Хабари рӯз

Чаро Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Толибон ошиқона рафтор мекунад?!

Манбаъ: рӯзномаи «Ҷумҳурии исломӣ”, чопи Теҳрон.

Ҳафтаи гузашта тайи инфиҷоре дар яке аз масоҷиди шиаёни устони Ҳироти Афғонистон 7 нафар аз намозгузорон, аз ҷумла як зану кӯдак, ба шаҳодат расиданд. Хабари ин ҷиноят тавассути расонаҳои давлатӣ ва расмии кишварамон бидуни он ки ҳассосияте нисбат ба он нишон дода шавад, мунташир шуд ва масъулон низ аз канори он гузаштанд.

 Ин равиш, мутаассифона, дар заминаи ба шаҳодат расидани мардуми бегуноҳи Афғонистон дар давраи ҷадиди султаи гурӯҳи террористӣ-такфирии Толибон ба як рӯъё табдил шуда ва ба назар мерасад дар қолаби як қарордоди нонавишта биност. Масъулони мо дар баробари мусулмонкушӣ дар Афғонистон сукут мекунанд. Бар асоси ҳамин қарордоди нонавишта аст, ки ба сурати мутановиби афроду ҷамъҳое аз мухолифони султаи Толибон ҳам суннӣ ва ҳам шиа ба ашколи мухталиф тавассути аносире, ки дар зоҳир мушаххас нест, кистанд, ҷони худро аз даст медиҳанд ва ин ҷиноёт, ки равшан аст кори Толибон аст, дар миёни сукути мармуз ва ҳисобшуда ба фаромӯшӣ супурда мешаванд.

Дар бораи ин вақоеаи ҳавлнок, нукоти қобили тааммуле вуҷуд доранд, ки лозим аст мавриди таваҷҷуҳ қарор гиранд. Тааммули масъулини аршади низоми ҷумҳурии исломӣ дар ин нукот метавонад монеи вуқӯи ҳаводисе шавад, ки ояндаи кишварамонро таҳдид мекунанд;

1 - Тақрибан ҳар ҳафта як ҳодиса террористӣ дар Афғонистон рух медиҳад, ки дар асари он чандин нафар ҷони худро аз даст медиҳанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки қурбониёни ин ҷиноёт маъмулан аз миёни аҳолии устони Ҳирот ва манотиқи ҳазораҷоту шиаён ва ҳамин тавр норозиёни аҳли суннату мухолифини султаи Толибон ҳастанд, комилан равшан аст, ки гурӯҳи Толибон дар садади поксозии қавмӣ, тасфияи мазҳабӣ ва решакан сохтани мухолифини худ баромада ва ин тасмимро бо қотеъият иҷро мекунад. Ин ҷиноят, бо тамоми мавозини исломӣ, инсонӣ ва байналмилалӣ дар таззод аст ва сарони Толибон бояд ба хотири он муҳокимаву муҷозот шаванд.

2 - Бар хилофи иддаои ҳокимияти худхонда, Толибон бо ДОИШ тақсими кор кардаанд ва барои инки ҷиноёт ба номи ҳокимият сабт нашавад ва ба ваҷҳаи байналмилалии он латма назанад, онҳоро ба гардани ДОИШ меандозанд. ДОИШ низ онҳоро ба гардан мегирад. Ин воқеиятро тамоми гурӯҳҳои ҷиҳодии Афғонистон борҳо эълом кардаанд ва равшантарин далели сиҳати он ин аст, ки ҳукумати худхондаи Толибон ҳаргиз ҳеҷ касро ба унвони омили ин ҷиноёт муаррифӣ ва муҷозот намекунанд.

Расвоии бузург ва ҷадиде, ки гиребонгири Толибон шуда ин аст, ки Амирхон Муттақӣ, вазири хориҷаи ин гурӯҳи террористӣ ҳафтаи гузашта муддаӣ шуд, ки усулан ДОИШ дар Афғонистон ҳузур надорад ва дар ҳамон ҳол ҳукумати худхондаи Толибон ҷиноятҳои дохили Афғонистонро ба гардани ДОИШ меандозад!

