷиддӣ аст. Ба эҳтимоли зиёд, оқои Қумӣ ба далели равобити тиҷорие (бавижа, дар фурӯши нафту газ ба Афғонистон), ки таҳти назари ӯ бо бахшҳое аз Толибон барқарор аст, талош мекунад ҳама чизро хуб ҷилва диҳад. Амре, ки бархе мавқеъ ба бунбаст мехӯрад.

4 - Шакку тардиди Толибон дар нияти хайри Эрон ҳатто дар ҳолати изтирор ва амалиёти имдодрасонӣ гӯёи ин воқеият аст, ки нуфузи кишварҳои ғарбӣ ва зидди Эрон дар миёни Толибон қавӣ аст ва ин амр талошҳои Эрон барои наздикиро ҳадар медиҳад.

Албатта, як маънои рафтори инчунинии Толибон ин аст, ки ин гурӯҳ сиёсати эъломношудаеро думбол мекунад, ки метавон онро ин гуна хулоса кард: аз ҳама бигир, ба ҳеҷ кас эътимод накун, кори худро анҷом бидеҳ ва парвои ҳеҷ касро надошта бош. Ин сиёсат бар пояи беэътимодӣ ба ҳама устувор шудааст. Дар ин нигоҳ Толибон ба ятимбачае мемонад, ки дар кӯдакӣ аз ҳама зарба хӯрда ва эътимодашро ба ҳама аз даст додааст ва ҳоло фикр мекунад, ки ба булуғ расида ва фурсати интиқому уқдагушоӣ аст. Аммо гумонаи аввалӣ, ки ҳамон нуфузи истихбороти ғарбӣ дар миёни Толибон аст ва ин боис мешавад, ки ин гурӯҳ натавонад бо кишварҳои минтақа робитаи таърифшудаи пойдор барқарор кунад, мӯҳтамалтар аст.

5 - Воқеият ин аст, ки Толибон як гурӯҳи башиддат мутаноқиз аст. Нерӯҳои мухталиф дар даруни ин гурӯҳ вуҷуд дорад, ки ҳар кадом дар ҷиҳати хосе кор мекунад ва бо кишварҳои мухталифе дар тамосанд. Кишварҳои зидахл дар Афғонистон ҳама нуфузи худро дар байни ин гурӯҳ доранд ва рақобати худро ба василаи инҳо пеш мебаранд. Амрико нуфузиҳои худро дорад, Англис аз худро, Эрон аз худро, Покистон аз худро ва... фақат дар бархе аз мавқеъ аст, ки равшан мешавад нуфузи кадом кишвар қавӣ ва қудратманд аст.

Ба назар мерасад, ки Эрон камтолеътарин аст ва мурғҳои ҷангии Эрон дар байни Толибон чандон заданӣ нестанд ва баръакси долларҳои Амрико боиси тақвияти баёнияҳои мурғҳои ҷангии Амрико мешавад ва дар бизангоҳҳои муҳим, нуфузиҳои Амрико майдондори аслӣ ҳастанд ва дигаронро хашмгину сархӯрда месозанд.

Эрон ғолибан дар наздикӣ бо Толибон бар муштаракоти диниву таърихӣ ва идеологӣ такя мекунад, дар ҳоле, ки Толибон аз ин чизҳо сар дарнамеоранд. Онон муште аз талабаҳои бесаводу фоқиди арзишҳои маънавӣ ва мутолеа ҳастанд, ки фақат пулу қудратро мешиносанд. Онон худро мисли як руспӣ ба фурӯш гузоштаанд ва ошиқи мӯю рӯйи ҳеҷ марде нестанд ва фақат ҳар кӣ пули бештар бидиҳад, бештар ба ҳамон дилрабоӣ мекунанд. Бастаҳои долларии Амрико барои Толибон хеле маҳбуб аст, то қиссаи шабоҳатҳои зоҳирии диниву ақидатӣ, ки бисёриҳо ба ғалат Толибонро ҳовӣ ва ҳомили он медонанд.


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!