3 - Ҳукумати худхондаи Толибон иддао мекунад Афғонистон дар амнияти комил қарор дорад ва ин иддаоро дар буқу карнай мекунад ва аз имтиёзоти худ медонад. Вале бар хилофи ин иддао мураттабан ахбори инфиҷору террор аз нуқоти мухталифи ин кишвар ба гӯш мерасад. Шӯрои амнияти Созмони милал низ дар гузориши худ аз вазъияти феълии Афғонистони таҳти султаи Толибон эълом кард, 20 гурӯҳи террористӣ дар ин кишвар ҳузур доранд, ба тавре ки онро ба конуни терроризми минтақа табдил кардаанд. Тааммулбарангезтарин воқеият ин аст, ки гурӯҳи Толибон имконотро барои ҳузури ин гурӯҳҳои террористӣ фароҳам сохта ва онҳоро барои барномаҳои ояндаи худ дар минтақа омода мекунад.

4 - Чаҳорумин нукта ба Эрон марбут аст, ки чанд саволи муҳиммро дар худ дорад;

 а) Агар вазифаи низоми ҷумҳурии исломӣ ин аст, ки дар баробари куштори мусулмонон сокит набошад, камо ин ки ба ин вазифаи исломӣ ба дурустӣ дар мавриди Фаластин ва ҷиноёти саҳюнистҳо амал мекунад, чаро дар қиболи куштори мардуми мусулмони Афғонистон чунин эҳсоси масъулияте надорад?

б) Миёни гурӯҳи террористӣ-такфирии Толибон, ки ҳатто Шӯрои амнияти СММ низ Афғонистони таҳти султаи онро як конуни хатар барои минтақа медонад, чӣ фарқе бо режими саҳюнистӣ вуҷуд дорад, ки масъулини мо мӯътақид ба мудоро бо ин гурӯҳи террористӣ ҳастанд?

в) Чаро Толибон, ДОИШ, Алқоида ва соири гурӯҳҳои террористии такфирӣ аз ибтидои таъсисашон то кунун ҳатто як гулӯла ба сӯи режими саҳюнистӣ шиллик накардаанд ва чаро бо ин ки дар вобаста будани Толибон ба саҳюнизми байналмилалӣ тардиде вуҷуд надорад, Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ин гурӯҳ нарди ишқ мебозад?

5 - Мардуми Эрон муддатҳост, ки хатари нуфузи аносири вобаста ба Толибонро дар нуқоти мухталифи Эрон эҳсос мекунанд. Ин эҳсоси хатар то кунун ба ашколи мухталиф аз тариқи расонаҳо ва афроди соҳибназар ба масъулин гӯшзад шуда ва ҳатто дар мавориди зиёде иртикоби ҷиноят дар Эрон тавассути нуфузиҳои Толибон ба исбот расидааст, бо ин ҳол маълум нест чаро масъулон ҳозир нестанд ба Толибони аз гул нозуктар бигӯянд ва ин ба як муаммо табдил шудааст. Акнун савол муҳимм ин аст, ки билохира муаммои Толибон чӣ вақт ҳал хоҳад шуд?


Таърих

Видео

Хабарҳои пурхонанда

Дар 15 августи 2021 “Толибон” дар Афғонистон ба қудрат расиданд ва “Бозии Бузурги Ҷадид” дар Осиёи Марказӣ оғоз шуд. Режими “Толибон” дасти созмонҳои террористии минтақа ва ҷаҳонро ба ҳадафи барандозии низомҳои демократӣ ва давлатҳои миллӣ дар Осиёи Марказӣ боз карда ва барои фаъолиятҳои онон бистари мусоид эҷод кардааст. “Сангар” як сангар ва минбари иттилоотии Афғонистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба хотири дифоъ аз озодӣ, истиқлол, адолат, маданият, каромати инсонӣ, эътиқодоти динӣ ва амнияти минтақа барои рӯзноманигорон, донишварзон ва равшанфикрон аст.

БО МО БОШЕД!